Мақолаҳо
Иҷлосияи сарнавиштсози кишвар
Аз таърихи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуда, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа гузошта, меъёрҳои асосии ҷомеаи ояндаро эълон намуд. Дар ин замина, месазад, ки аз рисолати таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Сарнавишти давлати мо пас аз касби истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 ба фоҷиаи фаромӯшнашаванда дар таърихи бузурги миллат - набарди таҳмилии шаҳрвандӣ пайваст. Ҳодисае, ки хатари бузургеро ба сари бошандагони кишвари тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳияи ноумедиву адами эътимод ба нафс кулли мамлакатро фаро гирифта буд. Мақомоти низомии давлатӣ фалаҷ гардида, тавлид ва истеҳсолот аз фаъолият бозмонд. Самти муътадили инкишофи иқтисодиёту истеҳсолот вайрон гардида, сатҳи осоиштагию созандагии мардум рӯ ба таназзул овард. Гуруснагиву камбизоатӣ мавзеъҳои ҷангзадаро фаро гирифта, кишвари орому осудаи моро ба нуқтаву маҳалли фоҷиабори ҷангзада табдил дод. Тамоми муносибатҳои байни давлатӣ аз байн рафта, дар мамлакат оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигар, қатлу ғорат, гиряву навҳаи ятимон ва волидайни аламзада идома меёфт. Дастгоҳи фалаҷгардидаи ҳукуматии ҳамон давраи Тоҷикистон тавонбахшии қудратӣ ё худ мутамарказгардонии сохторҳои зертобеи худро дар ҳамаи самтҳо аз даст дода буд ва минбаъд давлатро идора карда наметавонист. Неруҳои сиёсии кишвар аз ду ҷониб дар баробари якдигар меҷангиданд.
Сарфи назар аз паёмадҳои сиёсии мамлакат, дар ҳамон рӯзҳои барои халқу давлат душвор, комиссияи махсуси таъсисдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси намояндагони парламент ва неруҳои ҷонибдори Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, масъалаи барпо кардани Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯхт. Ҳамин тавр, дар дарун ва беруни Тоҷикистон неруҳои миёнарави сиёсии давлатие, ки барояшон амнияти Тоҷикистон меҳвари асосии кориашон қарор дошт, талош доштанд, сари вақт ин Иҷлосияро баргузор намоянд. Танҳо интихоби маҳалли баргузории Иҷлосия муҳим буд, чунки дар он замон дар шаҳри Душанбе ҷанги шарвандӣ рӯз то рӯз афрӯхтатар мегашт ва комилан имкони баргузории чунин Иҷлосия дар ин гуна шароит набуд. Комиссияи ҳукуматӣ оид ба баргузории Иҷлосия ба чунин хулоса омад, ки онро дар собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват намоянд, зеро ин минтақа нисбатан ором буд.
Ниҳоят 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани кишвар, раванди бавуҷудоӣ, инкишоф ва устувор гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон собит месозад, ки дарвоқеъ, намояндагони мардумии Тоҷикистон дар он рӯзҳои сангин бо ҳадафи оромию амнияти кишвар кори бузургеро анҷом дода, ки дар интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти бузурги Тоҷикистонро ба майдони сиёсат ва давлати Тоҷикистон оварданд, ки минбаъд дастовардҳо ва комёбиҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бо номи ӯ сахт алоқамандӣ дорад.
Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу салоҳ, ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ поя ва инфрасохторҳои давлатдориро аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонид.
Ҳукумати нави конститутсионӣ корро дар самти таҳкими давлатдории навини тоҷикон ба роҳ монд. Ҳамин буд, ки 12-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти худ Барномаи аз буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ баровардани кишварро пешниҳод намуд, ки муҳимтарин масъалаҳои он инҳо буданд:
- таъмини босуръат ва саривақтии барқароркунӣ, фаъолияти муътадили ҳамаи сохторҳои ҳокимият ва мақомотҳои идоракунӣ;
- барқароркунии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаҳо ва таъмини шароит барои фаъолияти вазифаҳои хизматӣ бо мақсади ҳимояи зиндагии ором ва бехатарии шаҳрвандон;
- баргардонидани гурезаҳо ба Ватан;
- ташкили Артиши миллӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва ғайра.
Ҳамин тариқ, заминаҳои воқеӣ дар кишвар омода гардид, ки ба воситаи он пеши роҳи ҷанг ва дигар харобиҳои кишвар гирифта мешуд. 6-уми ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи кишвар аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Механизми сиёсӣ ва ҳуқуқуии кишвар дар раванди принсипҳои ҷомеаи демократӣ мустаҳкам ва инкишоф меёбанд. Дар Майҳан стратегия ва барномаҳои мушаххас баҳри инкишоф ва ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қабул гардиданд. Самтҳои асосии сиёсати давлат дар ҳамаи ҷабҳаҳо, ба мисли сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷавонон, сиёсати давлат оид ба занон, дастгирии ятимон, бепарасторон, пиронсолон ва ҳамзамон сиёсати хориҷии кишвар воқеъбинона буда, дурнамои инкишофи минбаъдаи моро муайян мекунанд. Ҳамаи ин комёбиҳои мо, дар маҷмӯъ, ба Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии зич доранд, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ роҳи ба эътидол овардани кишвар, заминаҳои асосии бунёди ҷомеаи нави демократӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд.
Ин лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда, пеш аз ҳама, чун саҳифаҳои заррини таърих дар ҳофизаи таърихии миллат нақш баста, муддати тӯлонӣ, ҳатто асрҳо фаромӯш намегардад ва он дар ҳама давру замон ба тағйироти куллии ҷомеа таъсир мерасонад.
Ин Иҷлосияро барои он сарнавиштсоз меноманд, ки воқеан тақдири халқамонро ҳал намуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд”.
Иҷлосияи мазкур собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи самимӣ ва тавоноанд, ки пеши роҳи ҳар гуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз менамояд. Маҳз ҳамин Иҷлосия буд, ки манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифта, қувваҳои солими ҷомеа гирди ҳукумати қонунӣ муттаҳид гардиданд ва тавонистанд дар ин марҳилаи таърихӣ ҳукумати қонуниро созмон диҳанд.
Дар ин айём мо дар арафаи истиқболи таҷлили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо назардошти моҳият ва нақши созандагии худ иҷлосияи мазкур аз ҷумлаи рӯйдод ва воқеаи рангини таърихи миллати тоҷик буда, ба сарнавишти халқу давлати муосири тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ва раванди бавуҷудоӣ, инкишоф ва мустаҳкам гардидани системаи сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Таърихнигорону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит менамоянд, ки тоҷикон дар тӯли таърих дар ваҳдатсолориву фарҳангофарӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҷойгоҳи махсус доранд ва насли наврасу ҷавонро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор бошанд ва ин меросро беҳтар омӯхта, ба ҷаҳониён расонанд. Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» гуфтаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму ойини ниёгон… огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонанд».
Ҳасан Бойназаров, Иқбол Ҷобиров, ассистентони кафедраи фанҳои гуманитарӣ