Мақолаҳо
Хушҳолам, ки дар Тоҷикистон таҳсил дорам…
Муборак Ибрагимова донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ буда, аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ таҳсил менамояд.
Ӯ зодаи ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё буда, хатмкардаи мактаби № 312-и шаҳри Тошканд мебошад.
- Бо Душанбе аз кӯдакӣ ошно будем, зеро ба ин шаҳри зебоманзар бисёр омада, хешу ақрабои худро хабар мегирифтем. Аслан, падарам мехостанд, ки ман таҳсили хешро дар Москва идома диҳам, вале ман Тоҷикистонро интихоб намудам. Зеро мо ҳам тоҷик ҳастем ва аз ин рӯ кишвареро, ки дар он ҳаммиллату ҳамзабонҳоям зиндагӣ менамоянд, интихоб намудам. Дар тӯли чор сол бо ҳамсабақон дӯстони наздик шудем ва ба хонаи ҳамдигар низ рафтем. Аз тамошои Хуҷанду Файзобод ва Қӯрғонтеппа, Варзоб ва минтақаҳои дигар баҳравар шудам. Имрӯз бо хурсандӣ гуфта метавонам, ки ҳар як гӯшаю канори Тоҷикистон низ барои ман азиз аст. Кишвари зебоманзари Тоҷикистонро хеле дӯст медорам.
Муборак мегӯяд, ки бо шунидани ин хушхабар, яъне эҳёи муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамагон ид доштанд:
- Зеро ин нишоти бузург аст. Расму оин ва наъанаи тоҷикону ӯзбекон бо ҳам хеле наздик буда, қариб ки фарқе надорад. Мардуми ҳарду кишвар солҳо боз ташнаи дидори ҳамдигар буданд. Аз он ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар шудани муносибатҳо иқдом намуданд, мо хеле ва хеле шод шудем ва фахр мекунем, ки ҳар ду ҳамсоякишвар соҳиби чунин Сарварони хирадманд ва дурандеш ҳастанд. Баробари бекор гаштани раводид барои шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадӣ хешу таборони мо аз Деҳнав зуд ба Душанбе омаданд, то сайругашт намоянд ва ба дидори хешу ақрабои худ расанд. То ин замон гирифтани раводид ва дигар масъалаҳои ҳуҷчатгузорӣ ва бақайдгирӣ барои мо душвориҳои зиёд пеш меомаданд. Ин ба раванди таҳсилам таъсиргузор буд. Ҳоло хушбахтона ҳама чиз осон шуда, минбаъд боз ҳам сабукиҳои гугогун дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки Муборак дар гурӯҳи тоҷикӣ мехонад ва аз сифати дарсҳо қаноатманд аст. Ҳоло ӯ дар Раёсати андози шаҳри Душанбе таҷрибаомӯзӣ дорад.
- Аз он ки ман сокини тоҷикзабони Ӯзбекистон ҳастам, дар ҷойи таҷрибаомӯзиам маро хеле эҳтиром менамоянд ва барои хубтар аз худ намудани малакаи корӣ кумак ҳам карда истодаанд. Дар оянда нақша дорам, ки дар Душанбе монам ва фаъолияти худро идома диҳам. Мехостам дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фаъолият барам. То ин замон гирифтани раводид ва дигар масъалаҳои ҳуҷчатгузорӣ ва бақайдгирӣ барои мо душвориҳои зиёд пеш меомаданд. Ин ба раванди таҳсилам таъсиргузор буд. Ҳоло, хушбахтона, ҳама чиз осон шуда, минбаъд боз ҳам сабукиҳои гуногун дар назар дошта шудааст. - мегӯяд Муборак.
Чун муносибатҳо бо Тоҷикистон хеле таҳким ёфта, устувор гашта истодаанд, аллакай якчанд нафар аз Ӯзбекистон хоҳиш доранд барои таҳсил ба Тоҷикистон биёянд. Чӣ хеле ки Муборак мегӯяд, ӯ пештар низ ба шаҳрвандони Ӯзбекистон тавсия дода буд ва ҳоло низ бо боварӣ ва дилпурӣ тавсия дода метавонад, ки барои таҳсил Донишкадаи молия ва иқтисодро интихоб намоянд.
- Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам ба роҳбарияти ҳарду кишвар шахсан миннатдорӣ баён намоям. Ҳаргиз аз чеҳраи онҳо табассум дур нагардад ва дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек поянда бошад. Аз роҳбарияти донишкада низ миннатдорам, зеро ҳамеша дар лаҳзаҳои гуногуни таҳсил мададгори ман буданд,- мегӯяд Муборак.
Мо низ аз таманниёти ин духтараки нозанин истиқбол намуда, оғози ҳамкориҳои самарбахшро бо ҳамсоякишвари азизамон - Ӯзбекистон ба ҳамагон шодбош мегӯем.
Мусоҳиб: Насрулло Тӯйчизода