Мақолаҳо
Пешвои миллат - ҳомии олимони ҷавон
Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари олимпарвару илмдӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии илм ва махсусан, олимони ҷавонро дар авлавияти сиёсати худ қарор додаанд.
Ба насли замони истиқлол изҳори боварӣ шудааст, ки назар ба наслҳои пешина ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорад. Шукри истиқлол, ки барои ҷавонон имрӯз тамоми дарҳо бозанд. Шукргузорӣ аз он менамоем, ки ҳамарӯза аз баракати роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Роҳбари давлат бархӯрдор гардида, дастуру ҳидоятҳояшонро дар амри ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватанамон ва мустаҳкамии сулҳу ваҳдати миллӣ сармашқи кори худ қарор медиҳем.
Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмию озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯиву навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ, ташаккули неруи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли онҳо тадбирҳое мебошанд, ки Сарвари муаззами давлатамон дар назди ҷавонон гузоштаанд. Бо ин роҳ Пешвои миллат пайваста ба тарбияи ҷавонон, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти ҷавонону пешрафти ҷомеа хизмат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва дар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои зарурӣ барои ҷавонон муҳайё карда шудааст.
Бо иштироки Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» тавассути муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ ташкил дода шуд. Муассисаи мазкур ҳар сол ҷавононро вобаста ба эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ барои соҳибихтисос гардидан ва ё коромӯзию такмили ихтисос ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар мефиристонад.
Ҳамчунин ҷиҳати таъмини шаффофияти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз оилаҳои камбизоат ва дастгирии онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Давлати соҳибистиқлол бе кадрҳои баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазир рушд карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб, Пешвои миллат дар он ақидаанд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон вазифаи муҳиму масъулиятнок аст. Руҳияи тарбияи ҷавонон аз сифатҳои иҷтимоию сиёсии онҳо вобаста аст. Девори устувори истиқрори қасри миллиро ҷавонон бояд бардоранд. Рӯ ба илм овардану ҳисси хештаншиносии миллиро дар худ бедор кардан, аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими ҷавонони саодатманди диёр маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, илму дониш, маърифати тавоноии саодатманд бояд ба меъёрҳои башарӣ мувофиқат кунад. Барои ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, пешрафти техникаю технологии нав, қабл аз ҳама, дониши васеъ зарур аст.
Асри ХХI дар ҳаёти ҷамъият марҳилаи тозаи бозёфтҳо ва тараққиёти илмию техникӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тавассути илм инсон дар худ одамиятро ташаккул дода, ба дараҷаҳои баланди эҷодкорию озодандешӣ расида, ба субъекти бошуури фаъол ва комилан раванди таърихӣ табдил меёбад. Бо ин мақсад, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 4 декабри соли 2014 ба тасвиб расонида шуд, ки дар он 110 равияи тадқиқотии афзалиятнок пешбинӣ гардидааст. Аз тарафи дигар, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон тақозо менамояд, ки мо бояд мақоми илмро баланд бардошта, ҷаҳонбинии илмиро ташаккул диҳем. Танҳо дар ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии фарҳангию таърихӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсон метавонад ба ваҳдати миллӣ расида, сулҳу субот ва дӯстиро дар ҷомеа таъмин намояд.
Яке аз мушкилоти асосии ҷавонони имрӯза паст шудани ахлоқи онҳо, ба инобат нагирифтани дастовардҳо ва кашфиётҳои илмию назариявӣ дар муносибат ба илм ва донишмандон мебошад. Мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва корхонаю ташкилотҳо метавонанд шоҳиди асосии ин талафот ва аз байн рафтани олимони насли ҷавон бошад.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки солҳои охир гаравидани ҷавонон ба илм ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаҳои илмӣ ва олӣ кам ва суст гардидаастю. Нафароне, ки имрӯз илми тоҷикро муаррифӣ менамоянд, синну солашон ба ҷое расидаанд. Чунин ҳолат масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ ва майли кам доштани ҷавонон ба илмро нишон медиҳад. Чунин раванд масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ ва хавфи аз байн рафтани насли миёнаи олимонро дар ҷумҳурӣ ба миён овардааст.
Пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз илм вобастагӣ дорад. Мутобиқи маълумоти оморӣ 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Лекин имрӯз ҷавонон хеле кам ба корҳои илмӣ машғул шуда истодаанд. Бинобар ин дар нигоҳдории иқтидори илмии мамлакат ва аз байн бурдани пиршавии олимон ҷавонон нақш мебозанд. Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми садаи гузашта аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ як давраи мушкил ва карахтӣ нисбати илм дида мешуд. Имрӯз бошад, бо дастгирии ҳукумати кишвар маблағгузорӣ барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҳисоби буҷети давлат сол то сол зиёд шуда истодааст.
Агар солҳои 2000-ум маблағгузорӣ барои соҳаи илм 1 млн. 155 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2014 ин нишондиҳанда ба 38 млн. сомонӣ расонида шуд. Аз ин хотир, барои он ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд ҷавонон ба илм рӯй биоранд ва ҷойи олимоне, ки синну солашон ба ҷойи муайяне расидаанд, пурра намуда, неруи илмии мамлакатро ғанӣ гардонанд. Самараи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз дар ДДМИТ, ки худ зодаи замони истиқлолият аст, зиёда аз 25 нафар устодони ҷавони унвондор кору фаъолият мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз мушкилиҳои асосии олимони ҷавон набудани шӯроҳои диссертатсионӣ ва монеаҳои зиёди бюрократии онҳо аст. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат баҳри бартараф кардани ин мушкилӣ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар назди КОА-и Тоҷикистон то ҳолати майи соли 2017 аллакай 5 шӯрои дифоъ дар риштаҳои ҳуқуқшиносӣ, забонҳои хориҷӣ, иқтисодиёт, физика ва химия таъсис ёфтаанд. Таъсис ёфтани ин шӯроҳо агар, аз як тараф, шумораи олимони ҷавонро зиёд кунад, аз тарафи дигар, ба чоп шудани маводҳои илмӣ дар риштаҳое, ки солҳои пешин маводи илмӣ тамоман набуд, мусоидат хоҳад кард. Умедворем, ки бо таъсисёбии КОА шумораи олимони ҷавони ДДМИТ ва умуман, Ватани маҳбубамон на ин ки ба фоиз, балки ба маротиб зиёд хоҳад шуд.
Дар зеҳни миллати тоҷик илмдӯстӣ аз азал вуҷуд дошт ва ҷавонони имрӯза онро чун пештара аз нав эҳё намуда, илми тоҷикро яке аз парчамбардорони илми муосири ҷаҳонӣ мегардонанд. Зеро ҷаҳониён саҳми олимони машҳури тоҷик ба мисли Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ саҳми беназире гузоштаанд, хуб медонанд. Муҳимаш он аст, ки ҷавонони имрӯза бо илми муосири худ барои зиндагии осудаю хушҳолонаи оянда заминаи устувор, азму иродаи созандагӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиштагиро ба вуҷуд оварданд.
Амрулло Нурализода, муовини ректор оид ба таълим