Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳар ду?

Яке аз самтҳои асосии таъмини бехатарӣ ин амнияти иттилоотӣ мебошад. Дар асри 21 дар инфраструктураи муосири ҷаҳон иттилоотгардонии фазои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол намуда истодааст. Замоне расидааст, ки «касе ки соҳиби иттилоот аст, ӯ сохиби ҷаҳон гаштааст», «касе, ки иттилоотро ба даст овардааст, ӯ ҷаҳонро ба даст овардааст». 


Дар ҷаҳони пуртаззоду ҳар замон тағйирёбанда душманони миллати тоҷик аз ҳар як имконияту фурсати мувофиқ истифода бурда, чун каждум мехоҳанд ба ҷисму пайкари миллат, ки хушбахтона рӯз ба рӯз инкишоф ёфтаю нумуъ карда истодааст, неши заҳрдори худро зананд. 


Ҳодисаи 29. 07. 2018, ки бо сайёҳони хориҷӣ рух дод, бори дигар равшану возеҳ нишон дод, ки қотилон ҳоло ҳам аз куштору ваҳшоният сер нашудаанд. Террористони манфиатдор ҷиҳати нооромии Тоҷикистон пайи манфиатҳои шахсии худ хостанд ва мехоҳанд эътибору нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ коҳиш диҳанд. 


Чун ин хоинони ТЭТ ҲНИТ медонанд, ки дар ватан на танҳо онҳоро касе интизор нест, балки чашми дидан надорад, бинед, ки боз чун пештар аз дур истода, бо бешармию беҳайёии ба худашон хос аз хориҷи кишвар барои бадном сохтани давлату Ҳукумати Тоҷикистон чӣ корҳоеро намекунанд. Дар ин ҳодисаи нангин, ки худашон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади бадном сохтани ватанамон созмон доданд, худро боз ҳам бегуноҳ нишон додан хостанд. Ҳол он ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аллакай бо далелҳои муътамад созмондиҳандагони ин амали манфур будани онҳоро дар чашми халқу созмонҳои байналмиллалӣ нишон додаанд, онҳо то имрӯз худро «донои ҷаҳон» ва мардумро гӯлу гумроҳ тасаввур карда истодаанд. Фаҳмидан намехоҳанд, ки дигар мардум он мардуми ноогоҳи соли 90-уми асри 20 нестанд. Дар ин росто баёнотҳои иқрории сарварону созмондиҳандагони собиқи ТЭТ ҲНИТ аз қабили Карим Раҳимов (Мулло Абдураҳим) ва Айёмиддин Сатторов мардумро бори дигар бо ниятҳои нопоку хоҷагони пасипардагии ин хоинон шинос намуд. 


Ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша, ки аз 10.09.2018 то 22.09.2018 давом хоҳад кард, бори дигар аъзоёни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва мухолифони давлатро ба ҳам овард. Аслан ин созмони байналмиллалӣ ҳадафи аслии худро ба арзёбии ҳуқуқи башар баён намудааст, вале минбар додан ба аъзоёни ҳизбе, ки дар Тоҷикистон террористию экстремистӣ эълон шудааст, худ ба худ нисбати шаффофу одилона будани фаъолияти ин созмон дар шуури кас саволҳоеро ба вуҷуд меорад…. 


Аз аввал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намехост бо ин хоинону ватанфурушон паси мизи гуфтушунид нишинад. Махсусан иштирок намудани М. Кабирӣ ва ҳамаслаконаш дар конфронси САҲА дар шаҳри Варшава тайи рӯзҳои охир ҷиҳати пуштибонӣ аз амалҳо ва кирдорҳои разилонаи худ ва муаррифии Тоҷикистон ба сифати давлате, ки гӯё дар он ҳифзи арзишҳои ҳуқуқи инсон, мавҷудияти демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпеша дида намешавад, боиси таасуфи ҳамагон гардидааст. 


Дар рӯзи дуюми кори ин конфронс амали иғвогаронаи як узви фаъоли мухолифон- Сулаймони Орзу нишон дод, ки онҳо кобилияти бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид баррасӣ намудани масъаларо надоранд. Ин ҷо низ мехостанд бо роҳи тавтеъа дар чашми ҳамагон худро ҷабрдида намоиш диҳанд. Хушбахтона тирашон хок хӯрд. 


Ин гурӯҳи ба ном «ватандӯстону миллатдӯстон»-ро аз аввал гуфтор дигару рафтор дигар буд. 


Ба қавли Абулқосим Лоҳутӣ: 
…..Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам, 
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳарду? Наход дӯр аз ватан истода бадном сохтани ватан нишонаи ватанхоҳӣ бошад? 
Наход бо пулу моли бегонагон санг андохтан ба ҳамватану ҳаммилат нишонаи миллатдӯстӣ бошад? 


Бо истифода аз пешрафти илму техника ва сари вақт огоҳ намудан аз асли ҳодисаю воқеаҳои дохилу хориҷи кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодир аст, ки мардумро аз ниятҳои аслии нопоки душманони миллати тоҷик сари вақт огоҳ намояд. Мардумро имрӯз дигар бо суханони пучу беасос фирифтан имкон надорад, зеро акнун ҳамагон аз ободкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб огоҳ ҳастанду бо чашми сару ақли расо дида истодаанд, ки мақсади аслии роҳбарияти кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз ба рӯз беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии халқ аст. 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон борҳо бо рафтори ҷавонмардонаашон нишон додаанд, ки ҳар касеро, ки аз кардааш пушаймон шудаю ба ватан бо мақсади ободкорию созандагӣ бармегардад, авф менамоянд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо боз ҳам Карим Раҳимов (Мулло Абдураҳим) ва Айёмиддин Сатторов мебошанд. 


Дар саҳифаҳои таърихи гузаштаи мо тоҷикон ва ва тамоми ҷаҳон пайваста зикр шудааст, ки ҳеҷ гоҳ бо роҳи ҷангу ҷидол ҳеҷ давлате рушд накардааст ва нахоҳад кард. Танҳо бо роҳи сулҳу ваҳдат метавон ба ҳадафҳои неку созанда расид. Мисоли равшани он баъди ба оромиву сулҳ расидани мост, ки рӯз то рӯз ба қуллаҳои мурод расидаву кишвари азизамонро ба ояндаи дурахшон расонида истодаем. 


Декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ н.и.и., дотсент Неъматов И.У.