Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Таҳлили самтҳои муҳимми сиёсати молиявӣ дар Паём

Имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд ва гуфтан мумкин аст, ки қариб 70 фоизи он ба ин масъала бахшида шуд. Президенти кишвар ба он масъалаҳое таваҷҷуҳ карданд, ки пиёда сохтани он барои пешрафти иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар мавриди истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ таъкид сохтанд, ки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо зарурати тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда пеш меояд. 
Барои ин Пешвои миллат дастур доданд, ки дар ин раванд ба усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд эътибори ҷиддӣ дода, маблағгузории барномавӣ минбаъд аз рӯи натиҷа ва самаранокии он татбиқ карда шавад. 
Мақсади ислоҳоти идоракунии молияи давлатиро, ки феълан амалӣ гардида истодааст, барои истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорат ва таъмини шаффофияти хароҷоти он арзёбӣ намуданд, Президенти кишвар. 
Бояд гуфт, ки мақсади ислоҳоти бахши молия дар натиҷаи такмили идоракунии молияи давлатӣ, механизми банақшагирӣ ва иҷрои буҷет, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва таъмини самараноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба амал меояд. 
Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст ва дар тӯли солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд ва нисбати соҳаҳои иҷтимоӣ бошад, дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст,- таъкид сохтанд Пешвои миллат дар Паём. 
Яке аз самтҳои баамалбарории сиёсати муосири молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин такмил додани баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ мебошад, ки аз қабул ва татбиқ намудани як қатор стандартҳо ва амалияҳои мушаххас вобастагӣ дорад. Такмилдиҳии низоми баҳисобгирии муҳосибии бахши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018 ҳамчун яке аз унсурҳои асосии ислоҳоти молияи давлатӣ қайд гардидааст. 
Сиёсати молиявӣ қисми ҷудонашавандаи сиёсати иқтисодӣ буда, фаъолияти давлат оид ба истифодабарии муносибатҳои молиявӣ барои ноил гаштан ба мақсаду вазифаҳои гузошташуда мебошад. Дар таҳияи сиёсати молиявии давлат ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ иштирок мекунанд. 
Яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати муосири молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки захираҳои молиявии давлат дар сатҳҳо ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ мебошад. Барои ҳалли вазифаи мазкур сохтори идоракунии давлатӣ, раванди буҷетӣ, шаклу усулҳои назорати давлатии молиявӣ бо роҳи гузаронидани ислоҳот такмил дода мешаванд. 
Вобаста ба ин тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд, - қайд намуданд Пешвои миллат. 
Бояд тазаккур дод, ки дар Паём Президенти кишвар ба соҳибкорони истеҳсолӣ як қатор сабукиҳо доданд, ки барои пешбурди ин соҳа мусоидат хоҳанд кард. Аз ҷумла, бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шуд. Албатта, ин барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Аз давраи соҳибистиқлолӣ ин дафъаи сеюм аст, ки ба соҳибкории инфиродӣ мораторий эълон карда мешавад. Аз таҳлили натиҷаи солҳои қаблӣ, ки моратория эълон гардида буд, бармеояд, ки кам кардани санҷишҳои беасос барои дилгармии соҳибкорон ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва тавсеаи истеҳсолот замина мегузорад. Барои ҷалби сармоягузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Зеро сармоягузорон низ барои ҷолибияти сармоягузорӣ дар кишвар ҳавасманданд. 
Ҷои баҳс ҳам нест, ки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати муосири молиявии давлат ин беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ мебошад, ки дар солҳои охир дар ин ҷода натиҷаҳои назаррасро мушоҳида кардан мумкин аст. 
Доир ба ин масъала Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки тайи ду соли охир ба иқтисоди миллӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона ва аз худ карда шудааст, ки 6 миллиард сомонии онро маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо фаъол гардонидани таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузориро лозим донистанд, ки пешниҳоди басо саривақтист. Яъне, вобаста ба хусусияти маҳал ҷиҳати рушди инфрасохтори гуногун (сайёҳӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ) лоиҳаҳои сармоягузориро татбиқ намудан лозим аст, ки, бешак, барои рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат хоҳад кард. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишвар афзоиш ёфта, ба некуаҳволии мардум таъсири мусбӣ мерасонад. 
Умуман, Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ як дастури мукаммалест барои пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва махсусан иқтисодиёт, ки пешбаранда ва нишондиҳандаи рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, тараққиёти дигар соҳаҳо аз он вобаста аст. 


Баҳодур Шарбатов, н.и.и., и.в. мудири кафедраи молия ва муомилоти пулии ДМИТ