Мақолаҳо
Роғун - иншооти бузурги аср
Имрӯзҳо дар сохтмони иншооти бузурги аср – бунёди неругоҳи барқии обии Роғун кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар бунёди ин неругоҳ заҳмат мекашанд. Шахсоне, ки дар ин иншоот заҳмат мекашанд, бемуҳобот, қаҳрамонони арсаи бунёдгузорӣ ба ҳисоб мераванд, зеро ин шахсиятҳо бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ мехоҳанд фидокорию садоқати худро ба Пешвои миллат ва Ватани азизамон собит созанд. Аз он ки рӯзҳои наздик агрегати якуми он ба истифода дода мешавад, тамоми аҳли ҷомеаи тоҷикон хушбахту мамнунанд. Бо оғози фаъолияти ин неругоҳи бузург истиқлолияти энергетикии мамлакат ва дар заминаи он рушди иқтисодиёти кишвар устувор ва амалӣ мегардад.
Албатта, дар сохтмони ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург ва назаррас аст. Зеро маҳз бо талошу заҳмат ва дастуру ҳидоятҳои пешбарандаи Пешвои муаззами мо сохтмони неругоҳи барқии обии Роғун сурат гирифт. Ду сол пеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худ савори булдозери вазнин маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот ҳисоб мешавад, ҳусни оғоз бахшиданд. Ин амали Сарвари давлат аз фидокорию заминӣ будани Пешвои миллатамон ва ба сохтмони ин иншоот таваҷҷуҳи хоса доштани эшон далолат мекунад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад, ки яке аз онҳо расидан ба амнияти энергетикӣ мебошад. Дар доираи амалисозии ин иқдоми бузург тадбирҳои зиёде андешида шудаанд, аз ҷумла ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ. Чунончи, баъди расидан ба истиқлолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон пуриқтидортарин лоиҳаи энергетикӣ - Неругоҳи барқи обии Сангтӯда - 1 (бо сармоягузории Русия) сохта, ба истифода дода шуд. Иқтидори он 670 ҳазор киловатт буда, соле то 1 миллиард киловатт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Бо дастгирии молиявӣ ва техникии Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, бунёди НБО-и Сангтӯда -2 (иқтидораш 220 ҳазор киловатт) ба анҷом расид, ки ин ду неругоҳ баъди аз шабакаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо гаштани Тоҷикистон шиддати камбудии барқро дар кишвар хеле коҳиш доданд.
Ҳамин тавр, дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии кишвар масъалаи норасоии неруи барқ дар солҳои наздик яқин пурра ҳал мегардад.
Рушди иқтисодӣ бе иқтидори баланди энергетикӣ имконнопазир аст. Фаъолияти тамоми соҳаҳои замони муосир ба қувваи барқ вобастагии сахт дорад. Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, то соли 2030 талабот ба захираҳои энергетикӣ нисбат ба соли 2006 50 фоиз меафзояд.
Мусаллам аст, ки сохтмони неругоҳҳои хурду бузург дар кишвар барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидат мекунад, аз ҷумла неругоҳи барқи обии Роғун. Ин неругоҳ аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии Норак якуним баробар зиёд аст. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар ва минтақа такон бахшад, яъне шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содирот гардад.
Ҳамин тавр, мо, ҷавонон ба сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср сано хонда, боварии комил дорем, ки бо чунин ташаббусу фидокорӣ мардуми тоҷик метавонад дар муддати наздик агрегатҳои дигарро низ ба кор меандозад ва Тоҷикистонро чароғон ва иқтисодиёташро пешрафта мекунад.
Ҷонибек Зубайдов, эдвайзер оид ба таълими факултети МИБ