Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИЗҲОРОТ!

Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмими таъсиси ҷамъияти ба ном озодандешони як гурӯҳ нотавонбиноне, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, маҳкум менамояд. Коллективи донишкада бо нигарони аз чунин тасмимҳои пасипардагӣ ва нопоки ин гурӯҳ қайд менамояд, ки зиёӣ бояд барои давлату миллати худ хизмат кунад ва нақшаву ниятҳояш аз ватандӯстиву ватанпарастӣ сарчашма гиранд. Вале, мутаассисфона дар хориҷи кишвар аз ҳисоби маблағгузориҳои хоҷагони худ истиқомат намуда, намедонанд чи гуна вазъро дар кишвар ноором созанд. Миллати сарбаланд ва давлату ҳукумати Тоҷикистон имрӯз намегузорад, ки ҳар гуна «озодандешони» дастнигар амнияти давлати моро халадор созанд.
Талошу заҳматҳои созанда ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати моро дар сархати муваффақиятҳо қарор дода, имрӯз ҷомеаи ҷаҳони Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳдӯст, ташаббускор ва ислоҳотгар мешиносанд ва эътироф мекунанд.
Истиқлолияту ваҳдат ва татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат имконият дод, ки имрӯз кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳо ёфта, дар самти иҷтимоиёту фарҳанг низ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардад. Имрӯз ҷомаеи Тоҷикистони азиз аз ҳар гуна хушунату бадбинӣ орӣ буда, ҳеҷ як таҳдиде ба якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва суботи минтақа таҳдид намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз имконият дорад, ки мустақилона бо такя ба заковат ва садоқати миллати тоҷик мушкилиҳои худро ҳал намуда, марзу буми худро ҳифз кунад ва пояҳои воҳдату истиқлолиятро таҳким бахшад. 
Аз мазмун ва моҳияти ҳадафи таъсиси чунин анҷманҳое, ки бо даъвои «ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ», аз созмону давлатҳои алоҳида маблағҳои калон гирифта онро ба манфиати худу наздиконашон истифода мекунанд, айён мегардад, ки бо ин баҳона макони зист ва имтиёзҳои худро ҳифз намуда, ғояи таъсиси анҷуман дарёфти қути лоямут аст. 
Истифодаи истилоҳи хос дар матни баёния, аз ҷумла «демукросӣ», «инсонмеҳварӣ», «омӯзишу парвариш ва барӯзсозӣ», «хидматгузорӣ», «торих», «арзишмеҳвар», «демукротик» аз таъсири ғояҳои маълум шаҳодат медиҳад, ки дар асоси он солҳои зиёд қувваву ҳаракатҳои гуногун мехоҳанд амнияти кишварро халалдор ва ҷомеаро ноором созанд. Шумо «ҷамъе аз фаъолони тоҷик» набуда, ба ҷуз нафспарастӣ, кушиши дарёфти грантҳо барои рушди демократия, ки барои худ сарф мекунед, нақшаву нияти дигар надоред. Бовари дорем, ин анҷумани шашнафарае, ки даъвои ислоҳот мекунанд, лоиҳаи тиҷоратӣ буда, ба ҳалли ҳеҷ гуна мушкилӣ қодир нестанд. 
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чунин навъ ташкилотҳо, ки дар хориҷ даъвои «обод кардани» ватанро мекунанд, ҳеҷ гоҳ муваффақ нашудаанд. Халқи соҳибфарҳанг ва тамаддунофари тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки сулҳу субот ва оромии кишвар халадор шавад, зеро имрӯз давлату Ҳукумат барои тақвияти таъмини волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд чораҳои муассир андешида, ҳадафи аслии сиёсати давлатӣ ин таъмини зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад.