Мақолаҳо
Паём – сарчашмаи имкониятҳо ва пешравиҳо
Мардуми тоҷик ба шарофати заҳмати софдилонаи худ дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки ҳамаи ин корҳо ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатдорӣ анҷом меёбанд, зеро озодиву истиқлолият дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, тамоми саъю талоши мардум ба он равона шудааст, ки ин неъмати бузурги миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намояд.
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва роҳнишондиҳандаи фардои мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки он ҳам дар навбати худ аз халқи пуршарафи тоҷик масъулияти баланд ва суботкориро талаб менамояд.
Аз рӯи нишондоди Паёми Пешвои миллат ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсола ба татбиқи ташаббуси нави глобалии Пешвои миллат – Даҳсолаи байналмилалии амал – «Об барои рушди устувор 2018-2028» расман оғоз мегардад. Ин иқдом аз тарафи мардуми ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст ва вобаста ба он дар тамоми кишварҳо, аз он ҷумла дар Тоҷикистон чораҳои муҳим барои амалӣ гардонидани он ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин сиёсати зина ба зина баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетии кишвар низ дар Паёми имсола оварда шудааст. Нишон дода шудааст, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла музди меҳнати мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 15% зиёд карда шаванд. Ин дастур нишон медиҳад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ нисбати ҳолати иҷтимоии аҳолӣ бетараф нест.
Махсусан, мувофиқи он ки имсол ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қабул шудааст, ба мардуми кишвар имконият медиҳад, ки дар баробари зинда намудани фарҳанги ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, инчунин буҷети молиявии оилавии худро низ такомул диҳанд. Зеро барои анҷоми ин корҳо Президенти кишвар имкониятҳоро фароҳам оварда, ба соҳибкорон ва ҳунармандон қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ пешниҳод намудааст.
Ҳамчунин Пешвои миллат қайд карданд, ки раванди ҷаҳонишавӣ омода намудани кадрҳоро мураккаб мегардонад, бинобар ҳамин ҳам чунин пешниҳод намуданд: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри ХХ1 табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта ҳоҳад шуд, торафт меафзояд».
Ин талабот қишри бомаърифати ҷомеа - омӯзгоронро водор менамояд, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисоси ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ масъул бошанд.
Қутбия Ҳомидова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ