Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Модар - сарчашмаи ҳаёт

Аё модар, туӣ пайванди ҷонам, 
Насиҳатгӯ, анису роздонам. 
Ба чашмонам айён кардӣ ҷаҳонро, 
Ҳамеша номи покат бар забонам. 


Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. 
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин неъмати беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш сари таъзим фуруд меоранд. 
Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи модарро бо фарорасии фасли баҳор ва соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайиҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад. 
Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эътирофи зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. 
Мусаллам аст, ки бонувон ва модарони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарон, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед». 
Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, ин аллаи рӯҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаи вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯи биҳиштии Модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз дур намегардад. 
Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш ҷашни модарро бо номи «Сипандормӯз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. 
Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд. 
Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. 
Бо ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд. 
Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу ватан раҳнамоӣ кардааст. 
Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. 
Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан-модар сарчашма мегирад. 
Модар ба истилоҳ вожае мебошад,ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерумандии атокардаи Худои мутаъол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад. 
Ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи модар, тамоми модарону бонувони кишварамонро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзумандам ва бигузор доимо дар лабонашон табассум ҳувайдо бошад ва ба мисли гулҳои баҳорӣ шукуфон ва сарсабзу хуррам бимонанд. 


Азамҷон Рафиқзода, донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ