Мақолаҳо
Давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
Яке аз масъалаҳои асосии ҳастии имрӯзаи давлат ин усули такмили сохтори демократӣ ва тараққиёти он мебошад. Ва ин ҳамчун кафолатдиҳандаи демократия, давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунад. Оид ба давлати ҳуқуқбунёд аз он нуктаи назар мулоҳиза кардан лозим аст, ки ҳар як давлат бо хуқуқ алоқаманд мебошад, вале на ҳар як давлатро ҳуқуқбунёд номидан мумкин аст. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ изҳор намуданд: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз ҳам эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».
Дар замони муосир давлати Тоҷикистон низ худро давлати ҳуқуқбунёд эълон намуда, таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, риояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро кафолат медиҳад, ки ин яке аз хусусиятҳои инкишофи давлати демократӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ ва дунявӣ мебошад, ки дар он принсипҳои адолати иҷтимоӣ риоя шуда, муносибатҳо дар доираи низоми ҳуқуқӣ танзим мешаванд.
Идеяи давлати ҳуқуқбунёд ҳанӯз дар давраи антиқа ба вуҷуд омада буд. Ин мафҳумро ба илм файласуфи олмонӣ И.Кант дохил намуда, аз тарафи дигар, тадриҷан онро идеологҳо такмил додаанд. Принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд чунин тафсир дода мешавад, ки нақши қонун ҳамчун механизми танзимкунандаи ҷомеа баромад мекунад.
Ҳукмронии қонун. Қонуне, ки хоҳиши халқро ифода мекунад, омили асосии пешбарандаи давлати ҳуқуқбунёд буда метавонад. Дар марҳалаи дигаргунсозии ҷомеа вазъият тағйир ёфта, мақоми илмҳои ҳуқуқӣ баланд гашта, тадриҷан такмил меёбанд. Бештар қонунҳо кор карда шуда, заминаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд чунин гузошта мешаванд:
а) баробарии ҳама дар назди қонун; б) масъулияти дутарафаи шаҳрвандон дар назди давлат ва давлат дар назди шаҳрвандон; в) устувории озодиҳои шахс, ҳуқук ва манфиатҳои он, номус ва обрӯи вай; г) тақсимоти ҳокимият (қонунбарор, иҷроия, судӣ).
Ҳамин тавр, дар давлати ҳуқуқбунёд бояд ҳамаи он манбаъҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданоктаринанд, фардӣ нагашта, ба фоидаи умумиҷамъиятӣ бояд хизмат кунанд. Ин принсипҳо табиатан сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандиро талаб мекунанд.
Сохтани давлати ҳуқуқбунёд бояд, ки ба мутлақияти дастгоҳи давлатӣ нуқта гузошта, ба принcипи на халқ барои давлат, балки давлат барои халқ асос ба инобат гирифта шавад. Таҳкурсии иҷтимоӣ дар он давлате барпо мегардад, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеӣ ба вуҷуд оварда шавад. Мувозинати сиёсӣ ва ҷомеа дар он ҳолате ба даст меояд, ки соҳибони ҳокимияти сиёсӣ бо талабот ва умедвориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқат кунанд. Дар ин ҳолат аксарияти шаҳрвандон ба қабули қарорҳо итоат мекунанд. Аксар вақт чунин ҳолат ба воситаи усули гузашт кардан, чусту чолокона ҳамоҳангсозии истифодаи ақидаҳои ҷомеа ва созиши он таъмин карда мешавад.
Аслан, мафҳуми "ҷомеаи шаҳрвандӣ" дар асри ХVII пайдо шудааст. Дар аввал мафҳуми мазкурро файласуфони англис Г.Гротсий ва Т.Гоббс истифода намудаанд. Мафҳуми "ҷомеаи шаҳрвандӣ"-ро барои ифодаи рушди таърихии ҷомеаи инсонӣ, гузариши инсон аз мавҷудоти табиӣ ба ҳолати гузариши мутамаддинӣ истифода бурдаанд. Баъдтар донишмандони зиёд ба ин масъала аҳамият гузошта, тавассути он маъниҳои гуногунро ифода намудаанд ва тадриҷан онро инкишоф додаанд. Дар замони муосир дар Тоҷикистон раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷой дорад. Тадриҷан институтҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул меёбанд. Рушду инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро дорад. Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон шартан метавонем ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим намоем. Ба гурӯҳи аввал институтҳои анъанавии ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил мешаванд. Ба ҳайси институтҳои анъанавии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳалла, ҷамоат, масҷид ва ғайраҳо метавонанд баромад намоянд. Институтҳои анъанавии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳанӯз дар замони ташаккулёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд доштанд, ки дар мамлакат нақши назаррасеро мебозанд.
Хиради азалӣ ва ҳувияти миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.
Ҳ. Нозимов, А. Турсунова, устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ