Мақолаҳо
Чеҳраи манфури наҳзатиён ошкор шуд!
Барои ҳар халқу миллат истиқлолият ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бузургтарине ҳастанд, ки дар раванди таърих насибашон мегардад. Расидан ба қадри ин неъматҳои бебаҳо қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар ҷомеа ҳастанд гуруҳҳо ва ташкилоту созмонҳое, ки моҳият ва аҳамияту қадри истиқлолиятро намедонанд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд истиқлолияти давлатиро халалдор кунанд. Мутаасифона баъзе афрод ва гуруҳҳо бо дастгирии маънавию молиявии кишварҳои хориҷӣ фаъолияти тахрибкорона бурда, мехоҳанд бо истифода аз арзишҳои динӣ ба манфиатҳои ғаразноки худ расанд.
Яке аз ин гуна гурӯҳҳо ТЭТ ҲНИТ ва ҳамаслаконаш мебошанд, ки барои рӯйпуш намудани нокомиҳояшон чанд гуруҳро аз сафи аъзоёни худ таъсис дода, чашми мардумро бо ин гуруҳчаҳо, ки аъзоёни ҳар яки он аз 4-5 нафари зиёд нестанд, хок пошидан мехоҳанд. Ҷаласае, ки дар рузҳои охир дар Варшава баргузор гардид, тасдиқи гуфтаҳои болост. Ва чунин сурат гирифтани ин ҷаласа тамоми мардуми тоҷику Тоҷикистониро ба ғазаб овард.
Расонаӣ шудании боз як созмони наве аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ бо унвони «Паймони миллии Тоҷикистон» дар Иттиҳоди Аврупо, дар шаҳри Варшава моро ором намегузорад. ТЭТ ҲНИТ як вақтҳо ҳаракати «Ансоруллоҳ»-ро низ ҳамчун як шуъбаи худ таъсис дода буд, вале имрӯз аз он зоҳиран канорагирӣ менамояд, гӯё, ки «Ансоруллоҳ» дигар барои ТЭТ ҲНИТ вуҷуд надошта бошад. Вале коршиносон медонанд, ки «Ансоруллоҳ», ки сарвараш мулло Амриддин аст, яке аз қанотҳои ТЭТ ҲНИТ буда, аслан барномаи онро иҷро менамояд.
Дар бораи таъсиси ин Паймон ҳаминро бояд бигуем, ки дар паси ҳамаи ин корҳо Муҳиддин Кабирӣ меистад, чунки Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат мебошанд. Аммо гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи «мухолифин»-ро намояндагӣ мекунанд.
Хабари таъсиси ташкилоти иғовоангези Паймони миллии Тоҷикистон аз тарафи хоинони миллат бо роҳбарии Муҳиддин Кабириро расонаҳои иғвоангези дохиливу хориҷӣ ҳамчун як ҳодисаи ба гуфти худашон гуё «бузург» ва «таърихӣ» нишон додан мехоҳанд. Аммо ин хоинон бехабар аз онанд, ки миллати тоҷик дигар ба найрангҳову фиребҳои душманони дохиливу хориҷӣ дода намешаванд.
Шахсияти нафарони бо ҲНИТ паймонкарда - А. Шерзамонов, Ш. Гадоев ва И. Ёқубзода ба ҳамагон маълум аст. Инҳо ҳамчун нафарони беҳуввият ва ҷою мақоми худро дар ҷомеъа пайдо накарда шинохта шуда, холисан саводи мукаммали на дунявӣ ва на динӣ доранд. Ин аст, ки бо вазидани каме бод ба ҳар тараф моил мешаванд ва дар пайи беҳ намудани вазъи молиявии худ ҳастанд. Баъдан, нафарони ба паймон имзогузошта ба маънои томаш аъзои як ташкилоти террористӣ буданд ва вонамуд кардани он, ки онҳо тоза ба ҳам омадаанд, аблаҳии навбатии ба ном мухолифин аст.
Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава боз аъзоёни авбоштабиати ТЭТ ҲНИТ бо ҳайати ҳукуматӣ ба муноқиша пардохтаанд. Тибқи чунин супориш наҳзатиҳо ҳолатеро ба миён оварданд, ки Мурод Саидзода намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба ғайр аз фаровардани як мушти обдор ба башараи онҳо дигар илоҷе надошт. Ин на танҳо мушти Мурод Саидзода буд, балки мушти тамоми миллати тоҷик ба чеҳраи манфури наҳзат буд, ки мардум шоҳиди ҷангҷӯии ҲНИТ гардид. Хоинон ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд. Онҳо натанҳо ватан, балки ору номус, виҷдон ва шахсияти худро низ фурухтаанд.
Ҳамагон шоҳиданд, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ солҳои зиёд номи дини мубини исломро истифода карда, мехостанд манфиатҳои ғаразноки худро дар кишвари азизи мо пиёда кунанд ва фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари миллати тоҷик бор кунанд. Аммо хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва душманони миллату хоҷагони хориҷиашон ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд.
Ҳадафи асосии Кабирӣ ва ҳамаслаконаш аз ташкили чунин ҷамъомадҳо - ин манқуртсозии аъзоёни боқимондаи наҳзатиҳо ва бо ваъдаҳои «ояндаи фиребанда» ҷалби ҷонибдорон мебошад. Ҳамаи ин талошҳо барои нишон додани «неруи қалбакӣ» -и хеш дар назди хоҷагони худ роҳандозӣ карда мешавад.
Мо амалҳои иғвоангезона ва тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ-ро куллан маҳкум намуда, аз созмонҳои байналхалқӣ махсусан САҲА даъват ба амал меорем, ки барои баромад кардани хоинони миллат дар ин гуна чорабиниҳо шароит муҳай насозанд.
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ н.и.т., дотсент Насриддинов Х