Мақолаҳо
Одамон аз дӯсти ёбанд бахт….
Боиси ифтихор аст, ки баъд аз 27 соле, ки муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ду давлати ҳамсоя, яъне Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳолати ногувор қарор доштанд, аз нав эҳё гардиданд. Бо ташаббуси хирадмандонаи сарони ҳар ду давлат робитаҳо аз нав барқарор шуданд. Дӯстию бародарие, ки ҳазорсолаҳо байни ин ду миллате, ки як фарҳангу тамаддун доштанд, дигарбора барқарор шуд.
Вақте ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёв ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, 27-то Созишномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид, ки боиси рушду равнақ ёфтани соҳаҳои дар боло зикршудаи мамлакатҳо гардид.
Ҳамчунон бо ташаббуси сарони ҳар ду давлат 10 гузаргоҳи байнисарҳадӣ миёни ин ду давлати ҳаммарз кушода шуд, ки барои робитаи минбаъда дар самти додугирифти минбаъда заминагузор аст. Лозим ба қайд аст, ки кам гардидани андозҳои байнисарҳадӣ дар мавриди содироту воридоти молу маҳсулот ва инчунин зиёд намудани самтҳои афзалиятнок дар самти истеҳсолот, кушодани корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоягузории дуҷониба айни саривақтист, ки ин ҳама барои беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум ниҳоят зарур аст. Чуноне огаҳ ҳастем, дар ин рӯзҳо боз аввалин форуми Шӯрои соҳибкорони тоҷику ӯзбек баргузор гардид, ки дар он бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи форуми 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ пешбинӣ гардида буд. Дар форум зиёда аз 120 нафар соҳибкорони ҳарду ҷониб иштирок карданд. Ин форум барои зиёд намудани корхонаҳои истеҳсоливу тиҷоратии муштарак, дастигирии соҳибкорон, афзунгардонии номгӯи маҳсулот ва инчунин ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳарду ҷониб заминагузор гардид. Созишномае, ки дар байни Душанбе ва Тошканд ба маблағи 140 млн. доллар баста шуд, барои рушду густариши ҳамкориҳои соҳибкорони ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои муштарак дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 24 адад бо сармоя аз Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон 9 корхонаҳои муштарак бо ширкатҳои Ӯзбекистон фаъолият доранд, ки ин ҳам метавонад ба рушду густариши иқтисод таъсир расонад.
Мо, донишҷӯён, бояд бештар назар афканем ба самтҳои иқтисодиву молиявии ин муносибатҳо ва дар кадом сатҳ таъсиррасонии он ба самтҳои дигари фаъолият. Зеро ба ин восита ба буҷети ҷумҳурӣ боз ҳам бештар маблағ ворид мегардад, инчунин сатҳи бекорӣ низ кам гардида, номгӯи маҳсулот дар бозорҳо бештар мешавад ва беҳтар аз ҳама, ин муносибатҳои мутақобила ба паст шудани сатҳи нархҳо оварда мерасонад.
Аз нав эҳдо гардидани муносибатҳо байни ду кишвар ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки сатҳи нархҳо дар дохили кишвар паст шуда истодаанд ва ворид шудани маҳсулот бо нархҳои дастрас ба давлат ва аҳолӣ ин худ фоида мебошад ва мардум аз ин бисёр ҳам шод гардидаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷашни наврӯзии имсола, ки санаи 28.03.2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Панҷакент баргузор гардид, меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, бо санъату фарҳанги бойи тоҷикон боз як бори дигар аз наздик шинос шуданд. Меҳмонони ӯзбекистонӣ дар ин сафари худ аз дӯстии содиқонаи худ бо мардуми мо сухан карда, дар ин баробар аз муносибати неку меҳмоннавозонаи халқи тоҷик бисёр шод гардиданд. Мусаллам аст, ки чунин ҳамкориву ширкатҳои пайваста ба густариши робитаҳои минбаъда мусоидат хоҳанд кард.
Муллоҷон Маҳмадов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 1-25010202, факултети молия ва қарз