Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - таърихи фаромӯшнашаванда

Таърихи фаромӯшнашавандаи охирҳои асри гузаштаи ватанамон воқеаҳои бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти ватани азизамон Тоҷикистон аст. 


Акнун мо дар истиқболи 26-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба ҳамагон маълум аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён, ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ватанамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки ин қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузург ба бор овард ва, агар хато нашавад, чил-панҷоҳ сол аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба ақиб партофта шудем. Чунин аҳвол дар мамлакат қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро ба вуҷуд овард. Ахлоқи ҷомеа коста шуд, ки то ҳол таассуроташро дида истодаем. 


Баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун дар чунин шароити душвор вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз бахшида, роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд. 


Эмомалӣ Раҳмон - раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷумҳуриро ба миён гузошт. 


Таҷрибаи таърихии бисту шаш соли баъди иҷлосия исбот ва собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз менамояд. Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва ояндасози давлатамонро қабул намояд. 


Муҳимтарин дастоварди иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлатамон ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад. 


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии нахустини хеш чунин иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». 


Суханрониҳо ва фаъолияти амалии Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Масъулияти олии созандагиро Иҷлосияи ХVI-ум ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо меҳрубонии Худованд сабаб гардид, ки роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ Сарқонуни нави мамлакатро 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намояд ки дар он ҳама дастовардҳои башарият ҷиҳати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд. 


Сарбаландии мо тоҷикистониён дар он аст, ки дар роҳи муайяннамудаи ин иҷлосияи тақдирсоз бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор мегузорем. Дар ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ зина ба зина эҳё шуда истодааст. Сохтмони иншооти азим - Неругоҳи барқи обии Сангтӯда 1, 2 ва дар ҳоли ҳозир дар Неругоҳи барқи обии Роғун кор ба шиддат пеш рафта истодааст. Худо хоҳад, умедворем, агрегати аввалаш ба кор медарояд. Барқарор кардани силсилапулҳои рӯи дарёи Панҷ, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби Озодӣ (Шар-шар), нақби Хатлон, нақби ағбаи Анзоб, нақби ағбаи Шаҳристон бозгӯи ободкориҳост. 


Ин ҳама шаҳодати бунёдкорӣ ва созандагии халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз иҷлосияи номбурда сарчашма мегирад. Дар арсаи байналмилалӣ эътибори давлати мо торафт меафзояд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият эътироф шудан ва барқарор намудани робитаи дипломатӣ бо аксарияти давлатҳои дунё, узвият дар СММ ва даҳҳо ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, иштирок, раисӣ ва гузоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар СММ ва аз минбари баланди он ба оламиён муаррифӣ намудани Ватани маҳбубамон боиси ифтихори ҳамаи мост. 


Дар таърихи навини мо, Анҷумани ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки ҳамто надорад. Ҳар қадар ки вақт моро аз ин иҷлосия дур мебарад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихии он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Аҳамияти таърихӣ дар он ҷаласа аз он иборат буд, ки бо қарори Шӯрои Олӣ Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд. Иҷлосияи 16-ум собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна бенизомиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз менамояд. Маҳз ҳамин иҷлосия буд, ки манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифт. Аҳамияти дигари таърихии Иҷлосияи 16-уми ШО аз он иборат аст, ки сохтори конститутсиониро барқарор карда, хатари пош хӯрдани Тоҷикистонро аз байн бурд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатамонро муайян намуд. 


Акнун он рӯзҳои даҳшат, душвориҳо паси сар шуданд. Имрӯз бо чашми хирад мебинем, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба чӣ қадар дастовардҳои бузург ноил гашт. Метавон гуфт Анҷумани 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори таърихи навин ва ояндасози давлати тоҷикон мебошад. Ҳамин анҷуман тавонист, тоҷи давлатдориро дар сари тоҷик назаррабову давлатамонро поянда гардонида, асолати миллиро муаррифӣ намояд. Ин ҳама хуррамиҳо фахри ҳар як тоҷикистонӣ буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонии мо амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин иҷлосия барои ҳар яки мо, наслҳо ва ҷомеаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз Худованди Бузург хоҳони онем, ки ҳамеша сулҳу осоиштагию амният дар ватани азизамон ҳукмфармо бошад. 


Абдуҷаббор Аминзода, устоди кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ