Мақолаҳо
Масъалаҳои маориф дар Паём
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел, тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият низ тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд.
Маҳз натиҷаи ҳамин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва илм буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин суханони воло зикр гардиданд: “Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 16 фоиз афзоиш ёфтааст. Соли сипаригашта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд”. Инчунин дар Паём Пешвои миллат бо қаноатмандӣ аз натиҷаи фаъолияти маорифчиёни мамлакат арз доштанд, ки тибқи назарсанҷии анҷомдодаи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст ва аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.
Албатта, ин нишондиҳандаҳо, аз як тараф, натиҷаи ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва илм бошад, аз сӯи дигар, содиқона фаъолият кардани маорифчиёни мамлакатро собит менамояд.
Бо такя ба ин гуфтаҳо мавриди зикр аст, ки дар ин дастовард ҳиссаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ назаррас буда, боиси ифтихор ва шарафмандии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин муассиса аст. Аз рӯи натиҷаи рейтинги миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли сипаришуда баргузоргашта Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба қатори 4 муассисаи олии беҳтарин шомил гашта, миёни донишкадаҳои мамлакат мақоми аввалро соҳиб шуд (ин ҷо лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба комёбиву дастовардҳои мазкур дар ояндаи наздик ба донишгоҳ табдил додани муассисаи мо дар назар аст).
Вобаста ба он ки қисми асосию фаъоли муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, бахусус макотиби олии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар пайвастагӣ ба ин раванд бахши ҷавонон низ ба соҳаи маориф сахт марбут аст. Дар Паёми пешин бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда буданд. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозида, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Сарвари давлат ҳамчунин таъқид карданд, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти роҳбарияти давлат хоҳад буд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ дар Паём дарҷ гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар қатори дигар соҳаҳо зиёдшавии музди меҳнати кормандони илму маориф ва стипендияи донишҷӯён низ 15 фоиз дар назар дошта шудааст. Аз ин нуктаи Паём бармеояд, ки дар соли равон низ соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор хоҳад гирифт.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Донишҷӯён бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд. Онҳо бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худашон аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд.
Фотеҳ Расулов, Миҷгона Холинова, Абдураҳмони Баҳром, омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ