Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҳифзи арзишҳои миллӣ болотар аз ҳама арзишҳост

Асри XXI барои миллати куҳанбунёди тоҷик асри ҳифзи арзишҳои миллӣ хоҳад буд. Бузургтарини ин арзишҳо барои миллати тоҷик, бе шубҳа, арзиши истиқлолият хоҳад буд, ки ҳифзи он ҳифзи номуси миллат, кафолати мондагориву суботи давлату ҷомеаи тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Истиқлолиятро метавон арзиши арзишҳои миллӣ ё, ба истилоҳ, ҷавҳари ҳама арзишҳои волои инсонӣ ва миллӣ эътироф кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ҳангоме ки бо раъйдиҳии умумихалқӣ бар маснади волои президентӣ мушарраф гардиданд, дар савганди хеш ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ёдовар шуданд, ки ин то чи дараҷа қиматнок будани арзиши мазкурро гувоҳӣ медиҳад. Сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг, дар ҳақиқат, се сутуни волову собите ба ҳисоб хоҳанд рафт, ки истиқлолият рӯйи онҳо побарҷост ва ҳар се гирди як ҷавҳар – истиқлолият мутамарказ мегарданд. Ин се арзиш дар якҷоягӣ истиқлолияти кулро муаррифӣ мекунанд ва халалдор гаштани яке аз ин се арзиш, такони манфиеро бар дуи дигар ба бор хоҳанд овард. Ҳар се бо якдигар пайванди ногусастанӣ доранд ва бе якдигар пойдор нахоҳанд буд. Ин аст, ки Пешвои азизамон ҳар серо дар лаҳзаи хуҷастаи савгандёдкунӣ дар радифи якдигар ёдовар шуданд. 


Истиқлолияти фарҳангӣ танҳо мутазаммини ин маънӣ нест, ки мо доимо дам аз соҳибфарҳангиву соҳибтамаддунӣ бизанем ва бузургону мутафаккирони гузаштаи худро ёдовар бишавем. Илми классикӣ ва шеъри ниёгони мо сутунҳои устуворе ҷиҳати исботи қадимӣ будани миллат, қадимӣ будани ахлоқ, қадимӣ будани тафаккури волои тоҷикон ба ҳисоб хоҳанд рафт. Фарҳанг имрӯз маънои васеътарро касб кардааст ва барои побарҷойии он ҷуз аз сутунҳои куҳани классикӣ боз сутунҳои навтаре лозим аст. Сутунҳои классикии фарҳанг, агарчи бисёр мустаҳкаму побарҷоянд, аз сабаби он ки худи фарҳанг калонтару васеътар гаштааст, барои ба калавишу ларзиш дучор нагаштани он ва гум накардани баробарвазнӣ сутунҳои навтаре низ лозиманд, то битавонанд тавозун ва истодагарии онро дар баробари фарҳангҳои ғайр таъмин намоянд. Дар дунё миллатҳои бисёре вуҷуд доранд, ки монанди тоҷикон дорои чунин шоҳсутунҳо нестанд, вале барои пойдории минбаъдаи истиқлолии фарҳангии худ фарҳанги модерни дунёнавардиро побарҷо кардаанд. Онҳо дар ин росто, бас пешрафтатар аз моянд, ки доимо фахр аз аҷдоди фарҳангии хеш мекунем ва, бо ин роҳ худситоиро дар шахси худ ривоҷ медиҳем. Мо дар баробари бузургдошт ва таблиғу ташвиқи фарҳанги обоии худ, ҳамчунин, метавонем дар рушду инкишоф ва таблиғу ташвиқи фарҳанги модерн – туризми байналмилалӣ кӯшиши зиёд намоем, то ин ки бо фарҳанги ҷаҳонӣ ва фазои ҷаҳонии фарҳанг ҳамқадам бишавем. Зеро, яке аз ҳамин сутунҳои таъминкунандаи суботу тавозуни фарҳанги муосири тоҷик – ин бунёд, ҳифз ва рушди дунёнавардӣ ё туризми миллӣ аст. 


Туризм ҳамин хел як мафҳуми оддӣ – гаштану саёҳати хушку холӣ нест. Туризм дар асри XXI ихтилот ва омезиши ноогоҳона ва ё, баръакс, бомақсадонаи фарҳангҳост. Дар маънии васеи худ туризм муносибат ва мусоҳибаи тамаддунҳо ва арзишҳои фарҳангӣ аст. Вале, дар маънои борику нозукаш, туризм муборизаи тамаддунҳову фарҳангҳо ба ҳисоб хоҳад рафт. Муборизаи хеле мусолиматхоҳонаву маданӣ ва дипломатии шаҳрвандони мамолики гуногун бо ҳам – тавассути либоси сайру саёҳат. Дар муносибат бо фарҳанги дунёнавардӣ ё туризм миллате муваффақ мегардад, ки қиматнок будани арзиши онро бидонад ва ҳифз карда битавонад. Зеро, ин арзиш мисли обгина нозуку шаффоф аст. Охир, он арзиши фарҳангӣ аст ва фарҳанг мафҳуми басо нозук аст. Охир, туризм дар ҷаҳони имрӯз яке аз васоити муҳимми муаррифии истиқлолияти давлатҳост – дар намои истиқлолияти фарҳангӣ. 


Дар ҷаҳони имрӯз яке аз авомили муҳимми пойдории истиқлол ва истиқрори сиёсӣ ин роҳандозии муносиботи гуногунҷанба бо давлатҳо, миллатҳо ва халқҳои дуру наздик мебошад. Муносибот бо дигар давлатҳо, агар аз як тараф, дар суботи сиёсии давлат таъсири бас назаррас дошта бошад, аз сӯйи дигар, он дар таҳкими арзишҳои волои инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву видоди инсонҳо, таъсироти мутақобили фарҳангҳо, тамаддунҳо ва анъанаҳои милливу мардумӣ басо муассир аст. Яке аз хубтарин воситаҳои устувории муносибот миёни миллатҳову халқиятҳо оғоз аз ибтидои садаи XX – ин бароҳмонии сайру саёҳатҳои маданӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо ба ҳисоб меравад, ки имрӯз ба унвони туризм хело маъруф гардидааст. 


То даврони Истиқлолият туризм дар Тоҷикистон миллӣ набуд, рӯҳи тоҷикона надошт. Бинобар ин, сайёҳоне, ки дар даврони шӯравӣ ба Тоҷикистони азизи мо муроҷиат мекарданд, ҷумҳурии моро тоҷикона қабул намекарданд, дар зеҳни онон ватани мо Тоҷикистон набуд, балки онҳо ватани моро ба унвони Шӯравӣ мешинохтанд ва тоҷиконро на ҳамчун миллати соҳибтамаддуну дорои таърихи бостон қабул мекарданд. Ҳар чизе ки дар зеҳни сайёҳони то даврони истиқлолият бармехӯрд, шӯравиёна ва ғайритоҷикона нақш мебаст. Ин буд, ки тоҷикон ҳамчун қадимтарин миллати соҳибтамаддун ва Тоҷикистон – ба ҳайси бостонитарин сарзамини инсоният аз ҷониби муаррифгарони саёҳат бозшиносӣ нашуд ва аз ҷониби сайёҳон ба таври шоиставу боиста шинохта нагардид. 


Аммо, баъдтар, ба баракати неъмати Истиқлолият ва бо роҳнамоиву сиёсати хирадмандонаи Пешвои азизамон туризм ва дунёнавардӣ дар Тоҷикистон рушди бесобиқаву рӯзафзуни худро пайдо карда истодааст. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати илмӣ ва ҳирфаӣ кардани туризм, ҳунарӣ ва маданӣ намудани дунёнавардии миллии тоҷик саъю талоши қобили таҳсин варзида истодааст. Ин аст, ки дар аксаре аз МТО (муассисаи таҳсилоти олӣ)- ҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи туризми ватанӣ ё дунёнавардии миллиамон бо фармони Ҳукумати мамлакат ихтисосҳои мухталифи туризм таъсис ёфта истодаанд. 


Имрӯз яке аз бузургтарин воситаҳое, ки миллати тоҷик, фарҳангу тамаддуни тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ихтилофпазир ва саҳнаи садранги дунявӣ метавонад ба таври ҳаққонӣ муаррифӣ бикунад, ин туризм ва фарҳанги дунёнавардӣ аст. Дунёи беруна то имрӯз ҳам дунёи миллати тоҷик – ростқавлӣ, ободкориву меҳнатдӯстӣ, дилсофӣ, илмдӯстӣ, ҳунарофаринӣ, сулҳҷӯйӣ, падару модардӯстӣ, оиладӯстӣ ва монанди инҳо хислатҳову сифатҳои ҳасанаи ӯро нашинохтааст, забони дар ҳақиқат дарӣ ва лаҳни рӯдакиёнаи ӯро аз наздик гӯш фаро наниҳодааст, ташнагии худро аз ангубини забони Носири Хусраву Ҷалолиддини Балхӣ нашикастааст. 


Хидматҳои шоиста ва мондагори сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ дар иртибот ба поси забони тоҷикӣ, бо забони шевои тоҷикӣ сухан гуфтан аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, беҳтарин намунаҳое дар ғамхориҳои фарзанди тоҷик аз миллати худ ва ватани худ ба ҳисоб хоҳанд рафт. Бинобар ин, дар баробари сарвари кишвар бояд ҳамаи мо, ҳамаи афроди мамлакат дар муаррифии миллату ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба дунёи берун интиқол додани фарҳанги тоҷикӣ, ки туризми миллӣ низ ҷузъи муҳим ва ҷудошавандаи он аст, кӯшиш бикунем. Фарҳанги миллиро ба берун бояд худи мо бубарем, ҷаҳониёнро бо фарҳанги тоҷикӣ бояд худи мо – тоҷикон масҳуру мусаххар намоем, арзишиҳои фарҳангии тоҷикиро барои дунёи беруна бояд худи мо расонем, зеро ҳеҷ кас дар фикри мо нест. Дар фикри тоҷик танҳо тоҷик аст, дар андешаи фарҳанги тоҷик танҳо тоҷик аст, дар фикри модари тоҷик танҳо фарзанди ӯст. 


Агарчи берун аз Тоҷикистон, чунонки аз омори ҷуғрофиву забоншиносӣ бармеояд, миллионҳо форсизабон вуҷуд доранд, ҳақиқат ин аст, ки фикри тоҷику Тоҷикистонро бояд худи тоҷик бикунад. Пешвои азизамон борҳо тавассути васоити ахбор таъкид кардаанд, ки ҳеҷ кас, ҳеҷ миллате, ҳеҷ давлате ҳамин хел, ройгон, сидқан, бе ивази чизе ба мо дасти ёрӣ дароз нахоҳад кард. Ҳар кӣ ба мардуми мо, ба ҷумҳурии мо кӯшиши мададу дастгирие дорад, дар зеркосаи ёриҳояш мақсадҳои дигареро нуҳуфтааст. 


Таърихи навтарини Тоҷикистон, рухдодҳои ахири кишварамон то чи андоза ҳақиқат будани суханҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро исбот кард ва чун оина зоҳир сохт ва, ҳамчунин, то чи андоза ба пешвоии мардуми тоҷик шоиставу арзанда будани шахси Президентро собит сохт. Пешвои як халқ, як гурӯҳи бузург ё як миллат аз рӯҳу равони раияташ бояд огоҳ бошад ва, ҳамчунин, хатаротеро, ки ағёру бадкунишон (чи бурунӣ ва чи дарунӣ) ва аҷнабиён бар сари раияти орому сулҳхоҳаш ошкору ниҳон (чи дар ҳудуди кишвар, чи дар бурун аз он) меоранд ва бо нақшаҳои қаблии матраҳшуда роҳандозӣ мекунанд, ба чашму дили пешвоии худ бояд онҳоро дарк ва бартараф бикунад. Шахси Президент Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, аз чунин истеъдодҳои нодиру шоистаи пешвоӣ бархурдор аст! 


Имрӯз собит шуд, ки дӯстони дар гузаштаи бас наздик “қарин”- и мо, аслан, нисбат ба мо тухми душманӣ мекоштаанд ва, агарчи солҳо дам аз ҳамфарҳангиву ҳамзабонӣ мезадаанд, суханони онҳо аз рӯйи сидқу вафо набудаанд. 


Воқеоти сиёсие, ки чанд муддат қабл дар фазои сиёсии Тоҷикистон ва дар расонаҳои ахбори интернетӣ ба вуқӯъ пайвастанд, собит сохтанд, ки ташкилкунандагони он, дар ҳақиқат, новобаста ба ин ки бо мардуми тоҷик ҳамфарҳангу ҳамзабону ҳамтаъриху дар гузашта ҳамтақдиранд, нисбат ба миллати тоҷик ва ватани тоҷикон на ин ки бетафовутанд, диди душманӣ доранд. 


Куштори дунёнавардони урупоӣ ин куштори шахсони урупоӣ нест, балки қатли худи тоҷиконанд, зеро ин фарҳангдӯстони урупоӣ ва ҳаводорони фарҳанги туризм ба ҳайси мардуми осоишта меҳмони тоҷикон ва шайдои табиати биҳиштосои Тоҷикистон буданд ва димоғи худро бо шамими кӯҳсорҳои гулпӯши мо мехостанд муаттар бикунанд ва онро ба кишварҳои худ бурда, паҳн бикунад, ба димоғи ҳамватанони худ бирасонанд ва таблиғу ташвиқ кунанд ва бо ин роҳ онҳо метавонистанд дар рушди туризми миллии тоҷик саҳми шоистае бар ҷой бигузоранд. Ҳадафи ин куштор, ки тавассути душманони хонагӣ ва намояндагони сангдили ба ном “исломдӯст” ва “наҳзатӣ”, вале дар хоби гарони ҷаҳолат афтодаву фарсахҳо дур аз фармудаҳову насиҳатҳои Имоми Аъзам – роҳбари таҳаммулгарои аксари мусулмонон ва падари мазҳабии тоҷикон, роҳандозӣ шуд, аслан, на таҳқири урупоиёну изҳори нафрат ба мамолики онҳост, балки таҳқиру бадном кардани тоҷикон ва давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва маҳрум кардани Тоҷикистон аз вуруд ба дарвоза ё шоҳроҳи тамаддуни башарӣ аст. 


Чунонки пештар гуфта шуд, туризм яке аз боризтарин ва беҳтарин роҳҳои воридшавии ҳама миллатҳо ва ҳама давлатҳо ва аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо ба боргоҳи умумибашарӣ ё байналмилалии тамаддунҳо ва фарҳангҳост. Дар асри XXI барои Тоҷикистон воридшавӣ ба ин боргоҳ – ин, пеш аз ҳама, маънои истиқрор ва истиқлоли сиёсиро дорад, зеро ҷомеаи мутамаддин он миллатеро пештар эътироф менамояд, ки дар сарзамини вай истиқрори сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва ба он мамлакате таваҷҷуҳи ҳасана дорад, ки фазои сиёсии он орому сокит бошад. Эҷоди куштор дар Тоҷикистон, он ҳам ба воситаи худи афроди хоину ҷоҳили миллат, ин валвала барпо кардан дар фазои сиёсии кишвар, ноором сохтани вазъи ороми он ва бо ин роҳ тавассути дунёнавардони осоишта баркандани муносибот бо мардуми тоҷик ва Тоҷикистон хоҳад буд. 


Дунёнавардони хориҷӣ меҳмони хонадони тоҷик буданд ва тоҷикон ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ замоне дар намаки меҳмони худ заҳр наандохтаанд ва нони ӯро масмум накардаанд. Ин куштореро, ки бо дасти хоинони зархариду ватанфурӯши маҳаллӣ ва нақшаҳои қаблан матраҳгардидаи хоҷагони хориҷии онҳо (ки барояшон аз падару модар азизтар буданд) амалӣ гардид, тамоми мардуми тоҷик маҳкум менамояд ва ин ҷониб низ бар ташкилкунандагону роҳандозон ва иҷрокунандагони он нафрин мехонам. Зеро мақсади онҳо, сиёҳ кардани мардуми тоҷик, қотил нишон додани тоҷикон, амонатшикану ба меҳмон хиёнаткор вонамудани тоҷикон буд. Ҳар нафар фарди тоҷике, ки дар ин рухдоди мудҳиш даст дорад, ҷуз он ҷоҳилону зархаридони ватанфурӯше, ки дастгир шуданд, бояд дастгир ва мавриди муҷозот қарор бигиранд, зеро бо ин кирдорашон онҳо ба сангинтарин гуноҳ – хиёнат ба Ватан – Модар, давлати Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Тоҷикистон кардаанд. Иҷрокунандагони куштор танҳо пиёдаҳои ин амалиётанд, омилони асосии он, бешубҳа, роҳбарияти ҳизби ба ном “наҳзат” аст – бо сарварии хоинтарин фарзанди миллат ва носипостарину кӯрнамактарин фарзанди модари тоҷик Искандарзода, ки дар асл, дар хоби гарони ғафлату хиёнат монда ва дар мунҷалоби диёсату худфурӯшӣ ва бегонапарастиву худобезорӣ фурӯ рафтаанд! 


Чанд муддат қабл ба тақозои муҳимме ба ноҳияи Данғара рафтам. Дар вуруд ба он аз ҷониби чапи роҳ гулчанбарҳои тару тоза ва хурду бузургеро дар канори санги мазор бо аксҳову номҳои дунёнавардони қатлшудаи хориҷиён ва дар назди онҳо дучархаҳои оҳанини насбшударо дидам. Ҳар раҳакӣ ва мошинсаворе, ки аз назди онҳо мегузаштанд, ҳатман меистоданд ва бо афсӯсу надомат лаҳзае хомӯш меистоданд ва, ҳатто, дасти дуо сӯйи Яздони Пок мекушоданд ва дуои хайр мекарданд ва ба қотилони меҳмонони худ нафрину лаънат мехонданд. Ман низ бо ҳамроҳонам бо онон изҳори ҳамдилӣ кардам ва бар қотилони ин бегуноҳон нафрин хондам.


Шоҳвализода Озоди Саидҷаъфар, д.и.ф., профессор

Раҳмонов Мадислом н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии ДМИТ