Мақолаҳо
Роғун - кохи нур
Армони деринаи миллати сарбаланди тоҷик дар зудтарин фурсат амалӣ мешавад. Ин армон сохтмон ва ба истифода додани Неругоҳи барқи обии Роғун ба ҳисоб меравад, аниқтараш чарха (ё агрегати) аввалини он, он ҳам бошад, дар рӯзи 16 ноябри соли 2018. Маҳз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи тақдирсоз, иҷлосияе, ки 26 сол муқаддам тақдири миллати сарбаланди тоҷикро ба дасти яке аз фарзандони фарзонаи он вогузошт. Фарзанде, ки нуфузу эътибори ин миллати сарбаланду тамаддунофарро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам ба қуллаҳои баландтар бурд, ки ин бевосита аз хизматҳои шоёну шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Воқеан, миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон маҳз тавассути хидматҳои шоёни Пешвои миллат мешиносанд ва эътироф мекунанд. Маҳз чунин талошу ғамхориҳои пайваста буд, ки миллати сарбаланду сарфарози тоҷик ба орзуи деринаи худ - сохтмон ва ба истифода додани Неругоҳи барқи обии Роғун расид.
Мусаллам аст, ки ин орзу даҳсолаҳо дар қалбу зеҳни мардуми мо парвариш ёфта, пайи амалишавии он ҳамагон саъй мекарданд. Аммо маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, қадамҳои устувори ин абармарди дунёи сиёсат, бо дипломатияи муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон, бо вуҷуди тамоми монеаву маҳдудиятҳои ҷиддӣ ин ормони деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид ва дер нест он рӯз, ки ҷумҳурии азизи мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ мушарраф гардад.
Албатта, сохтмони НБО-и Роғун ин ягона роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвари азизи мо ба ҳисоб рафта, дар оянда ҳангоми пурра сохта, ба истифода додани ин неругоҳ иқтидор ё потенсиали содиротии кишвари маҳбубамон дучанд мегардад ва мо ба яке аз кишварҳои содиркунандаи қувваи барқ дар минтақа ва ҷаҳон мубаддал мегардем. Дар ин росто зикр кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи CASA-1000 яке аз имкониятҳои бузурги энергетикии кишвар ба ҳисоб рафта, метавон бо боварии комил гуфт, ки ҳангоми пурра сохта ва ба истифода додани ин пружа интиқоли барқи зиёдатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон ба роҳ монда мешавад. Албатта, он рӯз дер нест, ки кишвари мо дар ояндаи наздик ба яке аз содиркунандагони азими қувваи барқ мубаддал мегардад ва даромади хуберо ҳам аз содироти қувваи энергетика ба даст меоварад.
Бояд гуфт, ки мавқеи Неругоҳи барқи обии Роғун басо азим аст, ки мо тавассути пурра сохтани ин неругоҳ имконияти бештар содир кардани қувваи барқро ҳосил карда, ба ин васила маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро дучанд менамоем ва бо ин роҳ шароити иқтисодӣ-иҷтимоии аҳолиро беҳтар намуда, некуаҳволии онро таъмин менамоем.
Ҳамин нуктаро мебояд зикр намуд, ки дар баробари пурра сохта ба истифода додани НБО-и Роғун шумораи корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, заводу фабрикаҳо зиёд гардида, тавассути он шумораи ҷойҳои кории холии нав ҳам бештар мегардад. Бар замми ин, манбаъҳои нави андозбандӣ зиёд шуда, ҳамчун омили асосии ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ баромад мекунанд ва бо ин роҳ кишвар дар бозорҳои дохилию беруна молҳои худро пешкаш карда, мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам месозад, ки ин яке аз мақсадҳои асосии стратегияи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Зафар Ҳалимхонов, устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ