Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Равияи ифротгароии наҳзатиён

Вазъи печидаи ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки барои дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти бештарро бар дӯш гирем. Зеро маҳз насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст метавонад доир ба дилхоҳ ҳодисаи ба давлату миллат рабтдошта хулосаи даркорӣ барорад ва барои ҳифзи Ватану миллат камари ҳиммат бандад. 


Ҳодисаҳои Ироқу Сурия, амалҳои террористии ДИИШ, «Толибон»-и Покистону Афғонистон нишон дод, ки дур будан аз илму дониш ва маърифати динӣ, инсонҳоро ба манқурт табдил медиҳад. 


Тавре мушоҳида мекунем, вазъи сиёсии мамлакатҳои Шарқ айни замон хеле ноором аст, ки он бевосита ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таъсири худро расонида истодааст. Равияю ҳизбҳои террористиву экстремистии ин мамолик давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷикро низ ба гирдоби идеологияи динии худ кашиданианд. 


Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо терроризму экстремизмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ талафоти зиёди ҷонию молӣ дода буд. Ин аст, ки феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад ва ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи муштарак бо ин вабои аср даъват мекунад. 


Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки дар гузашта дар сатҳи сиёсии давлатамон пурра фаъолият мекард, имрӯз пешбарандаи идеологияи ифротгароиву иғвогарӣ гаштааст, ки бар зидди сиёсати оқилонаи Президенти ҷумҳуриамон аст. 


Тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд». 


Дар ҳақиқат, ҳизби наҳзати ислом аз рӯи фаъолияташ ҳамчун равияи хусусияти террористидошта худро дар ҷомеа муаррифӣ кард. Санаи 3-4 сентябри соли 2015 бо сарварии яке аз аъзоёни ин ҳизб - Назарзода А.М. (собиқ муовини вазири мудофиа) бо сӯистифода аз вазифа ҳамяроқони худро, ки зиёда аз 150 нафар буданд, дар маркази шаҳри Душанбе ҷамъ оварда, онҳоро бо либосҳои ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон мусаллаҳ карда, кӯшиши табаддулоти давлатӣ кардан доштанд. 


Ин амалиёти ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнагун намудани давлати дунявии тоҷик, нест гардонидани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати исломӣ, маҳдудсозии озодии миллат буд. Наҳзатиён мехостанд аз дини мубини Ислом истифода бурда, амалиёти экстремистиву террористии худро роҳандозӣ намоянд ва амалҳои ҷинояткоронаи хешро баҳри ба даст овардани ҳокимият пардапӯш карда, халқи тоҷикро боз як бори дигар ба ҷанги бародаркуш даъват намоянд. 


Гузашта аз ин, собит гардид, ки шомилшавии бархе аз ҷавонони ноогоҳи тоҷик ба ташкилотҳои террористию эктремистӣ аз фаро гирифтан ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад. Ҷалб намудани ҷавонон ба таълимоти динӣ дар кишварҳои беруна яке аз марҳилаҳои ибтидоии шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои террористӣ мебошад. 


Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надошта, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад ва аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. 


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат дода, имрӯз дар кишварамон барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи талаботи он ҳаёти ҷамъиятӣ дар мамлакатамон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи динӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Бинобар ин умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияи ифротгаро осмони софи тоҷикро тира намегардонад. 


Дембегиев М.С., Ғафуров Ғ.С., устодони кафедраи фаъолияти бонкӣ