Мақолаҳо
Обро сарфа бояд кард
Об ин захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. Аз ин рӯ, ҳастии инсонро дар табиат бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул карда шудааст ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори мавзӯи об шинохта шудааст. Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, дар истифода намудани об масъул ва саҳмгузор бошем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази қитъаи бузурги Осиё ҷойгир асту аз ҷиҳати захираи неруи об дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. 55 фоизи захираи обҳои Осиёи Марказиро обҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои мамлакати мо захираи бузурги барфу пиряхҳо вуҷуд дорад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳои хурду калон, ки дарозиашон аз 10 км зиёд аст, ҷорӣ мегарданд, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар аст. Агар сарчашмаи захираҳои неруи обро дар ҳудуди ҷумҳурӣ дида бароем, чунин ба назар мерасад: 62 фоиз дар ноҳияҳои ҷанубу ғарб, (рӯдҳои Панҷу Вахш), 27 фоиз рӯдҳои Бадахшон, 11 фоизаш ба рӯдҳои ноҳияҳои шимолӣ рост меояд, яъне захираи неруи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз минтақаҳо нобаробар ҷойгир шудааст. Инчунин дар мамлакат беш 1300 кӯл, ки масоҳати умумии онҳо ба 705 〖км〗^2 баробар аст, вуҷуд доранд. Дар ин кӯлҳо 43,6 〖км〗^3 об захира гаштааст ва аз ин 20 〖км〗^3 оби ошомиданиро ташкил медиҳад. Аммо бо гузашти вақт, тағйирёбии иқлим ба гармшавии ҳарорат дар Осиёи Марказӣ ба захираҳои обии ин минтақа таъсири манфии худро расонида истодааст. Дар натиҷаи гармшавии иқлим масоҳати пиряхҳо кам шуда истодааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сад соли охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон 30% кам гаштаанд. Ин мушкилие мебошад, ки на танҳо Осиёи Марказӣ, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Тоҷикистон аз лиҳози захираи обӣ бой маҳсуб меёбад ва дар сарманзари рӯдҳои об, ки ояндааш ба давлатҳои ҳамсоя мерезад, қарор дорад. Тоҷикистон метавонад бо пиряхҳои азимаш боз садсолаҳо худ ва дигар давлатҳои ҳамсояро бо об таъмин намояд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбӯси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи Марказӣ хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунанд.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон шукрона мекунем, ки дар диёри азизи мо ин муъҷизаи нодир бештар ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб карда, шумораи сайёҳонро ба кишвари мо бештар мегардонад.
Имрӯз, ки мо дар асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб моро зарур аст, ки барои солимии ҷомеаи худ, барои сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон ба ҳифз кардани ин неъмати бузурги илоҳӣ машғул бошем ва барои тоза нигоҳ доштанаш кӯшиши зиёд намоем. Зеро оби тоза ин шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфера ва моддаи нодиртарини захираҳои табиӣ арзёбӣ мешавад. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад ва дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебараду худашро аз ифлосиву нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин нигоҳ медорад. Боиси таассуф аст, ки ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст ва беш аз 2 миллиард нафар аҳолии сайёраи Замин норасоии оби ошомиданиро эҳсос менамоянд. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳои Антарктида ва Арктика, дар минтақаҳои яхбандии доимӣ ва пиряхҳои кӯҳӣ ба миқдори 2,53% маҳфуз аст.
Дар ҳоле ки асоси ҳастии ҳамаи мавҷудоти оламро об ташкил медиҳад, мо вазифадорем ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем. Нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали ноҷое нисбати он раво бинад. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асилу комил аст. Зеро:
Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Аммо, мутаассифона, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мегардад, ки об бе сарфакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беқадрии он аз тарафи бархе инсонҳои бехирад нодида гирифта мешавад, ҷӯйҳову рӯдҳоро ифлос мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки дар мавзеъҳои поёноб аз обҳои ин рӯдҳо истифода мебаранд. Аз ин рӯ, аввалан мо насли наврасро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати беҳамто расем ва арзишу қиматашро ба дигарон фаҳмонем.
Саидасрор Наимов, донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт