Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Роғун - кони ганҷу махзани пурсарват

Нақш ва аҳамияти Роғун дар ҳаёти мамлакати мо то рафт меафзояд, зеро ин ҷо бузургтарин неругоҳи барқии обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёд мегардад, ки барои кишвари мо аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон. 


Бале, мо ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сад дар сад розием, чунки Неругоҳи барқии обии Роғун муҳимтарин иншооти асри мо мебошад. Бунёди иншооти обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон саривақтӣ аст. Ояндаи Тоҷикистон ба рушди энергетика вобаста аст. Алҳол дар Неругоҳи барқии обии Роғун теъдоди зиёди коргарону мутахассисон кор мекунанд ва бо ёрии таҳҷизоту техникаи пуриқтидор кори иншоотро вусъат медиҳанд, ки ин дар оянда, албатта, танқисии барқро дар Тоҷикистон (хусусан дар деҳаҳо, ки зимистон аз набудани барқ азоб мекашанд) аз байн мебарад. Сохтану ба истифода додани неругоҳи Роғун ва дигар иншоотҳои энергетикӣ метавонад обрӯю эътибори миллати моро боз ҳам боло бардораду гулгулшукуфии кишварро таъмин намояд. Барои амалӣ шудани ин кори наҷиб – сохтани неругоҳ заҳмати шабонарӯзии коргарону мутахассисони қавиирода, ки на сардиҳои зимистон, на гармиҳои тобистон иродаю азми онҳоро шикаста наметавонанд, ба назар мерасад. Махсусан, заҳмати бонувоне, ки мардонавор дар он ҷо заҳмат мекашанд. Мо аҳсант мегӯем ба чунин бонувон, ки дар баландтарин сарбанд, дар бунёди неругоҳи азими аср-Роғун саҳми худро мегузоранд. 


Роғун кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст ва бунёди он моро ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Барқ ин ганҷи бебаҳост. Агар Роғун бунёд шавад, мисли офтоб манзиламонро гарм намуда, ба ҷисмҳо ҷон, ба дилҳо фараҳ мебахшад. Шукри Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон менамоем, ки сохтани иншооти Неругоҳи барқии обии Роғунро, ки соли 1976 оғоз намуда буданду нотамом монд (лоиҳааш ҳанӯз соли 1963 тарҳрезӣ шуда буд) бо иқдоми Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаем, ки он илҳомбахши шоиру нависандаҳои мост. Чуноне шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ мегӯяд: 

Ту нури чеҳраи озодии ман, 
Ту пайки равшани ободии ман. 
Туро созам зи меҳри бекарона, 
Ки монӣ рӯзи фардоям нишона. 
Аё Роғун, мунаввар бош, 
Шабохун зан, музаффар бош! 


Аз маълумотҳо бармеояд, ки Неругоҳи барқии обии Роғун 6 агрегат дошта (ҳар кадом дорои 600 мегаватт) ва обанбори ғунҷоишаш 13,3 миллиард мукааб об дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати бузургӣ ва экологӣ беназир аст. Он имконият медиҳад, ки дараҷаи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он беҳтар гардад. Неругоҳи барқии обии Роғун на танҳо эҳтиёҷоти мардуми Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки харидорони зиёд дорад: аз ҷумла, Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҳиндустон кӯшиши харидани барқро доранд. 


Маънои калимаи «Роғун» дар «Энсиклопедияи Советии тоҷик» чунин шарҳ дода шудааст, ки Роғун-мавзеи зебоманзар, доманфарох, дарахтзор аст. Аз ин лиҳоз, гуфтанием, ки Роғун, ки худ маънои зебоманзарро дорад, бо сохта шуданаш тамоми диёри моро бо нури барқаш зебоманзар мекунад, ки шоир Ҳақназар Ғоиб дар ҳаққаш нигоштааст: 
Ҳаёти мо, мамоти мо зи Роғун аст баъд аз ин,
Фариштаи наҷоти мо зи Роғун аст баъд аз ин. 
Бапо шав, ай азизи ҷон, Худо туро нигоҳбон, 
Ки хонаи нишоти мо зи Роғун аст баъд аз ин. 


Аз ин лиҳоз, ба заҳматкашоне, ки дар бунёди неругоҳ саҳми худро мегузоранд, аз номи устодон ва шогирдони ДДМИТ арзи сипос намуда, ҳамеша саломат будан, дар бунёди иншооти бузург- манбаи нуру сафо қувваю неруи зиёдро хоҳонам. Ва аз номи шоир Муҳаммад Ғоиб гуфтаниам: 
Чист Роғун?-Иқтидори давлат аст, 
Кони ганҷу махзани пурсарват аст, 
Боварат гар нест, шарҳаш медиҳам, 
Ҳарфҳояш хоси роҳи миллат аст. 
Ҳарфи Р- аш рӯшанӣ бошад фақат, 
Душмани ҳар рӯшаниҷӯ зулмат аст. 
Ҳарфи О – бошад зи ободӣ нишон, 
Балки О – об аст, рӯди исмат аст. 
Ғайрату ҳиммат ҳама дар халқи мост. 
Харфи Ғ – аш бозҷӯи ғайрат аст.
 Устуворию умед У – яш агар, 
Ҳарфи Н номусу нангу нусрат аст. 

Савринисо Муҳаммадиева, устоди кафедраи забони тоҷикӣ