Мақолаҳо
Имконият барои рушди сайёҳӣ
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба ҳам наздикшавии халқҳо ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мегардад. Бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиию ёдгориҳои таърихӣ буда, ин ҳама барои ҷалби сайёҳон хеле зарур аст, аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалиятнок эълон кардааст.
Сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушод ва ба маркази чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ табдил ёфтани шаҳри Душанбе боиси афзудани имкониятҳои бештари соҳаи сайёҳӣ мегарданд. Агар соли 1950 дар сайёра 2,5 миллион нафар ба саёҳат баромада, фоидаи соҳаи сайёҳӣ 2,1 миллиард доларро ташкил дода бошад, пас соли 2013 теъдоди сайёҳон ба 1 миллиарду 87 млн нафар расид. Имрӯз саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон 6 дарсадро ташкил медиҳад. Қариб 7 дарсади сармоягузориҳои ҷаҳон ба соҳаи сайёҳӣ рост меояд. Сайёҳӣ қосиди сулҳ буда, дӯстии байни миллатҳоро мустаҳкам мегардонад.
Ҳар кишвар бо хусусиятҳои фарқкунандааш диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад. Тоҷикистон бо иқлими якбора тағйирёбанда, кӯлу пиряхҳо, дарёҳои обашон зулол, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихиаш маъруф аст. Ҳукумати мамлакат барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ санадҳои муҳимро қабул кардааст. Дар ҷумҳурӣ Консепсияи рушди сайёҳӣ ва Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2015-2018 таҳия гардидааст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ривоҷу равнақ додани соҳаи сайёҳӣ ноҳияҳои Варзоб, Балҷувон, дараи Ромит ва дигар ноҳияҳои ҷумҳуриро минтақаи сайёҳӣ эълон намудааст.
Қадами дигари пешравии соҳа ба узвияти Созмони Ҷаҳони Сайёҳӣ қабул шудани Тоҷикистон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2007 ба узвияти ин созмон пазируфта шуд. Роҳбари ин ташкилоти бонуфуз моҳи майи соли 2010 ба Тоҷикистон омада, бо захираҳои сайёҳии мамлакат ошно шуд ва бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.
Содагардонии раводиди сайёҳӣ дар кишвар кори сайёҳонро осон намуд. Солҳои пеш маблағи хироҷ то 100-150 долларо ташкил медод. Акнун маблағи хироҷи ягона ҳамагӣ 25 доллар аст.
Моҳи декабри соли 2013 дар 12-умин ҷаласаи машварати назди Президенти мамлакат масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардида, нақшаи корӣ иборат аз 29 банд тартиб дода шуд.
Тоҷикистон бо кишварҳои Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Баҳрайн, Белорус, Озорбойҷон, Қатар, Кувайт, Эрон ва Малайзия шартнома оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ имзо кардааст.
Дар Тоҷикистон 2200 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки 8-тои он ба рӯйхати махсуси ЮНЕСКО шомил гаштаанд. Тоҷикон фарҳанги ғаниву қадимаи худро нигоҳ доштаанд. Аз ин рӯ, сайёҳони зиёде метавонанд бо нияти ошноӣ ба расму оинҳои мардумӣ ба кишвари мо оянд.
Имрӯз дар мамлакат зиёда 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Боиси хушнудист, ки дар ВМКБ ва минтақаи Зарафшон меҳмонхонаҳои зиёди хусусӣ амал мекунанд. Яъне, сокинони деҳот дар хонаҳои худ меҳмононро пазироӣ менамоянд.
Дар мамлакат шумораи меҳмонхонаҳо нисбат ба даврони Шӯравӣ ба маротиб афзуда, зиёда аз 75 ададро ташкил медиҳад.
Табиати Тоҷикистон чунон дилчасп аст, ки дар як вақт 4 фаслро дар он дучор омадан мумкин аст. Аз ин рӯ, сомонаи «Глобспот» Тоҷикистонро баъди Малта дуюмин кишвари барои саёҳати саргузаштии ҷолиб эътироф кард.
Имрӯз бисёриҳо медонанд, ки сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши муҳим мебошад. Масалан, дар Миср 60 фоиз ва дар Шведсария 34 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд. Даромад аз сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон солона боло меравад. Чунончӣ, соли 1980 дар Чин аз ин соҳа ба буҷа 617 миллион доллар ворид шуд. Соли 1997 бошад, ин рақам ба 17 миллиарду 74 миллион доллар расид.
Хулоса, рушди соҳаи туризм боиси пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, ободшавии роҳҳо, пуршавии меҳмонхонаҳо ва дар маҷмӯъ, ғанишавии буҷаи кишвар мешавад.
Камолиддин Шарифов ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ