Мақолаҳо
Рушди бозори молиявӣ - омили муҳимми устувории иқтисодиёти кишвар
Бозори молиявӣ ҳамчун як унсури муҳимми муносибатҳои иқтисодӣ ба ташкил ва азнавтақсимкунии захираҳои молию пулӣ бо мақсади таъмини самараноки фаъолияти корхонаю ташкилотҳо ва дар маҷмӯъ, иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Соҳаи молиявӣ-пулӣ, дар навбати худ, ҳамчун як унсури мустақили низоми хоҷагидорӣ аз захираҳои сармоявӣ ва қарзӣ, бозори асъор, бозори суғурта ва бозори коғазҳои қиматнок ташкил ёфта, низоми оқилонаю самараноки бозори молиявию қарзиро таъмин менамояд. Моҳияти иқтисодии бозори молиявӣ аз истифодаи самараноки воситаҳои муваққатан озоди маблағҳои молию пулӣ ва танзими дурусти истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар бармеояд. Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани буҳрони молиявию иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт рушди бозори молиявӣ дар кишвари мо хеле зарур мебошад.
Дар бозори молиявӣ ба сифати объекти хариду фурӯш захираҳои махсус, яъне воситаҳои молиявию пулӣ баромад мекунад. Лекин якчанд хусусиятҳои хоси фарқкунандаи амалиётҳоро дар ин бозор аз ҳам ҷудо мекунанд. Агар дар бозори қарзӣ ба сифати хариду фурӯш маблағҳои пулӣ баромад намоянд, пас дар бозори коғазҳои қиматнок бошад, ҳуқуқи хариду фурӯши даромадҳои пулӣ (дивидент) муайян карда шудааст. Дар ин маврид бозори молиявӣ на ҳамчун воситаи азнавтақсимкунии воситаҳои пулию қарзии озод, балки ҳамчун маҳаки (индикатори) асосии рушди иқтисодиёт дониста мешавад.
Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагидории ҷаҳонӣ, аз он ҷумла рушди савдои байналхалқӣ ва бозори молиявӣ зарурати ташкили амалиётҳои асъорӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнокро ба миён овард. Бозори коғазҳои қиматнок дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон амал намекард, чунки вай ҳамчун бахши рушди иқтисодиёти маъмурию нақшавӣ шинохта нашуда буд. Аммо баъди гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ зарурияти ташкил ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ба миён омад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ қисмати зиёди маблағҳои фаъоли бозори молиявӣ ба низоми бонкӣ - 90% ва ба бахшҳои дигар (бахши суғуртавӣ бо сармоягардонии фоида, бозори коғазҳои қиматнок, бахши асъорӣ ва дигар ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ) бошад, ҳамагӣ 10%-и маблағҳои молиявию қарзӣ рост меоянд. Ин нобаробарӣ, дар навбати худ, самаранокии амалкарди бозори молиявӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷиро ба иқтисодиёти кишвар хеле мушкил мегардонад. Аз ҷониби дигар ин раванд аъзогии ҷумҳурии моро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) хеле мушкил гардонида, барои воридшавии маблағҳои молиявиии хориҷӣ монеъ мешавад ва дар ин баробар ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва бозори коғазҳои қиматнок низ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷониби дигар, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз наметавонад чун солҳои пешина ба иқтисодиёти кишвар қарзҳо дар ҳаҷми зарурӣ пешниҳод намояд, зеро ҷалби сармоягузорӣ низ бо сабабҳои буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ чандон хуб набуда, қисмати зиёди маблағҳои буҷавӣ барои таъмини инфрасохтори бозорӣ ва бахши иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, сохтмони роҳҳо, мактабҳо ва боғчаҳо, қисмати дигари он бошад, барои сохтмони неругоҳи барқи Роғун, ҳамчун сохтмони муҳимми давлатӣ, равона карда шудааст. Низоми бонкӣ ҳамчун бахши муҳимми бозори молиявии кишвар низ дар ҳолати на он қадар хуби рушд қарор дорад. Оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳори нигаронӣ намуда, вазъи низоми пулию қарзии кишвар, бахусус фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоягузориро зери танқид қарор дода, таъкид карданд, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Бо мақсади таъмини рақобати озод дар бозори молиявӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявию қарзӣ ва ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакат, ҳадди ақали сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, минбаъд 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд. Инчунин, оид ба ҷалби бонкҳои хориҷӣ ба бозори молиявии кишвар, ки шумораи онҳо дар шароити кунунӣ 6-7-то мебошанд, изҳори нигаронӣ намуда, Пешвои миллат дастуру супоришҳои махсус доданд, ки ба ин як такони ҷиддӣ дар рушди бозори молиявӣ ва коғазҳои қиматнок хоҳад шуд.
Рузи 24 ферали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз дар донишкада конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳониии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок» бо ҳузури олимону мутахассисони соҳа баргузор меградад. Фикр мекунам, ки дар он ҳамаи паҳлуҳои асосии рушди бозори молиявӣ, махсусан бозори коғазҳои қиматнок мавриди таҳлил қарор гирифта, хулосаю пешниҳодҳои муфид ба вазорату идораҳо ва ниҳодҳои молиявии ҷумҳурӣ ирсол карда мешаванд, ки ин як қадами бузург дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиёти кишвар хоҳад шуд.
Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарз