Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИҚДОМҲОИ СИТОДРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ!

Истиқлолият, ваҳдат ва ҳаёти орому осуда неъматҳое мебошанд, ки насиби на ҳар миллат мегарданд. Миллати тоҷик дар ҳақиқат миллати хушбахт ва сарбаланд аст, ки тақдир ин неъматҳои номабаршударо насибаш гардонидааст. Тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ ҳамагон шоҳидем, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии хирдмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини ҳаёти арзандаи шаҳрвандон кӯшишҳои шабонарӯзӣ карда истодаанд. Расидан ба қадри ин заҳматҳо ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шудан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокинии бонангу номуси ҷумҳурии азизамон мебошад. 
Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯз шукронаи ҳаёти арзанда намуда, тамоми кӯшиш худро баҳри ободии ин сарзамин равона намуда истодаанд. Аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд гуруҳҳо ва ашхоси алоҳида, ки қадри ин ҳаёти орому босуботро надониста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд ва мехоҳанд суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда, амнияти миллии кишварро халалдор кунанд. Тамоми ин неруҳо бояд дониста бошанд, ки сохтори конститутсионии Тоҷикистон тағйирнопазир аст ва мақомотҳои қудратии Тоҷикистон қодиранд, ки ба ҳама гуна гуруҳи таҳдидҳо ҷавоби арзанда гардонанд.  
Имрӯзҳо ҳамагон шоҳидем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир амал менамояд. 
Аллакай аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ миқдори зиёди яроқи ҷангӣ ва маводи тарканда мусодира шудааст. Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсадноки ситод 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Соҳибони 203 автомашина шишаҳои сиёҳи воситаи нақлиёти худро ихтиёран тоза намуданд. Чунин натиҷаҳои назаррас далели фаъолияти самараноки кори ситод мебошад. Мо умедворем, ки минбаъд низ ситод кори пурсамараи худро идома дода, ин гушаи биҳиштосои кишварамон-Бадахшонро аз тамоми гуруҳҳои ҷиноятпеша покиза месозад. Дар Тоҷикистон, ки давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад, ягон шахс ё гуруҳ наметавонад бо зури силоҳ ё ягон воситаи дигар амнияти шаҳрвандонро халалдор кунанд. 
Мо-раёсат, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятиро дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ва махсусан шаҳри Хоруғ маҳкум намуда, чорабиниҳои Ситоди байниидоравиро пурра дастгирӣ менамоем ва ба аъзоёни ин ситод дар кори пурмасъулияташон бурдбориҳо хоҳонем. Мо боварии комил дорем, ки ҳар як иқдоми мақомотҳои қудратии кишвар ба нафъи ҷомеа буда, бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.