Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Таҷаллии якдилӣ дар оинаи дӯстӣ

Агар ба таърихи давлатдорӣ назар намоем, пас маълум мегардад, ки ҳама пешравӣ ва мушкилот дар равобити байни давлатҳо ба дипломатия вобастагӣ доранд. Робитаи нек нақши калидии худро аз умқи асрҳо боз аз даст надодааст. Маҳз барқарорсозии робитаи ҳасана ҳама муноқишаҳоро ба эътидол оварда, ҷангҳои ҷаҳониро ба сулҳ табдил дода, муносибатҳои ҳамсоягиро барқарор ва дили инсонро ба зиндагӣ гарм намудааст. 


Халқи тоҷику ӯзбек низ давраҳои гуногуни пуртаҳаввулотро паси сар кардаанд ва ҳамбастагии онҳо дар варақҳои нигорини таърихи тамаддуни башарӣ чун халқҳои ба ҳам дӯсту бародар бо хати заррин сабт гардидаанд. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ равнақи тоза пайдо намуданд. Дар ниҳоди ин ду халқи ҳамтабору ҳамоин эҳсоси муҳаббат ва эҳтироми самимии бародарона дар як лаҳзаи зиндагӣ нисбат ба якдигар канда набуду нест. Хушбахтона, ба бахти ин ду халқи баору номус давраи нави ҳамкории байни давлатҳо фаро расид ва торҳои дӯстӣ аз абрешими эътиқод бори дигар ҷилои навро ба худ пайдо намуданд. 


Рӯзҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва эҳтироми байни халқҳои тоҷик ва ӯзбекро қудрату тавоноии нав бахшид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муносибати мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад». 


Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек қодир аст ҳама мушкилотро ба осонӣ ҳаллу фасл намояд. Далели ин андеша, суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад, ки дар рафти сафари расмияш ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 бо сарбаландӣ ва боварии комил аз натиҷаи гуфтушунидҳо қайд кард: «Дар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дигар ягон масъалаи ҳалнопазир намонд. Имрӯз тамоми мушкилоти бударо ҳаллу фасл намуда, қолабҳоро шикастем, ба тамоми масъалаҳо нуқта гузоштем ва имзои 27 санади нави ҳамкорӣ далели ин гуфтаҳост». 


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев тавонистанд қолабҳоро бишкананд ва бо нигоҳу неруи тоза ба сӯи ояндаи тамаддунофар ва дилпуркунанда қадам гузоранд. Аз кушода шудани гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи Панҷакент то гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг» нияти неку хайрхоҳонаи тоҷику ӯзбекро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ амалӣ сохт. 


Созишномаи байни Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриҳо тамоми сокинони ду давлати ба ҳам бародарро бисёр хурсанд ва рӯҳбаланд намуд. Минбаъд омӯзиши фанни забони ӯзбекӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон тақвият дода хоҳад шуд. 


Гардиши мол байни ҷумҳуриҳо дар ояндаи наздик ба 1 млрд. сомонӣ расонида мешавад, ки ин ба дараҷаи некуаҳволии ду халқи дӯсту бародар ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Аз нигоҳи дурнамои ин сафари расмӣ тавассути ҳамкориҳои байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон истеҳсоли қувваи барқ меафзояд ва аз ин неруи аз ҷиҳати экологӣ безарари барқи дар ояндаҳои наздик Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз истеҳсоли қувваи барқи Тоҷикистон 30% эҳтиёҷоти дохилии худро қонеъ менамояд. 


Дар рафти гуфтушунидҳо қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои ширинтарин обҳои дунё мебошад ва аз ин неъмати бебаҳо, пеш аз ҳама, халқи бародари ӯзбек бояд истифода барад. Дар тақвияти ин маънӣ, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди интиқол додани оби поку мусаффои кӯли Сарез ба Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон хеле писанд афтод. Хушбахтона, ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифт ва ҳалли худро хоҳад ёфт. Аз байн бурдани раводид (виза) то 30 рӯз барои сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз бузургтарин дастовез аз натиҷаи ин гуфтушуниди таърихӣ буд. Таассуроташро Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо як эҳсоси баланди инсоннавозона нисбати меҳмондӯстӣ ва самимияти баланди мардуми Тоҷикистон чунин иброз дошт, ки баёнгари табиати аслии мардуми мост: «Ман меҳру муҳаббати мардумро дар чашмонашон дидам….». Барои ман аз ҳама арзишмандтарин лаҳза тӯҳфаи куллиёти Ҷомӣ буд, ки махсус пеш аз сафар бо дастури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тошканд бо 3 забон - тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ бо номи «Махзани муҳаббат» (Муҳаббат махзани) нашр шудааст ва тӯҳфаи беҳтарин аст, ки аз тарафи халқи тоҷик пазируфта шуд. 


Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин сафар дар ҳақиқат дар таърих бо хатҳои заррин сабт мегардад. 


Амрулло Нурализода, муовини ректор оид ба таълими ДМИТ