Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ИҒВОАНГЕЗИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Барои ҳар халқу миллат истиқлолият ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бузургтарине ҳастанд, ки дар раванди таърих насибашон мегардад. Расидан ба қадри ин неъматҳои бебаҳо қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Миллати истиқлолхоҳу озодипарасти тоҷик низ аз ин неъматҳои бебаҳо бархўрдор гардид. Имрўз миллати тоҷик дар фазои озоду ором зиндагӣ доранд ва шукргузорӣ аз давраи соҳибихтиёрӣ мекунанд. Миллати тоҷик тамоми кўшиши худро ба харҷ дода истодаааст, ки истиқлолияти давлатиро такмил диҳад. 


Дар ҷомеа ҳастанд гуруҳҳо ва ташкилоту созмонҳое, ки моҳият ва аҳамияту қадри истиқлолиятро намедонанд ва бо ҳар роҳ кўшиш мекунанд истиқлолияти давлатиро халалдор кунанд. Мутаасифона баъзе афрод ва гуруҳҳо бо дастгирии маънавию молиявии кишварҳои хориҷӣ фаъолияти тахрибкорона бурда, мехоҳанд бо истифода аз арзишҳои динӣ ба манфиатҳои ғаразноки худ расанд.


Чанде пеш дар шаҳри Варшава Паймони миллии Тоҷикистон аз тарафи гуруҳҳову ташкилотҳои террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Ин паймонро ҳизбу ҳаракатҳое таъсис доданд, ки ҳамаашон хосияти террористиву экстремистӣ дошта, муқобили манфиатҳои миллии Тоҷикистон кору фаъолият доранд. Ҳамагон шоҳидем, ки ТЭТ ҲНИТ солҳои навадуми қарни гузашта ба чи ҷиноятҳо даст зада буду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Новобаста аз он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардид ва аксари ҷинояткорони ин ташкилоти террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ҳанўз ҳам боқимондаҳои онҳо, ки нафасҳои оҳирини худро дар озодӣ кашида истодаанд, бо ёрии баъзе кишварҳои барои мо ба ном дўст фаъолити тахрибкоронаи худро идома дода истодаанд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон имрўз шукргузорӣ аз фазои орому босубот мекунем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии ба мисли паймони дар боло зикршуда ба фазои ороми кишвари мо дохил шаванд ва пайи манфиатҳои ғаразноки худу хоҷагони хориҷиашон шаванд. 


Мо раёсат, кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии молия ва иктисоди Тоҷикистон таъсиси ин паймони террористиро ҳаматарафа маҳкум менамоем ва ба хоинону душманони миллат гуфтанием, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасед. Миллати тоҷик имрўз зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои стратегии худ расиданд ва рў ба сўи ояндаи боз ҳам дурахшонтар ниҳодаанд. Ҳушёриву зиракии сиёсии шаҳрвандони кишвар дигар имкон намедиҳад, ки нерўҳои аҳримание мисли Паймони миллии Тоҷикистон вазъи босуботи кишварро халалдор кунад.