Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Хисол ва сифоти пешвоии фарзанди фарзонаи миллат

Дар сафаҳоти таърих омадааст, ки дар мулке, ки сарвари он додгустар, халқпарвар, дилсӯз ва ҳақиқатҷӯ бошад, дар он бегумон сулҳу субот, оромиш, баракат ва саодату иқбол ҳукмфармо мегардад. Ин сифоти ҳамидаи зикршуда, бе ҳеҷ шакку шубҳа, дар шахси сарвари маҳбуби мо, асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон – Пешвои азизи миллатамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври возеҳ ба назар мерасанд. Дар тайи зиёда аз ду даҳсолаи сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, дар сарзамини тоҷикон сулҳи кулл ҳоким гашт ва мардум фаязони озодиву истиқлолияти миллиро бо тамоми ҷиҳоташ эҳсос намуд. Президенти мо, ростӣ, сабаби саодати ҳар хонадони тоҷик ва ҳар порча хоки Тоҷикистони азизи мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар айёми роҳбарии эшон аст, ки тоҷикон чун миллати соҳибҳуқуқ дар баробари дигар миллатҳои олам дам аз ҳастӣ ва озодии хеш мезанад ва кишвари Тоҷикистон дар радифи ҳама давлатҳои соҳибистиқлолият дар харитаи ҷуғрофиву сиёсии дунё партавфишонӣ мекунад. Дар муддати раҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз бисёрии бунбастҳо ва буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикӣ раҳоӣ ёфта, садҳои гуногунеро, ки ба мӯҷиби даврони султаи шӯравӣ ба таври табииву нотабиӣ ё сунъӣ барои вай эҷод шуда буданд ва ё, баъдан, ба иллати эҷоди ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби душманони хориҷӣ барпо гашта буданд, як-як барканор кард ва парчами якпорчагиву ваҳдат ва сулҳи умумимиллиро бо дастони Пешвои азизи мо партавафшон намуд.


Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, роҳбалад ва раҳнамуни ростини миллати куҳантаърихи мо ба ҳисоб хоҳад рафт, зеро дар шахси вай чанд сифате нуҳуфтааст, ки баҳри роҳнамои як миллат будан ва ё ҳаққи роҳнамоӣ барои як миллат пайдо кардан асоситарин сифот ё хасиса шумурда хоҳанд шуд. Метавон чанде аз ин сифотро пешорӯ овард:


1. Адолат ё одил будан. Ин сифат, бегумон, муодили шахси Президент аст ва ниҳоду фитрати вай бо хамираи адлу ҳақиқатпарастӣ сиришта шудааст. Ҳар лаҳзаи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ тасовӣ бо адлу ҳақиқатҷӯйӣ мекунад. Сойиб – ғазалсарои асри XVI ин байти зеборо гӯё барои роҳбари ҳақҷӯйи мо-тоҷикон гуфта бошад:


Адолат кун, ки дар дар адл он чи як соат ба даст ояд,
Муяссар нест дар ҳафтод сол аҳли ибодатро (3, 51).


Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бепарда аён аст, ки муҳтарам Президент бар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт, бар ҳама соҳоту касбҳои ақшори ҷомеа танҳо ва танҳо аз дидгоҳи адлу дод ва маҳаки қонуну Конститутсия назар медӯзанд ва дар муносибат ба кору фаъолияти ҳама зердастони хеш ҳеҷ арзишро болотару авлотар аз арзиши барои як пешвои миллат сазовор, ки маншаи худро аз номусу виҷдони шахсии фитрӣ ва адолати конститутсионӣ гирифтааст, намешуморад. 


Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри барқарор сохтани ҳақиқат ва адолати таърихӣ кӯшиш менамоянд ва, ҳатто, дар ҳифзи муқаддасоти миллӣ, гирифта аз забони давлативу мероси таърихӣ то дигар дастовардҳои зеҳнии мардуми тоҷик меъёри адлро ҳамчун ченаки арзишгузошти аслӣ дар тарозуи таҷориби роҳбарии хеш истифода мебаранд ва ноадолативу ноҳаққиро ҳамвора мавриди накӯҳиш қарор медиҳанд. Худи он кас дар ҳамин маврид мегӯянд: “Ҳар гоҳ сухан аз боби мероси таърихӣ, дастовардҳои илмию фарҳангӣ, аслу насаби фарзандони миллати тоҷик ва ҳатто пайдоишу ташаккули забони тоҷикӣ меравад, ғолибан инсофу адолати таърихӣ риоя намегардад” (2, 9-10). Суханони мазкур нишон медиҳанд, ки роҳбари азизи кишвари мо чи қадар пайи барқарор сохтани адолати таърихӣ дар иртибот бар сарнавишти миллатамон кӯшиш менамоянд.


2. Дилсӯз ва ғамхори халқу Ватан будан. Имрӯз нест тоҷик ва тоҷикистоние, ки нисбат ба шахси Президент ҳисси эҳтироми содиқона ва муҳаббати табиӣ ва ботинӣ надошта бошад. Ин эҳсосоти мардум нисбат ба шахси Пешвои азизи мо ҳамин хел, ба истилоҳ, аз ҳаво фуруд наомадааст. Ин ҷо мисраи Хоҷа Ҳофиз ба кӯмаки мо мерасад, ки гуфта буд: "Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт". Пешвои муҳтарами мо ҳанӯз аз аввалин қадамҳои дар шоҳроҳи сиёсат гузоштаашон ҳамвора нисбат ба мардуми заҳматкаши тоҷик ва ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон бо меҳру муҳаббат, ки дар тарозуи мусовоту баробарӣ баркашида шуда буд, муносибат мекунанд ва ҳеҷ вақт дар ин маврид паллаи афзалият ва риҷҳони яке бар дигарро истифода намекунанд, дар қалби мусаффои хеш нисбат ба тамоми сокинони меҳанамон баробар тухми меҳр ва эҳтиромро парвариш медиҳанд. Ҳамин аст, ки тамоми куҳансолони кишвар, гирифта аз вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва манотиқи гуногуни кишварамон ӯро ҳамчун фарзанди азизи хеш дар оғӯш мегиранд ва дуои хайр медиҳанд ва ҳама кӯдакону наврасон ва ҷавонони  ватан эшонро чун падар дӯст медоранд.


3. Нисбат ба гузаштагони миллати тоҷик ва осори гаронбаҳои онон ҳисси такрим ва меҳру муҳаббат парваридан. Дар айёми роҳбарии Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, сиёсатмадор ва муаррихи маъруф Бобоҷон Ғафуров ва ҷонфидоёни миллати  тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳи Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ҳамчунин, дар айёми сарварии эшон бузургдоштҳои бузургони илму адаб ва фарҳангу тамаддуни тоҷик ва ёдгориҳои фарҳангиву мадании миллати мо таҷлил карда шуда, мавриди тақдис қарор гирифтанд. Ҷашнвораҳои бахшида ба солгардҳои “Авесто” ва тамаддуни ориёӣ”, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1300-солагии бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва монанди инҳо чанд намунае аз онҳо мебошанд, ки таҷлилу баргузории онҳо барои миллати тоҷик ва тамаддуни миллии он дорои аҳамияти бас бузург хоҳанд буд.  Ҳамчунин, пайкарагузорӣ барои иддае аз бузургони фарҳангии миллат, аз ҷумла – соли 1996 барои Шайх Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, азнавномгузории баъзе аз шаҳрҳову ноҳияҳо ва баъзе аз муассисоти маданиву фарҳангии кишвар ба исми парчамбардорони давлатдорӣ ва илму фарҳанги тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин (аз ҷумла, ноҳияи ба номи Исмоили Сомонӣ, ноҳияи Ленинский – ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ноҳияи ба номи Носири Хусрав, ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ноҳияи ноҳияи Қумсангир - ба номи Ҷалолуддини Балхӣ, ноҳияи Московский – ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Колохозобод – ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳияи Шӯрообод – ба номи Шамсиддин Шоҳин) намунаҳои воқеие мебошанд, ки аз ҷаҳду талоши Пешвои миллат дар такрими пешоҳангони сиёсиву фарҳангии мардуми куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳанд.  


Президенти муҳтарами кишварамон нисбат ба ҳар мероси фарҳангӣ ва илмиву мадании миллӣ бо ҳисси зиёди меҳру муҳаббат ва бузургдошт муносибат менамоянд. Осори ба маврусгузоштаи падаронамон барои шахси Президент ҳамин хел як асари бадеӣ ва илмии оддӣ нестанд, ки бояд танҳо аз онҳо чун воситаи лаззати маънавигирӣ истифода намоем, балки осори мазкур ойинаи худнамои миллат ва худшиносии тоҷикон ба ҳисоб хоҳанд рафт. Осори хаттии меросмонда гавҳари хонагии тоҷикон мебошанд, ки модари тоҷик онҳоро чун тифлони хеш дар гаҳвораи меҳру муҳаббаташ парваридааст, онҳо барои ҳамаи минтақаҳои кишвари азизамон азизанд ва бӯйи тоҷикона доранд. Дар иртибот ба ҳамин мавзӯъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси яке аз осори гаронбаҳои қадими хаттии ниёгонамон – “Шоҳнома”- и безавол суханоне қайд менамоянд, ки барои ҳар як тоҷики номусманд мояи ифтихор ва шараф хоҳанд буд:


“Шоҳнома” достони ҳазорсолаи фаромӯшгашта нест, балки акси садои ниёгони мост, ки дар дилу дидаи халқи шоирпарвару шеърдӯсти тоҷик зинда аст. Гуфтори ноб, лафзи поку бегазанд, ҳусни калом ва нафосати ин шоҳасари безаволро мардум асрҳо пос доштаву пос медоранд. Баъзан, дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистон, алалхусус дар шеваи гуфтори сокинони баландкӯҳи Бадахшону Яғноб, Зарафшону Хатлон, Хуҷанду Истарафшан, Ҳисору Қаротегин нишонаҳоеро мебинем, ки ба рӯҳу равон ва асолати тоҷиконаи мо басо созгор аст ва аз он бӯйи “Шоҳнома”- и безавол меояд” (2, 32).   


 4. Нисбат ба забони миллӣ эҳтироми ниҳоят бузург доштан. Далели собити ин мавзӯъ, қабл аз ҳама, баромадҳои бо забони тоҷикии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бошукӯҳи СММ ва дигар созмону нишастҳои байналхалқӣ ва умумиҷаҳонӣ мебошанд, ки ҳама тавассути васоити навишторӣ, шунавоӣ ва электронӣ-интернетии иттилоотӣ аз онҳо огоҳӣ доранд. Далели дигари мубарҳани ин мавзӯъ соли 2009 бо ибтикор ва дастгирии муҳтарам Президент тағйирот ворид шудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Бо вуруди Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибор ва нуфузи сиёсиву иҷтимоии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва василаи асоситарини муомилот ва муносиботи сиёсии дохиликишварӣ ба маротиб баландтар гардид. Ин қабил рухдодҳо, бе муҳобо, мояи ифтихор ва мӯҷиби фахри ҳар фарди тоҷик ба ҳисоб хоҳанд рафт. Ин ки муаллифини китоби “Тоҷикистон - 20” қайд намудаанд: “дар кишвари мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор” дорад, ҳақиқати маҳз аст (4, 71).


Далели дигар дар муҳаббати содиқонаи муҳтарам Президент нисбат ба забони миллӣ – ин саҳм гузоштан ва мусоидат кардан дар таъсиси сохтори нав зери унвони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зимнан бояд хотиррас намуд, ки рисолат ва вазифаи сохтори мазкур дар ҳифз, эҳтиромдошт, танзим, тозакорӣ ва дурустиву беғалатии вожаҳои захираи луғавии забони тоҷикӣ бас бузург аст ва, биноан, саҳми муҳтарам Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин маврид қобили арҷгузорӣ аст. Зимнан бояд қайд намуд, ки тавассути сиёсати бароҳмондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди забони давлатӣ, ки муассиси он, бе шубҳа, шахси Президент ба ҳисоб меравад, имрӯз кӯшишҳои ҳадафмандонае дар иртибот бар ҳимоя ва инкишофи минбаъдаи забони расмӣ-тоҷикӣ роҳандозӣ мешаванд, ки ояндаи дурахшон ва некбинонаеро дар пайи хеш доранд. Сарвари кишвар дар асари гаронарзиши хеш “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” дар мавриди дифоъ аз забони миллӣ - ба ҳукми забони давлатӣ, гузаштаи боифтихори он, парчамбардорони забону адаби форсӣ-тоҷикӣ, пешрафти илму адабиёти миллати тоҷик дар даврони классисизм сухан ронда, ҳамчунин, оид ба эҳтимомоти ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати муносибат бо забони давлатӣ чунин қайд менамоянд:


“Яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муфид истифода шавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад” (1, 122).  


Чунонки аз қайдҳои боло маълум карда мешавад, маърифатманишӣ, донишпарварӣ ва ҳимоят аз илму фарҳанг, забону адабиёт ва аҳли илму маданият дар ниҳоди Пешвои муҳтарами мо якҷо ба ҳам омадаанд. Ин танҳо чанд сифати ҳамидаи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки сазовори номи пешвоиянд ва соҳиби худро барои рутбаи волои пешвоӣ сазовор мегардонанд. Вагарна, Сарвари кишварамон боз дорои чандин хисол ва сифоти сутудании дигар ҳастанд, ки тавассути онҳо муҳаббати умумимардумӣ, ҷовидонагӣ ва мондагории ному шарафи шахси Эмомалӣ Раҳмон таъмин хоҳанд шуд. Дар фуруди сухан ин ғазалро зери номи “Пешвои миллат”, ки худ дар шаъни Президенти азизамон эҷод намудаам, пешкаши ҳозирин менамоям:


Миллати масъуди моро пешвое ростин,
Давлати Сомонии Навро ту додӣ доду дин.
Эзадат фархунда дорад, эй, ки розӣ аз ту вай,
Модари таърихи миллатро ту зоде дурбин.
Рӯҳи Исмоилу Гелоншоҳиён тақдими ту,
Аз касе, к-ӯ дод моро ақлу ҳушу самъу бин.
Кош котиб дар ҷабинат пештар шоҳӣ навишт, 
То ки баҳманмоҳи хунин кас надидӣ, моҳи кин.
Кош мебудӣ ба аҳди Фитрати хоин ба тахт,
То зи юмнат Рахши бахти мо бигаштӣ рӯйи зин.
Бо ҳузури худ бикардӣ тоҷиконро муттаҳид,
Њеч кас душман нагаштӣ якдигарро, ин яқин.
Ин табартақсимҳо бо хоку бумам кам бигашт,
Ғайратат афкандӣ нур ар он замон дар ин замин.
Миллат ар ваҳдат надорад, миллаташ натвон хонд,
Эй ту ваҳдатро Сулаймон в-эй ту миллатро нигин.
Бораи Сомониёнро ҳам амину ҳам амон,
Лафзи поки Рӯдакиро ҳам амону ҳам амин.
Муддате лафзи дарӣ беқадр зери пой буд,
Боз чун борон бикардӣ бар само дурри самин.
Лафзи шевоят ба самъи ҷамъи миллатҳо расид,
Шуд вакил аҳсантгӯят аз ясору аз ямин.
К-ин чӣ мусиқиву шаҳд аст, ин чӣ лафзе хушнаво,
Сози арши Кибриё ё лафзи фирдавси барин.
Бар раги хунпечи миллат ҷон бубахшидиву рӯҳ,
Эй ту, к-аз пешонии миллат равонда доғу чин.
Коваёнӣ фикрро роят ба қалби мо задӣ,
Чини парчам орият дода зи чинҳои ҷабин.
Бар таассуб раҳ бубастӣ, бар хурофот низ ҳам,
Эй нишони Бӯҳанифа, эй таҳаммулро макин.
Чи ҷаҳон, ҳар тифли гаҳвора зи ёдат ширмаст,
Баски «бобо»-гӯ шуда, шираш бадал бо себу тин.
Сафҳаи тоҷик боре чун ту дилсӯзе надид,
Бар заифон ончунону бар ятимон инчунин.
Бар заифон қуввабахшӣ, оҷизонро сарпаноҳ,
Чашми нобино бубинад, ашки ту гӯяд: «Бубин».
Халқи моро Холиқи Раҳмон чу ту сарвар надод,
Чун ту гуфташро қарину чун ту азмашро матин.
Раҳмати Яздон биборад бар сари он к-ӯ-т зод,
Раҳмате оғушта бо гул, раҳмате бо ангубин. 


Шоҳвализода Озоди Саидҷаъфаров, 
д.и.ф., профессори ДДМИТ