Мақолаҳо
Терроризму экстремизм - вабои аср
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад.
Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ терроризм ва экстремизмро чунин маҳкум кардаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки инро Президенти кишвар дар суханронии худ чунин қайд намудаанд: «Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар имрӯзҳо аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири суиистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Терроризми имрӯза бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм – терроризми динӣ ба шумор меравад.
Герберт Спенсер, файласуф ва ҷомеашиноси англис дар рисолаи тарбиявии худ чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умқи ҳақиқат нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом суиистифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезаву тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръони карим, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ таъкид ва фармудааст: «Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ».
Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омӯзиш қарор гиранд. Бидуни омӯзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.
Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳонаву амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуданд. Сардори давлат, ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифрот¬гароиро вазифаи дараҷаи аввал номиданд.
Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.
Ҷаъфар Қодиров, эдвайзер оид ба таълими факултети ҳисобдорӣ ва омор