Мақолаҳо
Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлатдории муосири тоҷик
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми шарафманди кишвар аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба хотири қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа, чи хурду чи бузург ва чи тавоною чи заиф ниёз ба роҳбари хирадманду оқил, доною тавоно дорад. Ҳамчунин дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия меёбанд, кишваре, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор ва пойдор мемонад.
Таърих гувоҳ аст, ки оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ фаро гирифта, озмоишҳои азим вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ, муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ, набудани волоияти қонун ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёти кишвар зарари калон расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин давра рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфта, вазъи зиндагиро мураккаб сохт.
Бояд гуфт, ки нақши шахсият муҳимтарин нукта дар мавҷуд будани худи шахсият аст, ки дорои чунин сифатҳои дар боло зикршуда мебошад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки кишварҳое дар даврони мушкилоташон ё ҷангу кашмакашиҳо бо надоштани роҳбари доною шуҷоъ раҳгумзадаанд, то кунун дар гирдоби ҷанганд ё тамоман ба нобудӣ расидаанд.
Аз ин нуқтаи назар, дар печидатарину ҳассостарин лаҳзае аз таърихи давлатдории тоҷик ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти хоссест. Зеро бо шарофати хиради азалӣ, бебокии сиёсӣ, иродаи матин, вижагиҳои ахлоқӣ ва истеъдоди фардии ӯ Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ расидан раҳо гашт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид. Дар тӯли 27 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт.
Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки бо пешниҳодҳои ҷолиб ва таҷрибаи кории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳмгузор аст. Аз ҷумла иқдоми дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби обӣ ва қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин омӯзиши сулҳу ваҳдати тоҷикон ва истифодаи ин таҷриба дар кишварҳои ҷангзада ва пешниҳоду ҳушдории ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҳамчун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди миллӣ барои то соли 2020 қабул гардид. Татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш ёбад. Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба муътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд. Амалигардонии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзоиш ёбад.
Имсол таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодашавии чархи аввали НБО Роғун рост омада, яке аз ҳадафҳои стратегияи давлатӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ амалӣ хоҳад шуд. Ҳиммати волои Пешвои миллат ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик буд, ки ин лоиҳа ба ҳақиқат табдил ёфта, Тоҷикистон ба маъвои нур мубаддал гардидааст. Бо бунёди ин неругоҳи пуриқтидор мо ба ҷаҳониён пайғоме аз нуру равшанӣ дода, ҳамватанони худро ба раҳоӣ аз асорати торикию бебарқӣ башорат медиҳем ва ҳамсоягони худро мутмаин месозем, ки дар ояндаи наздик мо минтақаро бо неруи барқи сабзи арзон таъмин мекунем.
Таҷлили ин ҷашн ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад, чунки сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои дурахшони давлату миллат менамояд.
Шукрулло Хайрзода, ректори ДДМИТ