Мақолаҳо
Душманони миллат ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид!
Чумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дере нагузашта ба ҷанги шаҳрвандӣ ру ба ру гашт. Ҳамон ҷанге, ки ба номи тоҷик дар саҳфаҳои таърих мехостанд иснод оранд. Ба сарнавишти Точикистон аз берун душманон мудохила намуда, ният доштанд, ки ин кишварро аз харитаи ҷаҳон берун созанд. Ватандорони асил талош мекарданд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин даргириҳоро бигиранд. Вале вазъияти кишвар руз ба руз муташанниҷ мегашт. Ин ҳолат фурсатеро барои ҷинояткорону манфиатхоҳони дохиливу хориҷӣ фароҳам сохт ва ҷинояткороне, ки хостаҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро мекарданд, барои мураккабтар кардани вазъияти сиёсӣ як қатор равшанфикрони кишварро ба қатл мерасониданд.
Тибқи таҳлилҳои коршиносону таҳлилгарон ҳадафи ин амалҳои террористӣ ва ваҳшиёна ба қатл расонидани чеҳраҳои шинохтаи кишвар, дар давраҳои ҷангиву баъди ҷангӣ маҳз он буд, ки мардум дигар ба суботу амният эътимод накунад ва ба ин васила мехостанд қудратро дар даст бигиранд. Вале ин бехирадон нафаҳмиданд, ки мардуми тоҷикро на бо танку туп ё силоҳ, балки бо ақлу заковат метавон раҳбарӣ кард. Ҳамин хел ҳам шуд, офаридгор ба мардуми тоҷик раҳбареро эҳдо кард, ки он тавонист бо ақлу заковат, мардонагӣ ва талошу ҷонбозҳои шабонарӯзии худ кишварро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нахустин суханронияшон иброз дошта буданд, ки ҳастиямро барои осоиштагии миллат ва бақои давлатам мебахшам, ба ҷанги дохилии кишвар хотима бахшида, роҳи сулҳу салоҳ ва созандагиро пеш гирифт. Бо қабули барномаҳои давлатӣ ва роҳандози намудани сиёсати дарҳои боз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти 27 соли соҳибистиқлолӣ ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, ба як кишвари мутаракқӣ ва меҳварӣ дар минтақа табдил ёфт ва мақоми хосаеро соҳиб гардид. Вале баъзе пастфитратон ва нотавонбинон ин дастовардҳоро нодида гирифта, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ, мехоҳанд дубора мардумро парешон ва кишварро ноором созанд. Далели ин гуфтаҳо иштироки як гуруҳ хоинону пастфитратон махсусан Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши навбатии САҲА дар Варшава мебошад. Ин пастфитратон, ки худро ҳамеша дар оғуши хориҷиҳо мепартофтанд, ин навбат худро ба оғуши Аврупо партофта, бо суханони пучу беасос аз худ дифоъ карда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, нодида мегиранд.
Тоҷикистон бо Пешвои худ оламшумул мешавад дав дав,
Сагон ангушти ҳайрат мегазанд, мекунанд аз Аврупо ав ав.
Ин наҳзатиҳои бадбахту ифротӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо истифода аз арзишҳои дини Ислом аз ҷумла бо саллаву риш, имону этиқод бо ихтилоф эҷод кардан миёни падару фарзанд, ба қатл расонидани равшанфиқрони кишвар, натавонистан қудратро дар даст бигиранд. Дар солҳои баъдиҷангӣ симову сурати худро дигар карда, Кабирии хоинро роҳбар интихоб намуданд ва тарки саллаву риш намуда, ҳизб таъсис доданд ва ба мардум «Исломи нав» баҳри ба сари қудрат расиданашон ваъда карданд, вале боз мувафақ нашуданд. Аз соли 2008 то моҳи августи соли 2018 роҳи зуриро пеш гирифта, бо гумроҳ намудани ҷавонони ноогоҳ ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ вазъро мехостан дар Тоҷикистон дуюмбора ноором кунанд, боз мувафақ нашуданд. Инак аз моҳи сентябри соли 2018 роҳи дигарро интихоб намуда, бо Паймони сиёҳу ноумедӣ ва бо усули «Рақсу бозӣ» яъне «Мулоҳои замонавӣ дар дискотека» ва бо санг андохтан ба пешравиҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, мехоҳанд боз ба эътиқоди мардум бозӣ кунанд.
Аз назари сиёсат не танҳо аз назари инсонӣ ба ҳама маълум аст, ки фаъолият ва ҷонбозиҳои шабонарӯзие, ки дар давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пойдории истиқлолият, сулҳу амният, тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ, боло бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ анҷом додаанд, то кунун на падаронатон ва на худатон анҷом надодаед ва нияти хайр ҳам надоред ҷуз бало ба сари мардуми тоҷик гаштан.
Ин бадбахто бо истифода аз арзишҳои дини мубини Ислом ва бо ёрии хоҷагони хориҷии худ натавонистанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Инак роҳи дигареро пеш гирифта, мехоҳанд бо ба қатл расонидани сайёҳони хориҷию бо тағир додани чехраҳои сиёҳу сафед, аз минбарҳои хориҷӣ истифода бурда, гуё худро дифо мекарда бошанд. Ҳама мардуми шарифи кишвар медонад, ки шумо зарҳариде ҳастед, ки дар гузашта, ҳозир ва дар оянда низ ба хотири амалӣ гардонидани ғояҳои хоҷагони хориҷиятон ҳамеша ҷавонони ноогоҳро қурбон мекунед.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон иброз медоранд, ки дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зуҳуротҳое аз қабили терроризму ифротгароӣ авҷ намудаанд, ки тавасути созмону ташкилот ва сомонаҳои интернетӣ шараёнҳои хуну мағзи ҷавонону наврасонро заҳролуд месозанд. Ҷомеаи ҷаҳониро зарураст, ки дар нисбати кишварҳое, ки нигоҳ ва сиёсати духура доранду аз гуруҳои террористӣ ҳимоят мекунанд ҷораҷуӣ намояд. Муссалам аст, ки ҳадафи гурӯҳҳои террористӣ танҳо пиёда сохтани нақшаҳои зишти худ ва ноором сохтани ҷомеаҳост. Ба андешаи коршиносон танҳо миллату давлатҳое аз даҳшатафканиҳои ин гурӯҳҳо дар амон буда метавонанд, ки дар онҳо ваҳдату якдигарфаҳмӣ пойбарҷост ва насли ҷавони ин кишварҳо аз маърифати баланди сиёсӣ бархӯрдор аст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз даст надодани зиркии сиёсӣ таъкид медоранд ва ҳамеша аз xавонон даъват ба амал меоранд, ки рӯ ба илм ва донишҳои муосир оранд. Барои пойдории амният, сулҳу салоҳ шаҳрвандони кишвар махсусан ҷавонони даврони истиқлолро зарураст, ки фирефтаи шахсони манфиатхоҳ нагарданд, зеро онҳо ба хоҷагони хориҷӣ хизмат мекунанд.
Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,
Маънии «Ҳуб-ул-Ватан» фармудаи пайғамбар аст.
Маҳина Илчибекова ва Зулфия Мирзоева - устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ