Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Роғун кафили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти давлат ҷиҳати ноилгардӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ҳадафҳои стратегии худро муайян намуд, ки яке аз ҳадафҳои марказӣ ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо маблағгузории 41 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта ба истифода дода шудааст, ки нақши назаррасро дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гузошта истодаанд. Дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Аз ҷумла, то имрӯз дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1, нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 мегаватт, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», марҳилаи аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, зиёда аз 310 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт ба анҷом расида аст. 


Рӯйдоди муҳим дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он санаи 16-ноябри соли ҷорӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида мешавад, ки нақши муҳимро дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорад. 


Бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» орзуи чандинсолаи мардуми бошарафи Тоҷикистони азиз мебошад, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал мепӯшад. Бешубҳа, бунёди пурраи неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мо имконият медиҳад, ки истиқлолияти энергетикиро дар кишвар таъмин намуда, бунёди корхонаҳои азими саноативу истеҳсолиро ба роҳ монем, ки дар ин замина имконияти ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд. Неругоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими аср Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Инчунин бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар (таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъати шуғли пурмаҳсул) нақши назаррас дошта, бо бунёди он имконият фароҳам оварда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги минтақавиро, ба монанди CASA-1000 амалӣ намуда, ба давлати содиркунандаи бузурги неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақаи Осиёи Маркаӣ ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёбад. 


Даврон Хоҷаев, сардори раёсати илм ва инноватсия