Мақолаҳо
Таассуроти олимони қирғиз аз ДДМИТ
Боиси фараҳ аст, ки робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷи дуру наздик торафт густариш ва тавсеа меёбад. Аз оғози соли таҳсили 2018-2019 гурӯҳи устодону донишҷӯён аз Донишгоҳи техникии Екибастузи Ҷумҳурии Қазоқистон ба донишгоҳи мо ташриф оварда, як моҳ таҷриба омӯхтанд.
Ин навбат ба таълимгоҳ як гурӯҳ олимон аз Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳайати 6 нафар - Абдыкадыров Санжар, Токоева Ажара, Абдилайип уулу Омурбек, Ташиев Нияз, Абдылакимова Бегай, Раджапова Назгул ташриф оварданд. Ин ҳайати омӯзгорону профессорони бонуфузи соҳаи иқтисод ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ аз 23 то 28 октябр дар доираи барномаи мубодилаи устодон бо фаъолияти таълимӣ ва илмии ДДМИТ ошно хоҳанд шуд. Мо бо роҳбари гурӯҳ Абдыкадыров Санжар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи бизнес-информатика ва математика дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Ош ҳамсуҳбат шудем, ки дар зер фишурдаи онро меорем.
- Бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон, ба ин кишвари ҳамсояи қарин ва ҳамҷавору дӯст омадаам. Вақте аз сарҳад убур намудем, моро хеле хуш қабул карданд. Аз меҳмоннавозию муомилаи хушу лутфи беандозаи халқи тоҷик хеле мамнунем. Бояд гуфт, ки халқҳои қирғиз ва тоҷик аз азал бо ҳам аз рӯи анъана ва расму таомул хеле наздиканд ва инро мо дар вақти будубошамон дар ин кишвари офтобрӯя эҳсос кардем. Таомҳои миллии тоҷикон ба мо хеле писанд омад ва аз маҳорати баланди пазандагии ин мардум шаҳодат медиҳанд ва бозгӯи тамаддуни қадима ҳастанд.
Меъмории хеле зебо ва аҷиби шаҳри Душанбе ҷолиб буда, аз диди баланд ва созандагии роҳбарияти шаҳр далолат мекунад. Ҳамчунин тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисор низ ба мо як ҷаҳон маънӣ бахшид.
Аз рӯзе, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қарор дорем, моро ректори таълимгоҳ муҳтарам Хайрзода Ш.Қ. ва муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ Қодиров Ф. ва дигар устодон хеле хуш қабул карданд. Дар гурӯҳи русии ихтисоси информатика дар иқтисодиёт аз фанни иқтисодиёти рақамӣ дарс гуфтам. Гуфтан мумкин аст, ки донишҷӯёни тоҷик низ мисли донишҷӯёни мо барои доништалабӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии худ кӯшиш менамоянд. Ба бар кардани либоси ягонаи расмии донишҷӯён бисёр зебанда ва фарҳанги баланди мардумро баён мекунад. Базаи моддию техникии донишгоҳ ва иқтидори зеҳнии он хеле пурқувват буда, барои омодакунии кадрҳои ихтисосманд басанда аст. Донишгоҳ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст ва мушоҳида мешавад, ки ин муваффақиятҳо натиҷаи фаъолияти пурсамари ҳайати профессорону омӯзгорон буда, минбаъд ҳам идома меёбанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамкориҳои мо бо ДДМИТ чандин вақт аст, ки идома дорад. Ташкили Шӯрои дифои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Ош, ки дар он чанд тан аз олимони ҷавони ДДМИТ низ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд, яке аз дастовардҳои беҳтарин дар ҷодаи ҳамкориҳои илмии байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мебошад. Ин ҳамкориҳо имрӯз ҳам идома дорад ва устоди донишгоҳ Суннатулло Нуриддинов чанде пеш дар донишгоҳи мо муҳокимаи қаблии рисолаи номзадии худро бомуваффақият гузашт.
Дар бораи Донишгоҳи давлатии Ош гуфтаниам, ки он 80-сола мешавад ва дар он зиёда аз 28 ҳазор донишҷӯ аз рӯи 80 ихтисос таҳсили илм доранд. Дар донишгоҳ гурӯҳҳои таълим ба забони англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ низ амал мекунанд. Ҳамзамон зинаи таҳсилоти MBA фаъолият дорад. Аз рӯи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон Донишгоҳи давлатии Ош сазовори ҷои якум гардидааст ва боварӣ дорем, ки ДДМИТ низ ба ин мартаба мерасад.
Аз фурсат истифода бурда, ба ректори ДДМИТ ва ҳамаи устодону кормандони ин таълимгоҳ барои қабули хушу меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ менамоем ва умед дорем, ки ҳамкориҳои мо минбаъд низ дар арзҳои гуногун тавсеа ва идома меёбанд.
Мусоҳиб Машҳура Абдуллоева