Мақолаҳо
Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср
Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Терроризм ва экстремизм ифодаи амали тундагароӣ буда, экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне, зери таъсири андешаи дурӯғи аз доираи таълимоти динӣ берун, дар ниҳоди шахс ҳиссиёти экстремистӣ тарбия меёбад. Барои экстремист ягон муқаддасот - Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи терроризм ва экстремизм зикр намудаанд: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон, ки рӯзи 22.12.2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, доир ба масъалаи терроризм ва экстремизм чунин изҳори андеша намуданд:
“Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.
Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст”.
Бино ба маълумоти охир, бузургтарин дар таърихи Миср ҳамлаи террористӣ дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ ба масҷиди Ар-Роуди нимҷазираи Сино, ки ҷони 309 нафар, аз ҷумла 27 нафар кӯдак ва пиронсолро аз байн бурд, мебошад. Дар ин ҳамла тақрибан 130 нафар маҷруҳ гардиданд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Миср, шумораи террористон 30-35 нафарро ташкил медод, ки бо 5 мошин ба назди бинои масҷид омада, онро пеш аз ҳамла иҳота кардаанд.
Ҳоло бояд баррасӣ кард, ки чӣ омилҳое боиси хушунат ва ифротгароӣ дар ҷаҳон мешаванд?
Хулосаи матлаб, сохтани ҷомеаи солим, аз оилаи солим сарчашма мегирад. Барои сохтани оилаи солим ба мо зарур аст, ки дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии хонаводагӣ, аввалан худамонро бисозем ва дар хонавода масъулиятшинос бошем. Дар таълиму тарбияи хонаводагӣ ба мо зарур аст, ки аз оила шурӯъ карда, фарзандонро ҳам дар муҳит, ҳам дар ҷомеа ва мактаб зери назар дошта бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллӣ ва худшиносию ватандӯстиашонро бедор кунем ва бо мактаб дар иртибот бошем. Падару модарон, масъулони таълиму тарбия барои аз мактаб намондани фарзандон бояд саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии фарзандон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшем ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоем.
А. Аминзода, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ