Мақолаҳо
Ҳуқуқ ва мавқеи зан аз нигоҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зан яке аз бузургтарин мавҷудоти олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гӯем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз уламову пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд.
Аммо, агар ба таърихи гузаштаи халқиятҳои башар нигарем, маълум мегардад, ки на дар ҳама давра иззату эҳтироми зан ба дараҷаи аъло пазируфта мешудааст ва мақому манзалати он низ на он қадар устувор будааст. Дар бисёр мавридҳо занро ҳамчун воситаи хушҳолӣ ва хушгузаронӣ медонистанд. Масалан, дар Миср зан бо хоҳиши худаш шавҳар карда наметавонистааст ва гузашта аз ин онро ҳамчун мол харидуфурӯш мекарданд ё ҳамчу мол ҳадя менамуданд. Дар урфу одатҳои мардуми араб то замони ислом бошад, зан умуман ҳуқуқ ба мерос надошт. Дар ҳолати вафоти шавҳараш, ӯро ҳамчун мол ба соҳиби нав месупориданд. Таваллуди зан дар оила мусибати басо бузург ба ҳисоб мерафт ва он ҳамчун нишонаи шармандагии хонавода эътироф мешуд. Аз ин рӯ, тифли навзодро, ки зан таваллуд шудааст, зинда дар гӯр мекарданд. Мувофиқи қонунҳои Ману дар Ҳиндустони қадим бошад, зан пас аз вафоти шавҳараш ҳуқуқи зистан надошт ва рӯзи марги шавҳараш ӯро зинда ба зинда бо ҷасади ҳамсараш месӯзонданд. Яҳудиён занро лаънатшуда меҳисобиданд, зеро онҳо чунин мепиндоштанд, ки маҳз зан боиси аз биҳишт ронда гардидани ҳазрати Одам гардидааст. Диндорони масеҳӣ чунин мепиндоштанд, ки ҷинси зан нопок аст ва аз ӯ дурӣ меҷустанд. Аз ин рӯ, мардони диндор дар маъбадҳо савганд ёд намуда, то охири умр муҷаррад мемонданд. Дар баъзе аз кишварҳои дигар дар ҳолатҳои аз ҷониби зан сар задани хиёнат нисбати шавҳараш ё рух додани муносибати зан бо марди бегона боиси ба ҷазои сахти сангсор кардан гирифтор шудани зан мегардид.
Аз таърихи гузаштагони мардуми мо низ ҳолатҳоеро пайдо намудан мумкин аст, ки мутобиқи он мақоми зан дар ҷомеа хеле паст буда, ҳуқуқҳои зан мунтазам поймол мегардиданд, занҳо пойбанди хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоӣ буданд.
Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, занҳо он ҳама азобу уқубатҳо ва машаққатҳои зиёдро паси сар намуда, насли хешро то имрӯз ба дунё овардаву таълиму тарбият менамоянд.
Пас аз ташкил шудани ҳокимияти Шӯравӣ ба зан ва мавқеи он дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳуқуқи зан расман эътироф ва дар конститутсияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ расман мустаҳкам карда шуд. Тибқи конститутсияҳои мазкур ҳуқуқи зан бо ҳуқуқи мард баробар эълон шуд. Мақоми зан низ дар ҷомеа мавқеъ пайдо намуд. Ин ҳуқуқҳо ба занҳо имконият медоданд, ки минбаъд дар қатори мардҳо таҳсил намуда, соҳибмаълумот гарданд, ба касбу кор ва ё шуғли муайян машғул шаванд, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлату ҷамъият фаъолона ширкат варзанд, соҳиби ҳуқуқу озодиҳои дахлнопазир бошанд, дар вазифаҳои масъулиятноки давлативу ҷамъиятӣ кору фаъолият намуда, ба халқу ватани худ хизмат намоянд.
Тайи солҳои бесару сомонӣ дар Тоҷикистон ҳукми урфу одатҳои хурофотпарастона дубора авҷ гирифта беэътиноӣ нисбат ба занон якбора боло рафт. Мавқеи зан дар ҷомеа рӯз аз рӯз маҳдудтар мегардид. Паси ин пардаҳои ҷаҳолат афроде пайдо гардиданд, ки бо ақидаҳои куҳнаи хурофотпарастонаи худ, ки бояд зан пурра мутеи мард бошад, пайдо гардида, ба таълим ва тадриси қонунии занон-духтарон монеъ мешуданд. То ҳатто духтарони ноболиғро иҷборан ба шавҳар медоданд.
Хушбахтона, бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони дигари расмӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ садди роҳи ин гумроҳиҳою хурофотпарастиҳо пурра гирифта шуда бошад ҳам, аммо таъсири манфии он то кунун самараи талхбори худро рӯи бор оварда истодааст, ки меваи онро мо дар баъзе ҳодисаҳои нанговари вақтҳои охир мушоҳида менамоем (ба қавле ки агар духтаратро ба ман надиҳӣ, дуои бад мекунам ва ғайра).
Пас аз хотима ёфтани ҳамаи ин бесару сомониҳо ва ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутамаддини ҷаҳони муосир, ки ҷавҳар ва асли ҳастии онро низоми демократӣ ташкил медиҳад, мубаддал гардид. Сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо ба ватан, бартараф намудани хисорот, аз ҷумла хисороти бузурги иқтисодие, ки тайи солҳои бесару сомонӣ ба иқтисодиёти давлат зарбаи сахт зада буданд, ба ҳаёти муътадил баргардонидани мардум яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Масъалаи муҳимми дигаре, ки дар радифи масъалаҳои фавқуззикр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш меандохт, ин баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд.
Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мақоми зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин иқдом нахустзамина барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 1994 қабул гардидааст, муқаррар менамояд, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарҳуқуқии мардон ва занонро бевосита эълон медорад. Вобаста ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон занон низ ба мисли мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ имкониятҳои баробар доранд ва аз онҳо ба таври дастрас истифода мекунанд.
Дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2005 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2006 «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.08.2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 01.11.2006, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29.05.2010 ва Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва ғайра ба тасвиб расида, қабул гардиданд, ки нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки дар боло зикр намудем, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба ҳисоб меравад.
Фармони мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим намудани генофонди миллӣ ва баланд бардоштани нақши занро дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат муқаррар намуд. Тавассути фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки намояндагии занонро бо дарназардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф таъйин намояд.
Илова бар ин, таъмини воқеии баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар қонунҳои соҳавӣ, ки такмилдиҳандаи меъёрҳои конститусионӣ мебошанд, боз ҳам мустаҳкам гардонида шуданд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила ва бунёди муносибатҳои оилавӣ, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос ёфтааст.
Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо ва ғайра сурат мегирад.
Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар муносибатҳои оилавӣ ва бекор намудани акди ниқоҳ яке аз принсипҳои асосии қонунгузории оилавист, ки тавассути он муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Ҳамчунин қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигареро, ки баробарҳуқуқии занон ва мардонро дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёти якҷояи онҳо ба вуқӯъ меоянд, муқаррар намудааст.
Баробарҳуқуқии занон бо мардон дар дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардида, имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо кафолат дода шудааст.
Зан муборизи қавиирода буда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро мебозанд. Дарки амиқи ин нуқтаи басо муҳимро ба эътибор гирифта, ҳуқуқи занро эътироф ва мақому манзалати онро дар ҷомеа рӯз аз рӯз батадриҷ меафзоянд.
Мижгона Холинова, ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ