Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Наврӯзи хуҷастапай

Наврӯз мероси ниёгонамон буда, моро ба таърихи гузаштагон мепайвандад. Дар ин айёми гулпӯш насими пагоҳӣ шукуфтаҳои дарахтонро навозиш менамояд, рӯдҳои шӯхоби кӯҳӣ сӯи водиҳо раҳ меҷӯянд. Мурғони хушилҳон савтҳои дилошӯби хештанро бо фараҳ такрор менамоянд. Дар ин айём мардумон кинаю адоватро фаромӯш мекунанд. Одамон чун табиати зинда, ки қабое ба бар кардааст, либоси идона мепӯшанд. Ба аёдати хешу таборон мераванд. Ба беморону ятимон дасти ёрӣ дароз мекунанд, саховатмандона умр ба сар мебаранд. 


Ҷашни Наврӯз таърихи 7000 сола дорад. Аҷдодони мо бо як шаҳомати бузург Наврӯзро пешвоз мегиранд. Таърих гувоҳ аст, ки бегонагони ғосиб борҳо кӯшидаанд, ки ин ҷашни мардуми ориёинажодро ба нестӣ баранд. Вале ёдгории хиради инсонӣ ғолиб омада, ба Наврӯз умри дубора бахшид, ки ҳоло Наврӯз тамаддуни мардуми эронинажодро пайваст намуд, инчунин иди байналмилалӣ гардид. Оид ба пайдоиши иди Наврӯз якчанд ривоятҳо дар асарҳои шоирон ва нависандагони форсу тоҷик оварда шудааст. 


Қисме аз он сарчашмаҳои бостонӣ бунёди ҷашнгирии Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Дар асари “Форснома”-аш ибни Балхӣ далолати онро дорад, ки Наврӯз дар замони ҳукмронии Ҷамшед қайд карда мешуд. 


Ҷамшед писари Виванҷаҳон бародари Таҳмурас 717 сол умр дида, ба мардум ҳама гуна ҳунарҳоро меомӯзонад, шаҳри Истахрро пойтахт кард. Мардум ӯро рӯйи тахт шинонданд, ба сараш тоҷ гузоштанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор гардид, ки онро “Наврӯз” номиданд. Варианти дигари ин гуфтори мифологӣ чунин садо медиҳад: Гӯё Ҷам дар шаҳру деҳа оворагардӣ мекард. Ӯро дар Озарбойҷон ба тахти тиллогин шинониданд. Ҳамоно нури тиллогини офтоби саҳарӣ ба тоҷи ӯ нурпошӣ намуд. Он нурро шед мегӯянд. Ҷам Ҷамшед шуд. Ҳамон рӯзро Наврӯз номиданд, тантанавор ҷашн гирифтанд. 


Мувофиқи ахбороти Мӯсо ибни Исо-Ал Хусравӣ Наврӯзро Ҷамшед, Меҳргонро Фаридун ҷорӣ кардааст. (тах. 2050 сол пеш). Мувофиқи тақвими Авестоӣ Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҷашнҳои хосса ҳисоб мешуданд. Рӯзи аввали баҳорро Наврӯз, рӯзи аввали тирамоҳро Меҳргон ва рӯзи 10-уми Баҳманмоҳро (30.01) Сада номгузорӣ кардаанд. 


Дар ҳақиқат, Наврӯз оғози баҳор, оғози кишту кор, оғози бедории табиат, баробаршавии шабу рӯз мебошад. Мувофиқи тақвим ва солшумории шамсӣ ба 21 март мувофиқат мекунад. 


Мувофиқи ахбороти Хусравӣ Наврӯзро 30 рӯз ҷашн мегирифтанд. 5 рӯз ашрофон, 5 рӯз шоҳон, 5 рӯз пешхизматон, 5 рӯз муқаррабони шоҳ, 5 рӯз сипоҳиён ва 5 рӯз халқи одӣ. 


Дар замони Сосониён Наврӯз хеле ботантана ид карда мешуд. 6 рӯзи идро кишоварзон зиндашавии табиат меномиданд. Аз рӯзи 3-юм то 6-ум рӯҳониён (мубадон), пас худи подшоҳ иди Наврӯзро ороста менамуд. Онро Наврӯзи бузург меномиданд. Мутафаккир ва классики барҷастаи адабиёти тоҷик, ки дар миқёси ҷаҳонӣ бо рубоиёти худ шуҳрати беандоза дорад, Умари Хайём ҳамчун шахси озодфикр дар асари худ “Наврӯзнома” изҳори ақида намудааст. Вай ҳам иди Наврӯз ва ҷашнгирии онро ба Ҷамшед нисбат медиҳад. Гӯё дар замони шоҳ Ҷамшед Наврӯз тантанавор ид карда мешуд. Ҷамшед дарозии солро 365 рӯз мегӯяд. Ҳар сол ба миқдори 15 дақиқа зиёд мешавад. Дар натиҷа, дар муддати 4 сол дақиқаҳои ҷамъшуда як шабонарӯзро ташкил менамоянд. 


Он рӯзро рӯзи нав меноманд. Ҳамин тавр, миқдори рӯзҳои ҷамъшуда ба 366 рӯз мерасад. 


Хайём дар “Наврӯзнома”-и худ ҳамчун шахси ватандӯст эҳтиромкунандаи урфу одатҳои халқи худ баромад кардааст. 


Ривояти дигар: Девҳо Ҷамшедро ба гови мода савор карда, аз кӯҳи Дамованди Эрон ба шаҳри Бобул меоранд. Он рӯзи фуруд омадани Ҷамшедро Наврӯз номиданд ва ид карданд. Ҷамшед ба мардум туҳфаҳо инъом кард. Дар Эрон ду фасл вуҷуд дошт: гармо – 7 моҳ ва сармо – 5 моҳ. 


Дар замони Шӯравӣ Наврӯзро ҳамчун иди динӣ гумон карда, аҳамият намедоданд. Ин падидаи ниёгонро қариб ба нестӣ бурда расонида буданд. 


21 марти соли 1971 ба шарафи баробаршавии шабу рӯз Котиби Генералии СММ ин рӯзро “Рӯзи Замин” эълон карда буд, ки ин воқеа ҳар сол ҳамчун Рӯзи Замин ҷашн гирифта мешуд ва дар ин баробар Наврӯзро низ хотиррасон мекарданд. 


Дар бораи Наврӯзи ниёгонамон газетаи “Правда” 1 октябри соли 1975 мақолае ҳам навишта буд. 


Бори аввал пас аз 50 соли хомӯшӣ 21. 03. 1980 Наврӯз дар Тоҷикистон бо номи Ҷуфтбаророн қайд карда шуд ва ҳамчун иди меҳнат, ҷавонӣ ва дӯстӣ ҷашн гирифта шуд. Аз соли 1989 мақоми давлатӣ гирифта, тибқи қарори маҷлиси олӣ бисёр анъанаҳои ҳақиқатан халқӣ дар замони мо гӯё ҳаёти нав касб карда, бо мазмуни замони ҳозира бой мегарданд. 


Пас аз истилои Осиёи Миёна арабҳо ба дастархони Наврӯзӣ тағйирот дароварданд. Ба ҷои шин маводи бо ҳарфи син оғоз меёфтаро ба дастархон мегузоштанд. 
Бо ҳарфи шин то арабҳо дастархони наврӯзӣ чунин оро дода мешуд: шамъ - рамзи ғалабаи некӣ, шароб – рамзи хурсандӣ, шакар – иҷрои умедҳои ширин, шоя – кабудии кӯҳсор, шир– рамзи тозагӣ ва шарбат – ширинӣ. 


Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст. Соли 1978 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Наврӯз чун анъанаи ниёгонамон ба расмият даромад. Ҳоло Наврӯз аз соли 2010 ба иди байналмилалӣ табдил ёфта, дар фазои озоди демократӣ ид карда мешавад. 


Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиён низ ҳар сол дар арафаи ин ҷашни мубораки миллиамон ҳамчун рамзи неки наврӯзӣ доир мегардад. 


Бояд гуфт, ки эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғиби мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад. 


Ҳамкорону донишҷӯёни муҳтарам, Шуморо бо фарорасии иди Наврӯз табрик менамоем. Хоҳони онем, ки сиҳату саломат бошед. Хушбахтии зиндагӣ насибатон гардад. Дар ободкунии кишвар иштирок варзида, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳиду созанда бошед. 


Содиқ Бойматов, Баҳрулло Холов, устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ