Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Роғун бунёди пешрафти рушди иқтисодист!

Неругоҳи барқи обии Роғун яке аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки истиқлоли Ватан боз ҷилваи нав гирифт, яъне дар даврони истиқлолият мо бо чунин дастовардҳои бузург ноил гаштем. 
Лоиҳаи Роғун яке аз лоиҳаҳои бузурги стратегии давлатӣ буда, он дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гаштааст. Азбаски Тоҷикистон муаррификунандаи даҳсолаи «Амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, худ нишон дода истодааст, ки обро чӣ гуна самаранок бояд истифода бурд. 
Оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҳанӯз солҳои 1976-уми даврони шӯравӣ оғоз ёфта буд, аммо бо сабабҳои гуногун ин иншоот аз фаъолият бозмонд. Оғози дуюмбораи ин лоиҳаи бузург аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд, ки дар ҳақиқат, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва дар баробари ин, таъкиди пайвастаи ин шахсият буд, ки мо тавонистем ин неругоҳро ба кор андозем. 
Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун дар Осиёи Марказӣ калонтарин ба ҳисоб меравад. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 мВт баробар буда, он аз 6 агрегати дорои 600 мВт ва баландии сарбандаш 335 метр муайян шудааст. Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат неруи барқ истеҳсол намояд. 
Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Россия шартномае имзо гардид, вале он амалӣ нашуд. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин неругоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад, ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд. сомонӣ расонида шуд. 
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати аввали барқии НБО Роғун, ки бо арзиши 3,9 млрд. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд. “Дар охири соли 2018 дар назар аст, ки се агрегати НБО Роғун ба истифода дода шаванд”,- менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ - СА-NEWS. 
Санаи 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин шуда, аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал мачрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид. 
Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, кӯҳ ба кӯҳ намерасад, вале одам ба одам мерасад. Аммо мардуми тоҷик бо матонату қавииродагии хеш тавонист, ки кӯҳро ба кӯҳ расонад ва ба ин васила нурру зиёро дар кишвари худ фаровон гардонад. 


Зулфиқор Зиёев, ассистенти кафедраи молия, 
Мунавара Эшмаҳмадова, магистранти курси якуми ихтисоси кори бонкӣ