Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дар остонаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва сокинонаш дорои фарҳанги ғанӣ мебошанд. Ин хитобаест, ки қариб пайваста аз забони сиёсатмадорон, зиёиён ва дар матни сурудаҳои санъаткорони кишвар садо медиҳанд. Чунин «навозишҳо»-и марзу бум нишони муҳаббати давлатдорӣ ва эҳсоси миллии мардум буда, барои баланд бардоштани ҳисси давлатдорию шаҳрвандии мардумон ва тақвият бахшидани муҳаббати наслҳои ҷавон ба муқаддасоти Ватан амри зарурӣ мебошад. Аммо, воқеият ин аст, ки васф ва парастиши муқаддасоти Ватан фақат бо гуфтор анҷом намеёбад. Муҳаббатро бо гуфтор собит ва ҳифзи онро танҳо ба амал метавон таъмин кард. Аз ин рӯ, бо нишони қадрдонӣ аз сарватҳои табиии кишвар ва арҷгузорӣ ба сарватҳои моддию маънавии аҷдодиамон соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки баёни дарки воқеии имкониятҳои рушди иқтисодии кишвар ва инъикоси қадрдонии амиқ ба офаридаҳои мардуми он мебошад. 


Эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба воқеиятҳо ва равандҳои рушди муосири кишвар хеле тавъам буда, аз нигоҳи вақту макон басо мубрам мебошад. Зикр намудан ба маврид аст, ки сайёҳон барои саёҳат дар қадами аввал ба суроғи ҳунарҳои мардумӣ ва офаридаҳои таърихӣ меафтанд. Яъне, дар баробари ҷуғрофиё, вазъи сиёсӣ ва аз ҳунарҳои мардумӣ бой будани кишвар, меъёри муҳимми саёҳатбоб ба шумор меравад. Маҳз ин ҷиҳат сабаб гардидааст, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ якҷо дар ҳошияи соли 2018 ҳамчун мақсади асосии рушди кишвар муқаррар гардад. 


Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд рушди сайёҳӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соли 2018 баҳогузорӣ мешавад, вале соҳаи мазкур наметавонад дар як солу ду сол таъмин карда шавад. Он ба як барномаи мукаммали кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддати давлатӣ ниёз дорад. Маҳз дар асоси рӯйи даст гирифтани чунин барнома имкон ба вуҷуд меояд, ки давомнокии рушди сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳим ва асосии иқтисодиёти кишвар таъмин карда шавад. Бо назардошти ин ҷиҳат, дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода шуд, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030» омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Таҳияи чунин стратегия минбаъд метавонад тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои хоси рушди сайёҳиро дар кишвар фаро гирифта, самти муайяншудаи соҳаро барои даҳсолаҳои оянда фароҳам орад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Рушди ҳунарҳои мардумӣ низ аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ на камтар аз рушди соҳаи сайёҳӣ муҳим мебошад. Зеро баробари вусъат пайдо кардани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва роҳ ёфтани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои муҳимтарини рушди ҳаёт, ки ҷараёни истеҳсолоти ҷамъиятиро бомаром тезониданд, майлу таваҷҷуҳи аҳолии кишварҳо ба баъзе ҷанбаҳо ва бунёдҳои миллию таърихӣ коста гардид. Дар тафаккури сокинони сайёра чунин ақида мустаҳкам шуд, ки ҳамаи тамоюли рӯ овардан ба технологияи иттилооотию коммуникатсионӣ меъёри муосир шудан ба шумор рафта, унсурҳои дигари рушд, аз ҷумла зарфиятҳои миллӣ нишони ақибмондагӣ мебошанд. Шакл гирифтани чунин тафаккур дар давлатҳои аслан рӯ ба рушд ба он оварда расонид, ки таваҷҷуҳ ба касбу ҳунари аҷдодӣ кам шуда, ҳамин тавр хатари азбайнравии баъзе мероси моддию маънавии ниёгон ба вуҷуд ояд. 


Тамоюли дар боло зикршуда, солҳои охир дар Тоҷикистон низ мушоҳида гардид. Ҳавасмандии бисёре аз мутахассисони касбӣ дар бахши ҳунарҳои мардумӣ кам шуданд. Ҳунармандон аз давом додани пешаи аҷдодии худ, ки тавассути падару бобоён ва модару момоёнашон ба мерос омадааст, даст кашида, ба фаъолиятҳои дигар рӯ оварданд. Дар натиҷа, офаридаҳои миллии монанди либоси миллӣ, олоту абзори миллии меҳнат, зарфу лавозимоти рӯзгордорӣ, дар маҷмӯъ, ҳунарҳои монанди дӯзандагӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ ва даҳҳо ҳунарҳои хоси мардуми мо оммавияти худро аз даст дода, фақат дар сатҳи минтақа ва оилаҳои алоҳида боқӣ монданду халос. Боиси қаноатмандӣ ва мояи дастгирист, ки Ҳукумати кишвар тамоюли мавҷудро саривақт ҳис намуда, бо дарки он ки миллат ва давлат наметавонад мавҷудияти таърихию фарҳангии худро бе нигоҳдошти офаридаҳои мардумӣ таъмин кунад, дар баробари рушди сайёҳӣ, соли 2018, ҳамзамон марҳилаи тақвимии рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. 


Яке аз зарфиятҳои ҳунарҳои мардуми мо ин дар «дастӣ» будани он зоҳир мешавад. Санъати ҳунарҳои дастӣ, ки аз насл ба насл гузашта, то ба замони мо омада расидаанд, кафолати ҳифзи ҳамаи хусусиятҳои фарҳангии қадимии тоҷикон дар тӯли асрҳо мебошанд. 


Ҳунарҳои мардумӣ дар баробари зинда намудани аслҳои фарҳангии тоҷикон, ҳамзамон таърихи мавҷудияти ҳазорсолаҳои онро тасдиқ мекунад. Қисмати тамаддуни умумиҷаҳонӣ бо халқҳои ориёӣ, эронӣ ва баъдтар (дар асри 11) тоҷикон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Инҳо мардуме мебошанд, ки дар Хоразм, Марв, Ҳирот то Сиистан ва дар Шарқ аз Ҳафтрӯда, Фарғона, Бадахшон то қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш маскан гирифта, фарҳанги пешқадами онҳо ба тамоми ақсои олам паҳн гардидааст. Маҳз ҳамин нигоҳдошт ва инкишофи зина ба зинаи тамаддун ба тоҷикон дар раванди ташаккулёбиашон ҳамчун миллат мусоидат намудааст. 


Таърих собит мекунад, ки фарҳанг асоси тамаддуни умумиҷаҳониро ташкил намудааст ва барои он ки тамаддуни мазкур вусъати бештар пайдо кунад, воситаи қадимаи рушд, аз ҷумла «Шоҳроҳи Абрешим» нақши муассирро иҷро кардааст. Аз ҷумла, тавассути савдои ҳунарҳои касбӣ тариқи ҳамин шоҳроҳ фарҳанги тоҷикон аз давраи қадим нерӯмандии худро нигоҳ доштааст. Корвони савдогарони суғдию бохтарӣ маҳсулоти косибии Рум, Ҳинд, Чинро ворид ва маҳсулоти ватаниро ба ин мамлакатҳо содир мекарданд. Тавассути ҳамин мубодилаи молу маҳсулот нерумандии раванди рушди ҳунарҳои мардумӣ таъмин карда шуд ва дар ин давра, як қатор навъи ҳунарҳо: монанди бофандагӣ, ресандагӣ, кӯлолгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ ва ғайра рушду нумӯъ ёфтанд. Акнун вазифаи мо меросбарони аҷдодони гузаштаи тоҷик на танҳо зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ, балки рушду нумӯъ бахшидан ва ба наслҳои оянда интиқол додани он ба шумор меравад. 


Солҳои охир афзоиш ёфтани воридоти молу маҳсулоти воридшаванда рақобатпазирии истеҳсолоти мардумиро низ то як андоза аз байн бурданд. Ба ҷойи молу маҳсулоти миллӣ, ки арзиш ва фоиданокии баланд доранд, мардум акнун ба молу маҳсулоти арзону дастраси чинӣ майли бештар зоҳир намуданд. Барои мисол, намадбофӣ, ки яке аз ҳунарҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад, солҳои охир қариб пурра аз байн рафт. Азбаски он асосан тавассути меҳнати пурраи дастӣ сохта мешавад, ҳавасмандӣ ба ин соҳа низ кам гардид ва мардум аслан харидани карбосҳои истеҳсоли хориҷиро авлотар донистанд. 


Ҳамзамон ба ҷойи табақи чӯбӣ, истифодаи зарфҳои пласмасӣ, ба ҷойи либосҳои пахтагӣ пӯшидани либосҳои синтетикӣ, ба ҷойи досу каланди миллӣ, харидани досу каланди хитойӣ маъмул гардид. Ин ҷо мушкилӣ аслан дар воридоти молу маҳсулоти хориҷӣ нест, балки сухан атрофи он меравад, ки зиёдии молу маҳсулоти аз хориҷ воридшаванда завқи интихоби сокинонро ҳангоми хариди молу маҳсулот каме заиф намуд, Аҳолӣ ба ҷойи сифат, бештар ба арзиши мол таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар натиҷа маҳсулоти миллӣ, ки бо заҳматҳои зиёд офаридашуда, сифат ва тавонмандии беш доранд, аз нигоҳи гаронарзиш будани худ натавонистанд дар рақобатпазирӣ тобовар шаванд. Бо назардошти ин мушкилот, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардидааст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. 


Дар баробари иқдомҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, ҳамзамон фондҳои алоҳидаи ташкилоти байналхалқие амал мекунанд, ки дар самти дастгирии рушди ҳунарҳои мардумӣ фаъолият мебаранд. 


Дар ин самт, яке аз лоиҳаҳои СММ бо номи «Модернизатсияи бахши қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва матоъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2015 дар якҷогӣ бо Вазорати саноат ва технологияи нав ба таври васеъ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа, чандин корхонаҳои итсеҳсоли адрасу атлас ва қолинбофӣ, аз ҷумла ширкати «Қолинҳои Қайроқум», «Гулистони Душанбе», «Суман», «Атласи Хуҷанд», «Гулвард» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, инчунин дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Ороста» ва «Қолинҳои Сомон» ва ғайра ҷалб карда шуданд. 


Лоиҳаи мазкур дар баробари ҷанбаи иқтисодиаш, ҳамзамон аҳамияти муҳимми иҷтимоӣ дошта, масъалаи тавозуни гендериро дар кишвар танзим мекунад, зеро 70%-и таркиби кормандони ин корхонаҳо аслан занҳо мебошанд. Бояд гуфт, ки чунин раванд нақши занонро дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ боз ҳам боло хоҳад бурд. 
Дар баробари ин, «Барномаи миллии рушди қолинбофӣ барои солҳои 2015-2020» қабул гардида, амал мекунад. Барномаи мазкур барои таъмини рақобатпазирии истеҳсол ва фурӯши қолинҳо на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар ва бозори ҷаҳонӣ пешбинӣ карда шудааст. 


Монанди лоиҳаҳои дар боло зикрёфта, қариб дар тамоми бахшҳои дигари ҳунарҳои мардумӣ барнома ва лоиҳаҳои ҷудогонаи давлатӣ амал мекунанд. Муҳим он аст, ки аҳолии кишвар ҳавасмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бояд ба хубӣ дарк ва тамоми кӯшишу имкониятҳои худро баҳри эҳёи ҳунарҳои азбайнрафтаи мардумӣ ва рушди он харҷ намоянд. 


М. Илчибекова, И. Ҷобиров, устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ