Мақолаҳо
Ман ҳама вақт тасаввур мекардам, ки биҳишт ҷоест ба монанди китобхона!
Навиштаҷоти мазкур, ки ба шоир ва нависандаи машҳури аргентинӣ Хорхе Луис Борхес тааллуқ дорад, дар девори китобхонаи музофоти Санта Клара бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Ҳар шахси соҳибфарҳанг ва оқилу доно яқин медонад, ки сарчашмаи муваффақиятҳояш хондану омӯхтан ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир калиди пешравиҳо ва рушду тараққиёти давлатҳои алоҳида, ташаккули иқтисодиёти ба дониш асосёфта мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд дарк намоем, ки ранҷи хондан муваққатӣ буда, ранҷи нодонӣ абадӣ аст ва хондани китобу муроҷиат ба сарчашмаҳои гуногуни дониш шарти асосии ташаккули ҷомеаи тамаддунсоз ва иқтисодиёти инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол барои хондани китоб ва муроҷиат ба сарчашмаҳои дониш шароити мусоид фароҳам оварда шуда, солҳои охир дар ин самт тағйироти инқилобӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Махсусан, таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо, ташкили маблағгузории чопи осори гузаштагони соҳибкитоби мо, танзими шароити мусоид барои зиёиёни эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ дар суханрониҳояшон қобили зикри алоҳида буда, ҳар шахси соҳибфарҳанг, хусусан ҷавонон бояд дар китобхонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Вобаста ба ин, зимни суханронии хеш дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор Пешвои миллат ҷалби васеи аҳолиро ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб муҳим шумориданд. Ин таъкид асоси воқеӣ дорад, зеро китоб сарчашмаи дониш, аниси кунҷи танҳоӣ, омили асосии ташаккули инсони фарҳангӣ, дӯсти беғараз ва равшангари роҳи имрӯзу фардои ҳар як шахс ва халқияту миллатҳо ба ҳисоб меравад. Тарғиби мутолиаи китоб ва чопи китоб бо забони давлатӣ бо мақсади оммавигардонии китобхонӣ имконият медиҳад, ки сатҳи фарҳангу маданияти мардум боло рафта, нақши ҷаҳонбинии маънавӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон боло бурда шавад.
Таҷрибаи чандҳазорсолаи китобдорӣ ва китобхонӣ собит намудааст, ки китобхонӣ барои инкишофи шахсият, ғанӣ гаштани захираи луғавии вай, сатҳи фарҳангу маданият ва маълумотнокиаш таъсири бевосита расонида, таҷрибаи китобхонӣ дар ниҳоят ба таҷрибаи ҳаётӣ табдил меёбад. Ғайр аз ин, китоб дар интихоби роҳи ҳаётӣ кумак расонида, инсонро аз хато кардан нигоҳ медорад. Китоб дар шинохти ҷаҳони ботинии шахс низ нақши калидӣ дорад, зеро мо зимни мутолиаи китоб эҳсоси хурсандӣ, ғам, ҳайрат, оромӣ, афсурдагӣ ва парешонхотирӣ намуда, ҷаҳони ботинии хешро ғанӣ мегардонем.
Дар таърихи тамаддунофари халқи тоҷик китоб мақоми хосса ва ҷойгоҳи муқаддас дорад. Ҳамаи мо медонем, ки китоб дар аршу пештоқи хона, зери болини кӯдак, дар ҷойи амну ифтихорӣ гузошта шуда, хонандагону соҳибони китоб садрнишини анҷуманҳоянд. Хондани афсонаҳо барои тифл ҷаҳони кӯдакии ӯро рангин сохта, дар замираш орзуи қаҳрамон шудану бар мардум некӣ кардан пайдо мешавад. Дар воқеъ, ҳокимияти китоб болои инсоният инҳисорӣ буда, китоб рафти таърихро тағйир дода, инсоният дар хусуси некиву бадӣ, адолату беадолатӣ, дӯстиву душманӣ, қазову қадар ва ғайра аз китоб хабар ёфтааст.
Дар марҳилаи муосири рушд, ки китобҳои коғазиро таҷҳизоти электронӣ иваз намудаанд, моҳияти хондани китоб аз байн нарафтааст. Китобхонӣ ҳамоно муҳим боқӣ монда, масъалаи мазкур аз феҳристи вазифаҳои стратегии давлату ҳукуматҳо ҳаргиз берун нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, чанд далели муҳиммияти хондани китоб ва таваҷҷуҳ ба оммавигардонии мутолиаи китобро баррасӣ менамоем.
Ақлро инкишоф медиҳад. Бернар Вербер менависад, ки «Одамон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: якум, касоне, ки китоб мехонанд ва дуюм нафароне, ки онҳоро гӯш мекунанд. Бовар кун, ба якум беҳтаринҳо дохил мешаванд». Китоб моро меомӯзонад, ҷаҳонбинии моро васеъ мегардонад. Китобхонӣ арзишҳои ҳаётии шахсро тағйир медиҳад, ӯро хирадманд месозад, ба ҳамсуҳбати оқил табдил дода, аз самту соҳаҳои гуногуни илму амал огоҳ месозад. Аз ҳама муҳим, китоб маслиҳатгари беминнат аст.
Аз воқеият дур мекунад. Г.Торо менависад, ки «Одамони зиёде ҳастанд, ки аз хондани як китоби хуб давраи нави ҳаёти худро боз мекунанд». Оре, баъзан инсон мехоҳад аз воқеият дур шуда, каме бошад ҳам, аз мушкилоти рӯзгор фориғ гардад. Аз маҷмӯи роҳу воситаҳое, ки инсонро ба он ноил мегардонад ин китобхонӣ аст, чун дигар роҳу воситаҳо ба саломатӣ зарар ва ҳатто хатар эҷод мекунанд. Китобхонӣ моро ба ҷаҳони қаҳрамонҳо бурда, дар замири мо шуълаи умедро ба оянда дурахшонтар месозад.
Таҷрибаи ҳаётӣ. Пирогов Н.И. менависад, ки «Омӯзед, хонед, фикр ронед ва аз ҳамаи ин манфиате ба даст оред». Аз хондани китоб инсон таҷриба касб мекунад, зеро сабақи ҳаётии қаҳрамонони китоб моро ба хулосабарории амиқ водор намуда, ҳанӯз аз афсонаҳои кӯдакиамон ёд дорем, ки некиву бадӣ чист. Ҳамаи ин сабақ ва таҷрибаи ҳаётии мо гашта, моро аз ҳама шӯру шар эмин нигоҳ дошта, дар қабули қарор ба мо кумак менамояд.
Мусоидат дар ҳалли мушкилот. Сэмлоел Смайлс менависад, ки «Китобҳо дӯстони беҳтарин дар пириамон ва роҳбарони беҳтарин дар ҷавониҳоямон мебошанд». Китоб устод, омӯзгор ва рафиқи ҳаётии инсон аст. Китоби алоҳидаро интихоб ва мутолиа намуда, инсон соҳибкасби равияи алоҳида мегардад. Тавсия ва маслиҳатҳои муаллифи китоб дар ҳалли мушкилиҳои мо метавонанд ҳалкунанда бошанд.
Сарчашмаи илҳом. П.А. Павленко менависад, ки «Китоби сари вақт хондашуда муваффақияти калон аст. Он зиндагиро чунон тағйир медиҳад, ки на дӯсти беҳтарин ва на устод чунин карда наметавонанд». Саҳифаҳои китобро хонда шахс илҳом мегирад. Мехоҳад эҷод кунад, ҷаҳонро тағйир диҳад, зеро китоб рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Сафинаи вақт. Фрэнсис Бекон менависад, ки «Китоб ин сафинаи афкорест, ки дар амвоҷи вақт ҳаракат намуда, бори арзишманди худро аз насл ба насл мебарад». Мутолиаи китоби таърихӣ моро ба ҳазорсолаҳои пеш ва китоби тахайюлотӣ (фантастикӣ) бошад, моро ба ояндаи дур мебарад. Китоб моро дар сафинаи вақт ба гузаштаву оянда шинос мекунад.
Пайдоиши технологияи нав ва тағйир ёфтани шаклу усули интиқол ва паҳнкунии дониш мазмун, моҳият ва мавҷудияти ҷисмонии китобро аз байн бурда наметавонад. Бӯйи китоб, садои варақгардонии он ва муҳити китобхона дар ҳама давру замон пойдор боқӣ хоҳад монд, зеро «китоб моҳияти тозатарини рӯҳи инсон аст».
Бо ҳамин мақсад, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои китобхонӣ ва тарғиби оммавигардонии он шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташаббуси раёсати донишгоҳ мунтазам бо даъвати меҳмонон маҳфили мутолиаи китоб баргузор карда мешавад. Дар баробари ин, садорати факултетҳо, кафедраҳои марбута ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ фаъолнокии донишҷӯён ва магистронро дар самти мутолиаи китоб зери назорат гирифта, дар донишгоҳ нақшаи ташриф ба китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи шаҳрӣ ва китобхонаи миллӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Донишгоҳ дорои китобхонаи муосир ва ҷавобгӯ ба ҳама талабот буда, садҳо ҳазор китоб шомили фонди он мебошад. Ғайр аз ин, махзани китобхонаи электронии таълимгоҳ зиёда аз ним миллион нусхаро фаро гирифта, аксаран таълифоти солҳои охир ба ҳисоб мераванд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти китобхонаи илмиро тақвият бахшида, китобхонаи бадеӣ таъсис диҳад ва дар ояндаи наздик феҳристи электронии ҷустуҷӯиро ҷорӣ намояд, ки кори истифодабарандагонро осон менамояд.
Дар баробари ин, бо супориши бевоситаи ректори донишгоҳ толорҳои мутолиаи китоб, ки дар хобгоҳҳо ҷойгиранд, бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шуда, рафти мутолиаи китоб аз ҷониби донишҷӯён мониторинг карда мешавад. Мувофиқи мақсад мебуд, агар барои гирифтани ҳуқуқи истиқомат дар хобгоҳҳои донишгоҳ, варақаи мутолиаи китоби донишҷӯ санҷида шуда, яке аз шартҳои он хондани на кам аз панҷ китоби бадеӣ дар давоми соли таҳсил муайян карда мешуд.
Ҳамин тавр, китобхонӣ ва оммавӣ гардонидани он омили муҳимтарини рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб рафта, бе китоб ҳаёт беранг ва нутқ заиф мегардад.
Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм