Мақолаҳо
Замони муосир ва ҷавонон
Дар ҳама давру замон ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбари ҷомеа эътироф шудаву ҳамеша дар маркази диққати умум қарор доранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки худшинос, ватандӯсту бомаърифат бошанд, то дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, барои мардуми хеш хизмат намоянд ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд бардоранд.
Бояд гуфт, ки рушди босуръати илму технология раванди ҷаҳонишавиро бештару зудтар кард. Ва мусаллам аст, ки ин раванд бештар тарафҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Ҷиҳати мусбӣ дар он аст, ки илму технология ва маҳсулоти гуногуни мавриди ниёз тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ ба ҳама гӯшаи дунё кашонида мешавад. Вале ҷиҳати манфии ин раванд дар он аст, ки ба нобудии фарҳанг, забонҳои мухталиф, урфу одатҳои миллии халқҳои гуногун оварда мерасонад. Ба ҷои ҳамаи ин рушди босуръати синамои ғарб, ки дар он фаҳшу зӯроварӣ, фанатизм ва манякизм – бемориҳои рӯҳии ҷамъиятие, ки ҷони инсон дар он қадр надорад, паҳн гашта, зарбаи сахте ба пойдевори анъаноту расму таомули мардумони мамолики мухталиф мезанад. Инчунин, яке аз тарафҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ки дар соҳаи иқтисодиёт мушоҳида мегардад, дар таъсири ширкатҳои калони байналмилалӣ – консернҳои трансмиллӣ ва аз тарафи онҳо монополия шудани бозор ва пахш кардани соҳибкории хурду миёна аст.
Дар марҳалаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби неруи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат бағоят муҳим мебошад. Бо қаноатмандӣ изҳор метавон кард, ки истиқлолияти давлатӣ роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушди мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Аммо боиси таассуф аст, ки як зумра ҷавонони ноогоҳ аз тамаддуни ниёгону фарҳанги миллӣ ба доми фиреби таблиғчиён афтода, шомили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мешаванд ва аз рӯи нодониву ҷаҳолат аз мазҳаби Имоми Аъзам баромада, ба дигар мазҳабҳо мегузаранд. Ғайр аз ин, ҷавононер низ дучор меоем, ки шуури сиёсии паст доранд, ба дурӯғу буҳтони нафароне бовар мекунанд, ки берун аз кишварамон қарор доранд ва пайрави гуфтору кирдори онҳо шуда, хиёнат ба Ватану миллати хеш мекунанд. Ин қабил ҷавонон онҳое ҳастанд, ки ҷаҳонбинии танг, сатҳи маърифатнокии паст дошта, аз таъриху фарҳанг, мазҳаб ва дину оини аҷдодии хеш фарсангҳо дуранд ва пешравиҳои давлати худро нодида мегиранд.
Табиист, ки дар замони муосир, ки сиёсати пурпечутоб дорад, моҷароҳои бавуқӯъпайваста, решаҳои фитнаангезона доранд ва мақсади гурӯҳҳои ғаразнок ҳам ҳар чӣ зиёдтар дар байни сокинони сайёра душманиву ҳамдигарбадбинӣ, нифоқу ҷангу ҷидол паҳн кардан мебошад. Аз ин рӯ, таъкид бояд кард, ки насли ҷавони имрӯзаро зарур аст, то дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, бо Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, барои ҳимояи он ҳамеша омода ва ҳушёру зираку доно шаванд. Ҷавононро зарур аст, ки зиндагии хешро бо илму адаб устувор сохта, ба ақлу хирад такя кунанд, роҳи садоқат ба Ватанро бо андухтани илму дониши мукаммал обод созанд.
Ҳақиқат он аст, ки инсони донишманд, ҳунарманд ва дорои эҳсоси баланди ифтихори ватандоридошта ҳеҷ гоҳ дар ҷодаи зиндагӣ намеафтад ва хор намешавад, чунки ӯ соҳиби обрӯю шаъну шараф дар ҷомеа аст. Барои пайдо кардани хислатҳои нек метавон аз осори гаронбаҳои аҷдодони бузурги мо, ба монанди устод Рӯдакӣ, Сино, Берунӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Румӣ, Ҷомӣ, Кошифӣ, Аттор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар бузургони илму адаб истифода бурд. Олами илму маърифати безаволи онҳо барои тарбияи ҷавонони замони имрӯза дарси беҳамто ва маншаи ахлоқу одамият метавонад бошад. Чуноне ки гуфтаанд: «Ақл равнақ гирад аз ақли дигар». Албатта, барои ҷустуҷӯи илму дониш ба шахс шавқу рағбат, ҷаҳду кӯшиш ва меҳнатдӯстӣ лозим аст. Майл ва алоқа ба илм пайдо кардан аз тафаккур ва дунёи ботинии фард вобастагӣ дорад. Чунин шуур аз саҳми тарбияи фард дар оила ва мактаб шаклгирӣ пайдо мекунад. Бинобар ин ҳар як ҷавон барои рушди маънавии худ ва ҳатто аҳли оилаи худ бояд кӯшиш ба харҷ диҳад ва фаъол бошад, то ки соҳиби нуфуз дар ҷомеа гардад. Инчунин, танҳо тавассути фаъол будан дар ҳама корҳо, инсон ба мақсадҳо ва орзуҳои худ мерасад.
Душмани асосии ҳар як инсон ин танбалист. Бо пешравиҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеаи мо, ки баръало намоёнанд, эҳтиёҷ ба мутахассисони меҳнатдӯст, эҷодкору фаъол бештар мешавад. Сифатҳои мусбии ҷамъиятӣ, ки илму адаб ҷои аввалро дар ин қатор ишғол менамояд, ба мутахассисон, бешак, лозиманд, чунки ҳангоми фаъолияти корӣ бо коллектив, ҳамкорон ва дигар ашхос, яъне дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, қадам гузошта, бо мардум муошират менамояд. Барои ҳамин, ҳар як ҷавони мо бояд аз меъёрҳои маънавӣ, арзишҳои миллӣ, одобу ахлоқи муошират хуб хабардор бошад ва онҳоро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷассум намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки танҳо шахси боилму адаб шахси бомаърифат маҳсуб меёбад. Чуноне ки дар урфият мегӯянд: «Олим шудан осон, аммо одам шудан душвор». Ин ҳикмат ба мазмун ва ҳаҷми маънии мавзӯи мо пайваст ҳаст, зеро маҳз шахси доною боодобро шахси бомаърифат метавон номид. Яъне, мутахассиси имрӯза набояд беодоб бошад. Дар ин маврид Шайх Аттор байтеро, ки ба ҳамагон шиносу дилписанд аст, ба қалам овардааст:
Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ!
Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ, забономӯзӣ аҳамият диҳанд ва аз осори таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии аҷдодонамон барои такмили ҳаматарафаи худ истифода баранд ва ҳеҷ гоҳ бар зидди Ватани хеш душманӣ наварзанд, баръакс, барои беҳбудии зиндагии халқи худ ва ободии Ватан содиқона хизмат намоянд.
Абдулваҳҳоб Шарипов, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ