Мақолаҳо
Рукни асосии давлатдорӣ ва пойдории миллат
Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ ва муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон ва рукни асосӣ дар ташаккулёбии миллат ва пешбурду комёбиҳои ҳаёти маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мақоми хосеро ноил гаштааст. Одамон дар кору зиндагии ҳаррӯза тавассути забон бо ҳам мубодилаи афкор менамоянд, илмеро инкишоф медиҳанд, неъматҳои моддӣ меофаранд ва ба ин васила, зиндагиро равнақ мебахшанд.
Рӯдакии бузургвор бо забони ноби тоҷикӣ шеърҳои гуворое гуфтааст. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки аз ҳама беҳтарин шоҳкориҳои адабист, дар ҳаҷми шаст ҳазор байт бо ҳамин забони асил эҷод шудааст. Асарҳои зиёди илмии Абуалӣ ибни Сино зодаи забони форсист. Асарҳои илмиву бадеии сухансароёни забардаст чун Форобӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Носири Хусрав, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ, Муъмин Қаноат ва ғайраҳо низ бо забони шевои тоҷикӣ эҷод гаштаанд.
Яке аз омилҳои асосии муваффақияти мардуми тоҷик дар он аст, ки бо такя ба таъриху тамаддуни пурғановати худ тавонист миллатро дар атрофи ғояи ваҳдати миллӣ муттаҳид созад. Тӯли ҳазорҳо соли ҳукмронии туркони ғосиб дар Осиёи Марказӣ тоҷикон дар дарбори онҳо ҳамчун мардумони босаводу соҳибфарҳанг мартабаҳои вазирӣ, мирзогӣ, қозигӣ ва ғайраро ба уҳда доштанд. Забони тоҷикӣ-форсӣ забони расмии даргоҳу дарбори ин сулолаҳо маҳсуб мешуд. Аҷдодони тоҷикон забони ширину шоиронаи худро ҳифз намуда, суннатҳои адабию фарҳангӣ, андешаи миллӣ ва асолати таърихии худро нигоҳ дошта тавонистанд.
Маҳз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги пурарзиши ниёгон, ки забон яке аз унсурҳои асосии он мебошад, намояндагони бузурги қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба майдон овард, ки онҳо тавонистанд маданияту маърифати гузаштагон, таъриху миллатро то ба мо оварда расонанд. Эҷодиёти оламшумули мутафаккирони гузаштаи мо, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон пандномаи на танҳо миллати тоҷик, балки тарбиятгари мардуми ҷаҳон гаштааст.
Имоми Аъзам Абуҳанифаи тоҷик бо заковати фитрии худ ба дурустӣ дарёфт, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ метавонанд сарчашмаи муассири танзими зиндагӣ ва иҷтимоиёти одамон гардад, зеро ки ин арзишҳо ҳосили таҷрибаи тӯлонӣ буда, дар масири таърих бо заковату хиради таърихӣ мақоми боарзишеро соҳиб гардидаанд. Имоми Аъзам тавонист, ки шаҳомати забони тоҷикиро дар пайравии забони дини мубини ислом ҳамрадиф намояд. Ба ӯ муяссар гардид, ки нияти намоз барои мардумони форсизабон ба забони тоҷикӣ иҷозат дода шавад, ки бо ин васила, забони тоҷикӣ дар қатори забонҳои ҷаҳонӣ бошукуҳу шаҳомат ва маълуму машҳур гардад.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлат бо доштани забони миллии худ пойдор мемонад. Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз бо забон, осор ва фарҳанг мешиносанду эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаамон дар ҳама давру замон боиси ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад.
Муборак Мирзоалиева, Баҳрулло Холов, ассистентони кафедраи фанҳои гуманитарӣ