Мақолаҳо
НАҲЗАТИЁН ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ҶИНОЯТКОРОНАИ ХУДРО НИШОН ДОДАНД
Хабари таъсиси ташкилоти иғовоангези Паймони миллии Тоҷикистон аз тарафи хоинони миллат бо роҳбарии Муҳиддин Кабириро расонаҳои тавтеаангез ҳамчун як ҳодисаи гуё бисёр «бузург» ва «таърихӣ» нишон додан мехоҳанд. Лекин ин хоинон бехабар аз онанд, ки зери роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик ҳушёриву зиракии сиёсии худро сайқал додааст ва дигар ба найрангҳову фиребҳои душманони дохиливу хориҷӣ дода намешавад.
Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон Муҳиддин Кабирӣ бори дигар собит намуд, ки комилан танҳо мондааст. Зеро ин паймонро Гурӯҳи 24, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва ҳамчунин Анҷумани неруҳои созандаи Додоҷони Атовулло ба як пули пучак нагирифта, аз иштирок дар он даст кашиданд. Шахсияти нафарони бо ҲНИТ паймонкарда - А. Шерзамонов, Ш. Гадоев ва И. Ёқубзода ба ҳамагон маълум аст. Инҳо ҳамчун нафарони беҳуввият ва ҷою мақоми худро дар ҷомеъа пайдо накарда шинохта шуда, холисан саводи мукаммали на дунявӣ ва на динӣ доранд. Ин аст, ки бо вазидани каме бод ба ҳар тараф моил мешаванд ва дар пайи беҳ намудани вазъи молиявии худ ҳастанд. Баъдан, нафарони ба паймон имзогузошта ба маънои томаш аъзои як ташкилоти террористӣ буданд ва вонамуд кардани он, ки онҳо тоза ба ҳам омадаанд, аблаҳии навбатии ба ном мухолифин аст.
Ҳамагон шоҳиданд, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ солҳои зиёд номи дини мубини исломро истифода карда, мехостанд манфиатҳои ғаразноки худро дар кишвари азизи мо пиёда кунанд ва фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари миллати тоҷик бор кунанд. Аммо хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва душманони миллату хоҷагони хориҷиашон ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд.
Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава боз аъзоёни авбошмаоби ТТЭ ҲНИТ бо ҳайати ҳукуматӣ ба муноқиша пардохтаанд. Яке аз фаълони ин ҳизби террористӣ - Сулаймони Орзу, ки бо амалҳои иғвогарона ва авбошонааш дар сомонаҳои интернетӣ машҳур гаштааст, ин даъфа низ ором наистода, аст ба тавтеа зад. Номбурда ба дасти Аёмиддин Сатторов, собиқ узви раёсати ҲНИТ навиштаҷоте рӯи коғаз бо матни "Зиндониҳои сиёсиро озод кунед" дода хост акси ӯро бигирад. Ин амали ӯ танҳо ва танҳо тавтеаи муноқиша буду бас. Ҳайати ҳукуматӣ ин амали Сулаймони Орзуро пешгирӣ намудаанд. Мувофиқи суханони Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, бо ин кирдорашон аъзоёни ТТЭ ҲНИТ сатҳи бархӯрду эътирозашонро нишон доданд. Кирдорҳои онҳо иғвоангезона буда, намояндагони пулис ба ҳодиса расидагӣ намудааст. Ҳамчунин масъулини мамлакати Полша дар ҷаласа аз ҳайати ҳукумат узр хостанд.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2017 Сулаймони Орзу бо хондани намоз дар кучаҳои Олмон ва наворбардорию паҳн кардани он худро расонаӣ намуда буд. Он вақт ӯ иддао менамуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодиҳои динӣ нест. Ҳол он, ки дар ҷумҳурӣ дар тамоми маҳалҳои аҳолинишин шумораи зиёди масҷидҳо фаъолият дошта, дар шаҳри Душанбе бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна сохта шуда истодааст. Ин амалкарди Сулаймони Орзуро он вақт коршиносон «Намози сиёсӣ» номида буданд.
Раёсат, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалҳои иғвоангезона ва тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ-ро куллан маҳкум намуда, аз созмонҳои байналхалқӣ махсусан САҲА даъват ба амал меоранд, ки барои авҷ нагирифтани терроризму экстремизм бо роҳи додани минбар ба гуруҳҳои террористие мисли ТЭТ ҲНИТ шароит муҳай насозанд.