Мақолаҳо
Истифодаи самараноки захираҳои обӣ - асоси таъмини рушди устувор
Амалигардии қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, барои ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили ивазшавии қабати озонӣ, тағирёбии иқлими сайёра ва камшавии пиряхҳо, таъминоти аҳолии кураи замин ба оби нӯшокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист бахшида шуда, ҷомеаи ҷаҳониро як бори дигар оид ба оқилона истифодабарии захираҳои обӣ ва беҳдошти муҳити зист, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва рушди устувори инсонӣ ҳушдор месозад.
Норасоии оби нӯшокӣ имрӯз ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумотҳои омории ҷаҳонӣ то солҳои 2030-юм масъалаи қонеъгардонии талаботи солонаи аҳолии кураи замин бо оби нӯшокӣ ва дастрасии он аз сарчашмаҳо ба масъалаи муҳимми ҳастӣ табдил меёбад. Имрӯз дар ҷаҳон қариб 1 миллиард нафар аз истифодаи обҳои нӯшокӣ танқисӣ мекашад. Агар ин раванд идома ёбад, ба фикри мутахассисону коршиносони соҳа, баъди 20-25 сол аз нисф зиёди аҳолии кураи замин (беш аз 3 млрд.) ба норасоии захираҳои оби нӯшокӣ дучор мегарданд. Аз ин хотир, ташаббуси Пешвои миллат оид ба амалгардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии вазъи истифодаи захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ташаббускори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мебошад, аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, зиёда аз 50%-и сарчашмаҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди он рост меояд. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтааст, якҷоя шуда, захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки он дар ҳаҷми 845 млрд. метри кубӣ арзёбӣ мегардад. Дар маҷмӯъ, 55,4% захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки он дар ҳаҷми 64,0 км3/сол арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бойгарии захираҳои об дар миқёси ИДМ (СНГ) баъди Федератсияи Россия дар ҷои дуюм, дар миқёси Осиёи Марказӣ ҷои якум ва аз ҳисоби обҳои ширини нӯшокӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал ҷой дорад.
Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла барои обёрикунонии заминҳои корами обӣ истифода мешаванд. Махсусан, дараҷаи баланди аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обӣ мусоидат менамояд. Заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 фоизи заминҳои кишти кишоварзиро ишғол намуда, то 90 фоизи маҳсулоти умумии соҳаи мазкурро истеҳсол мекунанд ва таъкиди Пешвои Миллат дар Паёми соли гузашта оид ба руёнидани 2-3 ҳосил аз ҳар як гектари заминҳои обӣ ишора ба яке аз се ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Боз як нуқтаи дигарро бояд қайд намоем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза низ пешсаф мебошад, ки он 99,2% -ро дар ҳиссаи истеҳсоли гидроэнергетикии кишвар ташкил медиҳад. Агар мо иқтидорҳои (потенсиал)-и истеҳсолии қувваи барқи ҷумҳуриро таҳлил карда бароем, он гоҳ, ин нишондиҳанда тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд. кВт соат арзёбӣ мегардад. Шароитҳои табиӣ-иқлимӣ ва релефи ҷумҳурии мо бештар барои коркарди қувваи барқ мусоид буда дар як дарё аз 5 то 10 адад силсила НОБ сохтан мумкин аст, ки тасдиқи ин гуфтаҳо истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш, захираҳои гидроэнергетикии дарёи Сурхобу Хингоб ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Зарафшонро мисол овардан мумкин аст.
Имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад. Дар ин раванд тӯли 15 сол ҳамкориҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза ёфта, аз таҷрибаи ҳосилгардида пешниҳоди навбатӣ доир ба таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои обӣ мавқеи муҳимро ищғол менамоянд, заминаи мустаҳкам гузошт, ки хусусияти фарқкунанда дар он зуҳр меёбад, ки захираҳои обӣ ҳамчун як унсури асосии рушди устувор эътироф гардидааст.
Хулоса, дар сурати ҳалли дастаҷамъонаи проблемаҳои марбут ба захираҳои обӣ метавон дар оянда вазъиятро дар танзими оқилона истифодабарии онҳо беҳтар намуда, ҳолати беҳдошти муҳити зистро дуруст ба роҳ монем. Ба андешаи мо, тайи даҳсолаҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун майдони кушоди баррасӣ, ҳаллу фасли муаммоҳои минтақавӣ ва байналхалқии захираҳои обӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ гардида, ба таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарз