Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Конститутсия - кафили абадияти миллат

Истиқлолият ҳамчун шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ, соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллатро пойдор намуд, сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ дод. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо гардонид. 
Бузургтарин дастоварди ҷумҳурии соҳибистиқлоли тоҷик дар даврони истиқлолият, ин қабули Конститутсия буд. Ҷомеаи навбунёд бе дурнамои роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин иброз дошта буданд: «Раванди нави таърих ба дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаҳо Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буд, ки он аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардида, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд». 
Тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи ҶТ баъди барҳамхӯрии ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд. Лоиҳаи Конститутсияи соли 1992 аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, аз 12 боб ва 136 модда иборат буд. Фасли якум ба асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ бахшида шуда, ба бобҳои давлат, ҳолати ҳуқуқии иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона шуда буд. Фасли дуюм ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда буд. Дар фасли сеюм мувофиқи усули таҷзияи ҳокимият низоми мақомоти давлатии ҶТ- Маҷлиси миллӣ, Президент, Суд ва прокуратура муқаррар шуда буд. Фасли чорум низом ва тарзи ташкилёбию фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро муқаррар мекард. Фасли панҷум низоми интихоботро шарҳ медод. Фасли шашум вазъияти фавқулода ва фасли хафтум тартиби қабул ва тағйир додан ва илова даровардан ба конститутсияро ба танзим медароварданд. 
Лоиҳаи Конститутсияи ҶТ ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ аз 26 июли соли 1993 пешкаш гардид, ки ба тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ алоқаманд буд. Дар аввали моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи навро дар ду шакл: 1. Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ; 2. Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии парлумониро гурӯҳи кории комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. 
Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва ба лоиҳа тағйироти лозима дароварда, то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шӯрои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи Конститутсияи нави ҶТ 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз ёфт. Лоиҳа аз муқаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда иборат буд. Ниҳоят, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар баробари қабул гардидани Конститутсия мардуми тоҷик роҳи нави инкишофро интихоб намуд. Ва марҳилаи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба шаҳрвандӣ ва аз давлати шӯравӣ ба давлати ҳуқуқбунёд оғоз гардид. Халқи тоҷик дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро пеш гузошт. 
Ин ҳуҷҷати муҳим кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар як шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. 


Мирзоалиева Муборак, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ