Мақолаҳо
Зи меҳри ватан ҷӯш дорад дилам...
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ аз захираҳои техникию ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ бенасиб монд, яъне таҳкурсии моддӣ ва техникӣ надошт. Ба замми ин, дере нагузашта фалокати ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва бадхоҳон Тоҷикистонро ба қисмҳо тақсим карданӣ мешуданд. Дар асоси вайрон кардани рукнҳои давлатӣ бесарусомонӣ вуҷуд дошт. Дар чунин ҳолат, Тоҷикистон барои сохторҳои низомии артиш ва ҳайати он машғул шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз он рӯзҳои вазнин сабақ гирифта, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва давлати ҳуқуқбунёд муборизаи худро ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорон ва хоинони миллат оғоз намуд. Артиши миллӣ тавонист сарҳади Тоҷикистонро ҳимоя кунад ва устувор намояд. Дар он замон хизматчиёни ҳарбӣ борҳо ҷасорату шуҷоат ва далерию мардонагӣ ва ватандӯстӣ нишон дода, саҳифаи қаҳрамонии тоҷиконро пурбору рангин намуда, арвоҳи гузаштагонро шод карданд.
Имрӯз Артиши миллӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ва камолоту вуҷудияти худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Соҳиби техникаи ҳарбии замонавӣ ва базаи иқтисодӣ буда, навъҳои гуногуни қисмҳои ҳарбӣ ташкил шудааст: инҳо қӯшунҳои ҳавоӣ, қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, қӯшунҳои дохилӣ, қувваҳои ҳарбӣ-мудофиавӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд, ки дар вазъияти ҷангӣ метавонанд ба душман зарба зананд ва бехатарии халқу Ватани азизро таъмин намоянд. Бунёди Артиши миллӣ давра ба давра ба танзим даромад:
1) Давраи якум. Қувваи Мусаллаҳеро ташкил кардан даркор буд, ки қобилияти ҷангӣ дошта, аз уҳдаи ҳимояи истиқлолияти Тоҷикистон барояд ва якпорчагии онро таъмин намояд, барои мардум оромӣ ва ҳаёти осоишта барқарор кунад. Барои ҳамин аввалин маротиба баталионҳои тирандоз таъсис дода шуд.
2) Барои сохтори ташкилию штатии артиш таъсис намудани қувваҳои хушкигарди ҳарбию ҳавоӣ лозим буд. Ин давра аз 23-юми феврали соли 1993 то соли 1997 давом кард.
3) Ин давра пас аз баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июли соли 1997 рух дод. Дар ин замон ба сафи Артиши миллӣ шомил гардидани қувваҳои ҳарбии мухолифин рӯй дод. Ин кор ҳукумати Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки табаддулоти ҳарбӣ гузаронида, дар сохтори штатӣ тағйирот ворид намояд. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Бо назардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар мо соли 1997 кумитаи ҳифзи сарҳадҳоти давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистонро ташкил кардем, чунки аз соли 2005 сар карда, ҳимояи марзҳои кишварамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол пурра ба ихтиёри худ гирифта будем”.
Дар ҳақиқат ҳам, қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳ бехатарии сарҳади давлатиро таъмин менамояд. Пеш аз ҳама, маҳорати ҷангии ҳамаи қисмҳои Артиши миллиро сайқалу обутоб додан лозим буд. Ҳоло замоне фаро расидааст, ки Артиши миллиро ба воқеаҳои муҳимми рӯйдоди ҷаҳон, ки моро бетараф гузошта наметавонад, аҳамияти махсус дода, зиракию матонат, ҷасурию маҳорати ҷангии онҳоро боло бардорем. Афсарону сарбозонро лозим аст, ки нозукиҳои техникаи имрӯзаи ҳарбиро омӯзанд, худро ҷисман обутоб диҳанд ва илова ба ин, ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯз тайёр кардани мутахассисон ва афсарон барои Артиши миллӣ мебошад. Дар ин ҷода, Президент ва ҳукумати кишвар ғамхории доимӣ изҳор менамоянд. Ин буд, ки якчанд муассисаҳои таълимии артишӣ: коллеҷи ҳарбӣ, донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ, мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шудааст, ки ҳар сол сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби хатмкунандагони онҳо пурра мегардад.
Ҳоло модарони мо бо меҳру муҳаббат фарзандонро ҳамчун меваи умри худ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар менамоянд, то ки онҳо саҳифаи қаҳрамононаи фарзандони тоҷик - Спитамену Темурмалик, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев ва Сафар Амиршоев баринҳоро сармашқи кори худ намуда, аз саҳифаи қаҳрамонии бобоёни худ сабақ бигиранд.
Содиқ Бойматов,
Баҳрулло Холов,
устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ