Мақолаҳо
Истиқлолияти сиёсӣ кафили сулҳу суботи кишвар
Инсон ҳамчун падидаи биоиҷтимоӣ эҳтиёҷ ба озодӣ ва худамалкунӣ дорад. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар хаёли озодӣ ва соҳибихтиёрӣ аст. Озодие, ки ӯ мехоҳад бо назардошти унсурҳои дигари атроф номаҳдуд нест, зеро ки ин гуна озодӣ ба атрофиён низ зарур аст. Ин шакл ва ҳолати озодӣ дар сатҳи фардӣ баррасӣ мегардад. Бо гузашти айём ташаккул ёфтани хоҳиши дастаҷамъонаи одамон, зарурат ба падидае шуд, ки тавонад ин идда одамонро хушбахт гардонад. Ба сифати чунин падида истиқлолият баромад менамояд, ки он бидуни ташкили сохтори сиёсии муайян номумкин аст.
Сарнавишти кишвари мо дар раванди ҷомеаи навини демократӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 бо фоҷиаи бузурги миллат - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайваст. Воқеае, ки бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳи нотавониву ноумедӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд. Сохторҳои қудратии давлат фалаҷ гардида буд. Истеҳсолот аз фаъолият монда, самти муътадили инкишофи он вайрон гардида, гуруснагиву қашшоқӣ минтақаҳои ҷангзадаро фаро гирифт. Дар кишвар оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигар, қатлу ғорат, гиряву нолаи ятимон ва модарони аламзада идома меёфт.
Ҳамин тариқ, дар дохил ва беруни Тоҷикистон қувваҳои солими сиёсии кишвар, ки барояшон оромии кишвар аз ҳама азиз буд, ҳар чӣ барвақт мекӯшиданд, ки ҳокимияти қонуниро барқарор намоянд. Ниҳоят, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани кишвар, раванди бавуҷудоӣ, инкишоф ва мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ дар кишвар собит месозад, ки дарвоқеъ, намояндагони мардумӣ дар он рӯзҳои вазнин бо мақсади оромии кишвар кори бузургеро анҷом доданд, ки дар интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти бузургро ба майдони сиёсат ва давлати Тоҷикистон оварданд ва комёбиҳои минбаъдаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бо номи ӯ сахт алоқаманд аст. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард.
Амалҳое, ки дар замони истиқлол баҳри ҳимоя ва инкишоф ба харҷ омадаанд, кам нестанд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовиматҳои гӯё оштинопазир аз ҷумлаи инҳоянд. Яке аз муҳимтарин амалҳои истиқлолиятгароӣ ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он мебошад. Дарвоқеъ, Конститутсияи Тоҷикистон дар давраи ҳассоси истиқлолиятгароӣ заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ дар раванди инкишофи таърихӣ ва асоси ислоҳоти системаи сиёсии ҷомеа гардид. Қабули Конститутсия чаҳорчӯбаи низоми муносибатҳои дохилии кишварро, ки бенизомӣ ба авҷи аъло расида буд, таъмин намуд.
Масъалаи дигаре, ки дар роҳи ташаккул ва таҳкими истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, ин аъзо гардидани он ба СММ ва шинохти он аз тарафи теъдоди зиёди мамлакатҳо, бахусус кишварҳои ҳамҷавор мебошад. Ҳолати мазкур имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналхалқӣ сиёсати фаъоли дохилӣ ва хориҷиашро пеш барад.
Истиқлолияти сиёсӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолияти сиёсӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин давра ҳамзамон бо пешравиҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлол аз файзу баракати истиқлолияти сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошанд. Лекин, мутаассифона, ин оромӣ ва пешравиҳо на ба ҳама хуш меояд ва на ҳама ба онҳо бо назари некбинона ва хайрхоҳона менигаранд. Баъзе аз ҳасудон ба хотири ба даст овардани манфиатҳои маҳдуди хеш бо дастгирии доираҳои гуногуни ҷаҳонӣ мехоҳанд дар кишвар дубора хараҷу мараҷ ва бесарусомониро ба бор оварда, ба тақдиру сарнавишти миллат бозӣ кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари солҳои 90-уми асри XX нест, ки қудратхоҳони гуногун нақши давлатро поин оварда, Ватанро ба хоку хун кашанд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти пурқудрате ба вуҷуд омадааст, ки мошини қудратманди давлатро ба кор даровардааст. Ҷойгоҳи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ва ҷаҳону минтақа мавқеи хело бориз дорад. Файласуфи бузурги Юнони қадим Арасту мефармояд: «Шахсе, ки баҳри ғанӣ гардонидани давлати хеш андеша ва қувваашро сарф менамояд, аз ҷумлаи беҳтаринҳост». Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пойдории истиқлолияти сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллиамон саҳмгузор бошем. Тамоми имконият ва воситаҳоро истифода намуда, таҳким ва такмили ватанпарастиро дар заминаи инкишофи худшиносии миллӣ тарғибу ташвиқ бояд намуд.
Иқбол Ҷобиров, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ