Мақолаҳо
ТО ЗАБОН ДОРЕМ, ВАТАНДОРЕМ МО!
Имсол соли нуҳум аст, ки санаи панҷуми октябр дар кишвари мо ба таври расмӣ ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Ҳукумати мамлакат аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овард. Яъне, дар бисту ҳафт соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Бояд гуфт, ки баҳри амалӣ намудани муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис гардидааст, ки он дар назорати иҷрои муқаррароти қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмӯъ, татбиқи сиёсати давлатии забон масъулияти бисёр муҳим дорад.
Тадбирҳои дигари ҳадафмандонаи Ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон таҳия ва пешниҳоди «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар» маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муфид истифода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19 марти соли ҷорӣ зимни мулоқот бо зиёиёни эҷодкори мамлакат аз паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати бузурги тоҷик ёдовар шуда, аз зиёиён даъват намуданд, ки дар пойдорӣ ва ҳифзи ин арзишҳои милливу умумибашарӣ саҳмгузор бошанд.
Аз он ҷумла, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар замоне ки мо ба сӯи Истиқлолияти миллӣ ва фарҳангӣ роҳ кушодаем, лозим аст, ки забони худро ба дараҷаи як забони шево тақвият бахшем, то ба корвони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафарӣ карда тавонем. Дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат аз зиёиён ва олимони кишвар даъват намуданд, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми «забони тоҷикӣ» бетараф набошанд ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоянд.
Бояд дар хотир дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад. Ҳамчунин, собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шуҳрат дорад. Барои ба ин шуҳрату мартаба расидани он адибон ва суханварони бузурге, чун устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳазорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адабиву илмии худ тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд.
Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон — Қуръони карим пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама, аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон барои тарбияи наслҳо тақозо дорад.
Бояд ҳар як фарди солимфикр дар хотир дошта бошад, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. То забон дорад, ватандор аст ӯ, То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Мадина Закирова, ҳуҷҷатнигори кафедраи забонҳои хориҷӣ