Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Масъулиятамон дучанд мешавад

Боиси хушнудист, ки имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи мо аз Донишкада ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Шоми 2 апрели соли ҷорӣ якбора сомонаҳои иҷтимоиро хабари ба донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаро гирифт. 


Саҳифаҳои интернетии тамоми дӯстони донишгоҳиямро наззора менамудам. Ҳама якдигарро таҳният менамуданд. Рӯзи дигар вақте ба саҳни донишгоҳ расидам, чунин дарёфтам, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо фараҳу шодӣ ҳамдигаррро табрик менамоянд. 


Мақоми навро гирифтани ин боргоҳи илму маърифат назди донишҷӯёни донишгоҳи мо масъулияти бештарро мегузорад. Месазад аз ин ба баъд мо аз худ дараҷаи баланди масъулиятнокӣ нишон дода, барои омӯзиши илмҳои замони муосир ва созгор ба вазъи имрӯзи ҷомеа саъйу талоши бештар варзем. Ҳамзамон, дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат ба ҳам омада, дар раванди эъмори давлатдории миллӣ, ки поягузори он Президенти маҳбубамон аст, камари ҳиммат бандем. 


Мусаллам аст, ки дар донишгоҳамон сафи устодони кордону ботаҷриба хеле зиёд аст. Бинобар ин устодони муҳтарамамонро зарур аст, ки дар такмилу густариши савияи донишҳои соҳавии шогирдон боз ҳам зиёдтар аз худ фаъолияти назаррас нишон диҳанд ва тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод равона созанд. Ба ин ҳадаф танҳо дар он сурат ноил гаштан мумкин аст, ки омӯзиши фанҳои тахассусии марбути кафедраҳо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монда шавад. Донишҷӯёнро низ дар ин росто мебояд, ки аз таҷрибаи устодони пешқадам самаранок истифода бурда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши хеш тамоми имкониятҳои мавҷударо ба манфиати хеш истифода баранд. 


Табиист, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аслан дар самти иқтисоду молия, кори бонкӣ, мақомоти андозу сохтори гумрукӣ, менеҷмент ва монанди инҳо мутахассис омода месозад. Доштани дипломи донишкада ё донишгоҳ нишонаи мутахассис буданро надорад, балки доштани донишҳои хуби назариявию амалии соҳавӣ, қобилияти хуби ташкилотчигиву роҳбаридоштан нишонаи мутахассис будан аст. Аз ин рӯ, донишҷӯёни донишгоҳи моро зарур аст, ки аз ин ба баъд дар ҳамин самт андешаи созгор дошта бошанд. Банда ҳамчун донишҷӯ ва раиси Созмони ҷавонони факултети ҳисобдорӣ ва омор дар тамоми конфронсу корҳои ҷамъиятӣ, ки дар дохили донишгоҳ ё берун аз он баргузор мешавад, иштирок менамоям ва кӯшиш мекунам, ки дар такмилу ривоҷи фаъолияти илмиву истеҳсолӣ ва мадании таълимгоҳамон заррае ҳам бошад, саҳми арзанда гузорам. 


Бо боварии комил гуфтаниам, ки мо, донишҷӯён, ҳаракат мекунем, донишгоҳамонро дар кӯтоҳтарин муддат ба яке аз беҳтарин муассисаҳои олии ҷумҳуриамон табдил диҳем Дар донишгоҳ таҳсил карда, мақсад гузоштаем, ки соҳибкасб шуда, ба роҳнамоиҳои Ҳукумати кишвар ҷавобгӯ бошем. 


Имрӯзҳо қаноатманд аз онем, ки сол то сол синфхонаҳо, биноҳо ва умуман, саҳни донишгоҳамон бисёр ободу зебо гашта истодааст. Бинобар ин аз ҳамагон даъват ба амал меорам, ки аз ин дида бештару беҳтар фаъолият баранд, вазифа ва уҳдадориҳояшонро саривақт ва бо сарбаландӣ иҷро намоянд. 


Дилшод Давлатзода, донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор, раиси Созмони ҷавонони факултет