Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ваҳдати мо устувор аст

Дини мубини ислом, ки асрҳо арзи ҳастӣ дорад, ба ягон таҳлилу навоварӣ, такмилу тарҳрезии дигар муҳтоҷ нест. Ин дин аз замони пайдоишаш то имрӯз ҳамеша талқини онро дорад, ки одамон бо ҳамдигар дӯст бощанд, якдигарро наранҷонанд, ҳалиму хоксор, якдигарфаҳму баинсоф бошанд, ба якдигар қасд накунанд ва бад-ин маънӣ дар сураи «Ҳуҷурот» фармуда: «Мусулмонҳо ба ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд Шумо бахшида шавед.» (Қуръон, 49:10) Инчунин, дар «Қуръон»-и маҷид (дар Сураи Нисо, ояти 93) омадааст: «Ҳар кас муъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш ҷазои бузург омода созад». Боз дар ҷойи дигар, дар сураи «Бақара», ояти 62 омадааст: «Ва ба дурустӣ, ки имоноварандагон ва яҳудшудагон ва тарсоён (насронён) ва собииён (яҳудиёни насронӣ), ки ба Худо ва ба рӯзи бозпасин (қиёмат) имон овардаанд, барояшон назди Парвардигорашон музде ҳаст ва бар онҳо тарсе набувад ва онҳо андуҳгин нашаванд». Ба чунин маънӣ сухан хеле зиёд аст. Филҷумла, ибтидову интиҳои «Қуръон»-карим роҷеъ ба танофури дурӣ ҷустан аз ашхоси бадгумону қабеҳ оятҳои фаровоне мавҷуданд, ки ҳама ба нафъи одамонанд. Вале айни замон, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни таҳдидкор ишораҳои зикри болоро доғдор карда, ба ҳар васила, андешаҳои номатлуби худро, ки ба ҷомеа хатари зишту ҷонкоҳ доранд, амалӣ карда истодаанд. Ба чунин ҳаракатҳои нигароникунанда Салафияву Ҳизбуттаҳрир, Ҳаракати исломии Ӯзбекистону Ансоруллоҳ, Ҳаракати наҳзати ислому ДИИШ, Ҷамоати исломии Покистону Ҷабҳаи Аннусра, Ҳаракати толибону Алқоида, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ мебошанд, ки амали анҷомдодаи онҳо хилофи фармудаҳои «Қуръон»-и ҳаким мебошанд. Ҳаёти ноосоиштаи мамолики Осиёву Африқо (Сурия, Яман, Арабистону Афғонистон, Ироқу Ҳабашистон), ки солҳо зери фишори қувваҳои абарқудрати ҷомеаи ҷаҳон қарор доранд, аҳли сайёраро ба ташвиш андохтаанд. Ҳоло чунин қувваҳои мухолиф дар мулки Афғонистони ҳамсоя қарор гирифтаанд, ки моро водори андешаи парокандагӣ хоҳанд кард .Маҳз аз ин хотир, ба кулли ҷомеаи Тоҷикистони азиз лозим аст, ки ҳамеша зери таъсири ҳушёрии сиёсӣ бошанд, то нохалафе ба ваҳдати миллии мо, ба рушди бемайлони хоҷагии халқ ва сулҳу осоиши бо заҳмати зиёд ба дастомада халал ворид созад. 


Нақшаҳои экстремистии М.Кабирӣ, Ш.Гадоев ва дигарон, ки ба ҷониби Тоҷикистони азизи мо равона карда шудаанд, ҳеҷ гоҳ Ваҳдати миллии мо, сулҳу салоҳи бо заҳмати зиёд бадастомадаи кишвари азизи моро рахна карда наметавонанд. Зеро имрӯз оммаи ранҷкашидаи Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои хирадманди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама гуна фитнаҳои шӯрангези иртиҷоии маккорони алоқаманд ба зиёдаравони ҳизбҳои ифротӣ ҳамроҳ нахоҳанд гашт. Ваҳдати мо - устувору шикастнопазир, Сулҳи мо - оқилонаву одилона, Гоммонии имрӯзаи мо қатъӣ ва мустаҳкам аст!!! 


Раҳмонов М., мудири кафедраи забони тоҷикӣ