Мақолаҳо
Паём - раҳнамои имрӯзу ояндаи миллат
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22-юми декабри соли сипаришуда ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, аз ҷониби омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар бо ифтихори бузурги соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва ҷонибдории комил аз сиёсати хирадгароёнаву илман асосноки дохиливу хориҷии роҳбарияти давлат пазируфта шуд.
Паём мавзӯъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат дурустии роҳи интихобкардаи мамлакатро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллӣ дар асоси таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюли муносибатҳои байналмилалӣ таъкид намуда, афзуданд: «Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дода, доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшид ва барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард».
Иловатан, мақоми муҳим доштани баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай низ аз масъалаҳои марбут ба аҳамияти байналмилалии Паёми Пешвои миллат маҳсуб меёфт.
Дар воқеъ, шароити мушкилоти норасоии об ба яке аз масоили умдаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 1,2 миллиард инсон дар шароити норасоии доимии об қарор дошта, тақрибан 2 миллиард нафар мунтазам аз беобӣ азият мекашанд.
Дар самти рушди минбаъдаи иқтисодӣ Пешвои миллат сафарбар кардани «ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун» таъкид дошта, амалӣ ва муҳайё гардидани заминаҳои мусоид ва стратегияву барномаҳои давлатиро таъкид сохтанд. Инчунин афзуданд, ки «тайи ду соли охир татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд».
Зиёда аз ин барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидани зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ва дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ барои рушди минбаъдаи иқтисоди мамлакат мусоидати амиқ хоҳад намуд.
Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо зарур шуморида шуд, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад, ки ин яке аз воситаҳои муҳимми дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Муҳимтар аз ҳама, ба хотири рушду равнақ додани соҳаҳои муҳим ва зарурии ҳаёти иқтисодии кишвар аз ҷониби давлат соҳаҳои зерин аз як қатор андозҳо озод карда шуд. Масалан:
• соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шуд;
• барои рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникии ширкат ва корхонаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд;
• бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд;
• бо дарназардошти бой будани Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ, ки шумораи онҳо ба зиёда аз 3500 навъ мерасад, соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Дарвоқеъ, масоили баррасигардида дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷанбаҳои муҳимми байналмилалию иқтисодӣ, инчунин фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар буда, дар ин раванд ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки «Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин мураррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад». Ҳамин тавр, дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.
Мо, маорифчиён, дар қатори тамоми мардуми кишвар аз ин иқдом шоду рӯҳбаланд гардида, дар ин самт тасмим гирифтем як қатор корҳои муайянро ба анҷом расонем. Аз ҷумла, ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тарғиб ва ташвиқ намоем.
Хулоса, ҳамаи омӯзгоронро зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.
Муродхуҷа Хушвахтов, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ