Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Моро дигар пароканда магуй!

Раванди ташаккулёбии як халқият ё гуруҳ ба миллати том корест басо мушкил ва дуру дароз. Таърих гувоҳ аст, ки дар ин кор, яъне бинои миллати ягона бисёр қавмҳое буданд, ки муваффақ нашуданд ва аз байн рафтанд. Хушбахтона миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик новобаста аз мушкилиҳои зиёд ба миллати ягона табдил ёфт ва имрӯз тамоми ҷаҳониён моро эътироф ва эҳтиром мекунанд. Имрӯз миллати тоҷик дорои забон, фарҳанг, ҳудуди ягона, мустақилият ва иқтисодиёти худ аст, ки ҳамаи ин омилҳо гувоҳи миллати ташаккулёфта будани тоҷик ҳастанд. Миллат бунёд кардан бисёр мушкил аст вале дар ин ҷаҳони пуртаззод ва зуд-зуд тағйирёбанда ҳамчун миллати ягона ва соҳибихтиёр боқӣ мондан амалест боз ҳам мушилтар. Яке аз нишонаҳои асосии миллат ин дар ҳудуди якпорча зиндагӣ кардани он аст. Ин кор танҳо тавассути мавҷуд будани алоқа миёни минтақаҳо таъмин карда мешавад. Дар даврони шӯравӣ ба ҳамаи пешравиҳову созандагиҳо нигоҳ накарда, вилоятҳои Тоҷикистон бинобар сабаби набудани роҳҳо байни ҳам алоқа надоштанд ва ин мушкилӣ дар раванди миллатсозӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекард. Хушбахтона дар солҳои соҳибихтиёрӣ зери роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф кардани ин мушкилӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд ва имруз бо боварии комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон пурра аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадааст ва дигар монеае баҳри ташаккули минбаъади миллати тоҷик нест. 


Чанде пеш дар сомонаи иғвоангези «Паём» мусоҳибае бо яке аз хоинони миллати тоҷик Алим Шерзамонов ба нашр расид, ки ба эҳсосоти миллии мо расид. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки тоҷикон гӯё ҳануз ҳам миллат нестанд ва миёни минтақаҳои мо ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ нест. Аз хондани ин матлаб дар қалби ҳар як тоҷик ҳисси кинаву адоват нисбати хоинон ва душманони давлат боз ҳам зиёдтар мешавад. Мо тоҷикон имрӯз новобаста аз маҳалу мазҳаб ва дигар нишондиҳандаҳо муттаҳидем ва намегузорем, ки нохалафоне мисли Алим Шерзамонов, ки Ватани худро ба ивази пулу моли хоҷагони хориҷии худ фурухтаанд, моро таҳқир кунанд. Ба ин гуна хоинон ва ватанфурушон муроҷиат карда гуфтанием, ки миллати бузурги тоҷикро ҳеҷ гоҳ таҳқир накунед. Дар ҷавоб ба ин суханҳои бемантиқ ва беасоси хоинон мо миллати тоҷик боз ҳам тифоқтар ва сарҷамътар мешавем ва давлати худро соҳибӣ мекунем. Таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мо дарси бузурге дод. Мо дигар ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки унсурҳои маҳалгароӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанду ҳаёти орому босуботи моро халалдор созанд. Бузургии Тоҷикистон дар ягонагиву якдилии ҳамаи минтақаҳои кишвар аст. 


Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.