Мақолаҳо
Танзим - ибтидои таҳаввули афкор
Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳимми зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Тақлидкорӣ ва рақобат дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуд. Кор то ҷое расид, ки ғаму андуҳи хароҷоти пас аз марги наздикон на танҳо боиси ғами вазнин гардид, балки масрафкориҳои зиёдатиро низ ба вуҷуд овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро ҳамаҷониба дарк намуда, бамаврид таъкид карданд: «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ва ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ғамхории Сарвари давлат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулосае омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта ва бидъатҳо, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст. Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро ба зарурати қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, ташкили раёсати махсусеро дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт масъалагузорӣ намуд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Қонуни мазкур барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар мусоидат намуда, ибтидои таҳаввули афкор дар озодшавии мардум аз хуруфот, одатҳои нолозим ва анъанаҳои вазнин мебошад.
Ин Қонуни бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар равона гардидааст.
Ҷаҳонгир Муродов, донишҷӯи курси 3, факултети иқтисод ва бизнес