Мақолаҳо
Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност…
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайғоми дӯстию рафоқат, накуҳамсоягӣ ва дар байни ҷомеа хушнудию дастгирии беандозаро ба бор овард. Зеро мардуми тоҷику ӯзбек аз азал бо ҳам решапайванданд, расму оин, урфу одати монанд ва якхела доранд. Ҳар ду ҷониб эҳёи муносибатҳои дӯстонаву рафтуомади ду халқ ва боз шудани дарвозаҳову қалбҳои ҳамдигарро, бемуҳобот, бесаброна интизор буданд.
Ташрифи роҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сарзамини мо як воқеаи таърихӣ ва пуршукӯҳ буда, дар таърих чунин ташрифоти пурдабдабаи роҳбари давлати хориҷиро ба ин сон ҷалолу шукӯҳ надида будем. Ин ташрифот тантанаи дӯстию самимият ва меҳру муҳаббати ду халқро дар худ таҷассум мекард ва аз дидори дӯст дилҳоро шавқу сурур мебахшид. Ин сафар пирӯзии дӯстии ногусастании ду халқи ба ҳам бародар аст. Гарчанде ки чандин сол дарвозаҳо баста буданд, вале дӯстию рафоқат ва гирудори тоҷику ӯзбек идома дошт. Зеро ин ду халқро аз ҳам ҷудо карда намешавад, чун тоҷику ӯзбек бо ҳам бародар, дӯст, хешу табор ҳастанд. Оилаҳои зиёдеро медонем, ки ба якдигар духтар додаву духтар гирифта, қудо шудаанд. Бародарону хешу табор дар он тарафи сарҳад ва дигарӣ дар ин тараф мондаанд. Хешу табори банда ҳам дар Бухорои Шариф, ноҳияи Ғиждувон зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд. Аз шунидани хушхабар дар бораи кушода шудани роҳҳо ва бардоштани раводид мо ва ақрабоямон хеле шоду масрур гаштем, то бемамоният ва ба осонӣ ба дидори ҳам мерасем.
Ман бори охир соли 1990 дар даврони донишҷӯиям ба Бухоро сафар карда будам. Ростӣ, аз тарафи шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзномаи вилоятии «Бухоро ҳақиқати», ки як саҳифаи тоҷикӣ дошт, барои таҷрибаомӯзӣ 7 нафар равона гардидем. Дар муддати як моҳи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз чандин корхонаву муассисаҳо дидан намуда, бо мардуми ин сарзамини бостонӣ ошноӣ пайдо кардем. Дар куҷое агар мефаҳмиданд, ки мо аз Тоҷикистонем, бо мо муносибати дӯстонаву самимӣ мекарданд. Журналистони касбии рӯзномаи «Бухоро ҳақиқати» бо камоли майл ба мо ҳунари нигориш ва муносибатро ёд медоданд. Ба хонадонашон даъват намуда, меҳмондорӣ ҳам карданд. Ҳатто аз муносибати самимӣ ва гарми сокинони ин куҳандиёр худро бегона ва дар ғарибӣ ҳис намекардем. Ин саҳифоти зиндагиам ҳамеша дар хотиротам нақши ногусастанӣ дорад, зеро мо дар ин ҷо камоли маънавӣ гирифтем ва чандин навиштаҳоямон дар саҳифаи рӯзномаи «Бухоро ҳақиқати» рӯи чоп омад, ки барои як нафар таҷрибаомӯз ин дастоварди калон буд. Ҳамчунин ҳамкурсони мо дар нашрияҳои вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона таҷрибаомӯзии худро гузарониданд.
Бо эҳё гардидани муносибатҳои ҳасана бо кишвари ҳамсоя мо умед дорем, ки мубодилаи донишҷӯёну устодон ва ё дигар мутахассисон ба коргоҳу муассисаҳои ҳамдигарӣ вусъат меёбанд ва барои такмили малакаи ҳамдигарӣ такони ҷиддӣ ва амиқ мегузорад.
Мусаллам аст, ки фарҳанг унсури тавсиабахши муносибатҳои неки халқу миллатҳо маҳсуб меёбад ва ҷойи баҳс ҳам нест, ки халқи тоҷику ӯзбек фарҳанги муштарак доранд. Аз азал ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ ин халқҳоро боз ҳам ба якдигар қарин намудаанд. Ин қаробат ва самимият дар муносибату суханронии Сарони кишварҳо ва консерти муштараки тоҷику ӯзбек «Шоми дӯстӣ» баръало дида шуд. Сарояндагони тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва ҳофизони ӯзбек ба забони тоҷикӣ суруданд, ки таҷаллӣ ва бозгӯи дӯстию самимият ва бародарии ин халқҳо буд ва басе таъсиргузор. Тавре гуфтаанд, ин ду халқ ду тори як созанд, ду шохи як дарахт ва пайраҳаи як роҳанд. Дар таърих то имрӯз ин гуна қаробату наздикии ду халқ мушоҳида нашудааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин ду халқ боз ба ҳам омада, барои густариши муносибот ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳам ба созиш омаданд. Ин тасмимот барои рушди иқтисодиёти кишварҳо ва беҳтар гардидани некуаҳволии ҳар ду миллат созгор буда, умед аст, ки дар наздиктарин фурсатҳо ҳамаи он созишномаи баимзорасида пиёда мегарданд.
Машҳура Абдуллоева